Сиёсат

Рафсанҷонӣ дар бораи Фаластин, “Исроил”, ДОЪИШ ва Ихвонул-муслимин

Ахиран, Акбари Ҳошими Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури асбақи Эрон ва раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ин кишвар, дар дидор бо ҳайъати таҳрияи фаслномаи “Мутолеоти байналмилалӣ” (чопи Эрон), матолибе дар бораи “Исроил”, Фаластин, ДОЪИШ, Ихвонул-муслимин ва ғайра гуфтааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти ин матолиб, бар он шудам, то бахше аз онро пешкаши хонандаҳои ин сомона бикунам.

Инак, бахше аз ин суханон, ки дар шумораи баҳори 1394 (2015)-и ин фаслнома мунташир шудааст:

Урупоиҳо шарри яҳудро аз сари худашон кӯтоҳ карданд

Масъалаи Фаластин ба тамоми маъно як тарҳи истеъморӣ аст, ки дар торихи муосир пайдо шудааст. Ғарбиҳо ҷаҳони Исломро ба теъдоди зиёде кишвар табдил карданд. Албатта дар замони ҳозир теъдоди зиёди кишвар, худаш мазияте дар маҷомеи байналмилалӣ аст. Вале онҳо бо ин ҳадаф ин корро накарда буданд ва баъдан ин гуна шуд.

Онҳо лозим доштанд, ки як ҷои расмӣ дошта бошанд, то ҳузури ҳамаҷонибаи ғайримустақим дар дунёи Ислом дошта бошанд ва хеле шайтанатомез ва бо чанд ҳадаф ба як кишвари яҳудӣ расиданд. Аввал ин ки, яҳудиҳо ҷамъе ҷиддӣ дар Урупо буданд. Чун пул, минбар, рӯзнома ва ҳама чиз доштанд. Навъан ҳам, пулҷамъкун ва дар ин кор мутахассис ҳастанд. Бинобар ин, урупоиҳо шарри инҳоро аз сари худашон кӯтоҳ карданд ва дар домани мо мусалмонҳо андохтанд ва ба ду сурат ҳам инҳоро берун карданд.

Яке ин ки, шарри яҳудиро аз сари худашон кӯтоҳ карданд, ва дуввум ин ки яҳудиро мӯҳтоҷи худашон карданд. Яъне алъон “Исроил” ба ҳимояти ғарбиҳо ниёз дорад. Кишвари мустақилле аст, ки агар урупоиҳо ҳимояташонро бардоранд, “Исроил” боқӣ намемонад. Ин тарроҳӣ хеле риндона анҷом шуд. Он мавқеъ кори бештарро англисиҳо карданд. Дар замони шоҳ иттилооте дар Эрон набуд ва ман ба хотири ин, ки мехостам дар нашрияи “Мактаби Ислом” мақола бинависам, аввалин бор китобе ба номи “Алқазиятул-фаластиния” (Қазияи фаластинӣ), ки аз Акрам Заъийтир буд хондам. Торихи ташкили давлати “Исроил”-ро, ки хондам, ҳақиқатан сар то пойи ман ларзид ва борҳо ва борҳо гиря кардам. Дар ҳоли тарҷумаи китоб будам, ки борҳо китобро замин мегузоштам ва дар боғча роҳ мерафтам, барои ин ки худамро ором кунам.

Фаҳмидам, ки чӣ қадр риндона доранд масоилро пеш мебаранд ва мусалмонҳо ҳам ё аслан намефаҳманд ва ё намехоҳанд коре кунанд. Албатта давлатҳои он замон ҳам вобаста буданд ва ҳукуматҳо ба майли арбобҳо рафтор мекарданд ва ҳатто гоҳе ҳам, ки маҷбур мешуданд бо фишори мардум силоҳ бидиҳанд, аммо гулӯлаеро, ки медоданд, бо калибри силоҳ намехӯрд. Вақте ҳам, ки ба майдон мебурданд, медиданд ин гулӯла барои ин силоҳ нест. Ҳадафашон ин буд, ки мусалмонҳо натавонанд коре кунанд. Аҷиб зулм карданд, то ин давлатро мустақар карданд ва қатъан ҳам бар асоси теруризм амал мекарданд.

ДОЪИШ ҳамон корҳои “Исроил”-ро мекунад

Яъне гурӯҳи‌ террористии ҲОГОНО, ки ҳанӯз ҳам мардони аслии қудрат ҳастанд, бадтарин корҳоро мекарданд, ки алъон ДОЪИШ мекунад. Ҷиноятҳои ДОЪИШ намунае аз корҳои онҳост ва ин гуна амал мекарданд, то мардум фирор кунанд. Мебинед, ба ҳар ҷо ки ДОЪИШ по мегузорад, мардум аз тарс фирор мекунанд. Ин дуруст сиёсати саҳюнистҳо буд. Кофӣ буд, ки мардуми чанд русторо ҷамъ ва қатли омм кунанд ва ё занҳоро лухт рӯи трелиҳои рӯбоз дар шаҳрҳо бигардонанд. Ин корҳо боис мешуд, ки мардум фирор кунанд. Ва фирор ҳам карданд. То ба ҳол ҳам бо ҳамин сабк идома доданд, ки гоҳе ишғол ва тавсиъа ва гоҳе ин корҳо буд.

Баҳори арабӣ ба зарари Ҳамос ва Ихвонул-муслимин шуд

Шумо алъон як баҳси ҷиддиро матраҳ кардед ва ман ҳам алоқа доштам, ки ҷое ин ҳарфро бештар бизанам ва алъон бо шумо мезанам. Як роҳ, муқовимати мусаллаҳона аст. Ҳақиқатан онҳо кор карданд ва масъалаи Фаластинро зинда нигаҳ доштанд ва ҳанӯз ҳам идома медиҳанд. Коре, ки Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Ғазза карданд, дар майдони ҷанг “Исроил”-ро водор ба ақибнишинӣ карданд. Корашон муҳим аст. Аммо мутаассифона дигарон ин роҳро намеписанданд ва метарсанд ва намехоҳанд инро ба унвони як роҳи ҳалл қабул кунанд. Бинобар ин, алъон Ҳамос мунзавӣ аст. Албатта омили дигаре ҳам пайдо шуд, ки Ҳамос мунзавӣ шуд. Ва он дар баҳори араб буд, ки бештари ин ҳаракатҳо, ки шурӯъ шуд, аз тарафи Ихвонул-муслимин буд. Дар Туркия ва хеле аз ҷоҳои дигар ҳам Ихвонул-муслимин ҳастанд. Бинобар ин, барои Ҳамос, ки аз Ихвонул-муслимин аст, мушкил пайдо шуд. Ба ин далел, дар кишварҳои арабӣ мунзавӣ шуд. Вале нерӯҳои хубе ҳастанд ва “Исроил” ҳам ҳисобӣ аз онҳо метарсад. Мунтаҳо, кучак ҳастанд ва заминашон кам аст ва дар муҳосира ҳастанд ва дасташон ба ҳамаи дунё намерасад ва расонаи дурусте надоранд. Алъон расонаҳои бузурги арабӣ хеле барои онҳо кор намекунанд.

Як шеваи дигарро оқои Маҳмуд Аббос шурӯъ кардааст. Ба назарам, ин кор то ҳудуде хости ғарбиҳо ҳам бошад. Яъне мардуми Фаластин даст аз роҳи муқовимат бардоранд ва аз роҳҳои мусолиматомез, ҳаддиақал ба он чӣ, ки ба унвони як кишвари мустақил дар он бахш аз Фаластин мехоҳанд, бирасанд.

“Исроил” як ҷисми хориҷӣ дар бадани як инсон аст, ки билохира бояд берун биравад

Агар лоақал бахши зиёде аз ҷаҳони Ислом дар майдон буданд, роҳи ҳақиқӣ ва дуруст ин буд, ки аз онҳо (фаластиниҳо) ҳимоят шавад… Албатта дар охир бояд ин иттифоқ биуфтад ва худи исроилиҳо ҳам бояд бидонанд, ки алъон мисли як ҷисми хориҷӣ дар бадани як инсон ҳастанд, ки билохира рӯзе бояд берун биравад… Аммо коре, ки (шумо бояд) анҷом бидиҳед ва ин масъаларо зинда нигаҳ доред ва афкори умумиро бо баҳсҳои қонеъкунанда, мантиқӣ, қонунӣ ва бо ҳамин қавонини мавҷуди байналмилал, ки зоҳирашро онҳо қабул доранд, ҳидоят кунед, хидмат аст ва ман умедворам кори бузурге аз шумо дар торих бимонад.

1 ответ »

  1. Рафсанҷонӣ бе ибо дар хусуси баҳори арабӣ сухан мекунад, ҳол он ки маҳз Ирону шоҳигариҳои араб нахостанд, ҳукумати ихвониҳо қавӣ шавад. Зеро дар қатори туркия ба онҳо рақиби сахт мешуд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.