Агар имрӯз касе мисли Иқбол дар миёни мо мебуд, чӣ мегуфт ва чӣ мекард?

Оё боре шудааст, дар бораи ин матлаб биандешем, ки агар имрӯз Сайид Ҷамол ё Иқбол ё Шариатӣ ё касе мисли Аҳмади Дониши худамон ва ё ҳар эҳёгар ва ислоҳгари исломии дигар, ки мешиносем, дар миёни мо мебуд, муҳимтарин дағдағаи фикрии ӯро чӣ чиз ташкил медод?

Мавзӯъро каме бозтар бикунам. Ислоҳгарони исломӣ, ки мешиносем, ҳар як дар замони худ дағдағаҳое бар сар доштанд. Ин дағдағаҳо дар воқеъ ношӣ аз мушкилот ва муъзалоте буданд, ки дар замони онҳо гиребонгири уммати исломӣ будааст ва онҳо дар пайи ҳалли ҳамон мушкилот буданд. Масалан, умдаи дағдағаҳои фикрии Сайид Ҷамол ин буд, ки коре бикунад, то уммати исломӣ аз нав он маҷд ва он азаматеро, ки дошт ва бо фурӯпошии давлати Усмонӣ (охирин хилофати исломӣ) аз дасташ рафта буд, ба даст биёварад. Аз ҳамин рӯ, Сайид Ҷамол дар ибтидои кор тамоми саъяшро бар ин равона кард, ки бо дидорҳо ва аз тариқи мукотибот бо сарони кишварҳои исломӣ, мехост онҳоро бедор ва ҳушёр бисозад. Ва албатта дар охирҳои кораш кӯшиш кард, бештар бо тӯдаи мардум кор бикунад ва ба ҷои саъй барои бедор кардани сарони кишварҳо, мардумро бедор кунад.

Ҳоло, чаро дағдағаи фикрии Сайид Ҷамолро ҳамин чиз ташкил дода буд? Посух ин ки бузургтарин муъзал ва мушкили уммати исломӣ дар замони вай, хорӣ ва зиллати уммат ва таҳти истеъмор қарор доштани кишварҳои исломӣ буд. Сайид Ҷамол дар пайи решаёбии асбоби ин вазъияти асафбори уммат ва кишварҳои исломӣ ва ёфтани роҳи ҳалл барои хуруҷ аз ин вазъ буд. Агар шумо ба осор ва навиштаҳои соири ислоҳгароёни исломӣ мисли Иқбол ё Шариатӣ ё ҳар касе дигар низ муроҷеа бикунед, мебинед, ҳар як аз онҳо даргири ҳаллу фасли масоил ва мушкилоте будааст, ки дар замони худаш уммати исломӣ гирифтори онҳо буд.

Ҳол, суол ин аст, ки имрӯз бузургтарин мушкили ҷаҳони Ислом ва мусалмонон чӣ чиз аст, ки агар бар фарз як нафар ислоҳгар дар ҳадди Сайид Ҷамол ва ё Иқбол дар байнамон пайдо бишавад, тамоми ҳамму ғаммаш ва дағдағааш ҳаллу фасли ин мушкил бошад.

Фикр накунам касе дар ин воқеияти талх тардид дошта бошад, ки имрӯз бузургтарин мушкили ҷаҳони Ислом дудастагиҳо ва чанддастагиҳое аст, ки миёни фарзандони уммати воҳидаи исломӣ эҷод шудааст. Дудастагиҳое, ки онҳоро дар ду қутби комилан мухолиф қарор додааст ва душмани якдигар гардидаанд ва дар мавориде, доранд якдигарро мекушанд. Ин дудастагӣ, на танҳо миёни кишварҳо эҷод шуда, балки миёни худи мардуми мусалмон низ дида мешавад. Дудастагиҳое аз қабили шиъа ва суннӣ, ҳизби ва ғайриҳизбӣ, сӯфӣ ва салафӣ, ифротӣ ва мӯътадил ва ғайра…

Имрӯз хабаре дар шабакаи ARD-и Олмон хондам, ки шуниданаш барои ҳар мусалмоне дарднок аст. Дар ин гузориш омада, ки вазири хориҷаи Олмон гуфтааст: “Берлин байни Эрон ва Арабистон миёнҷигарӣ хоҳад кард, то ба як роҳкори сиёсӣ барои поён додан ба муноқишаи Яман даст ёбад.” Дарднок аз ин назар, ки душманӣ ва адоват миёни ин ду кишвари мусалмон ба ҷое расида, ки дигар имкони рӯ дар рӯ нишастани онҳо ва бидуни миёнҷигарии тарафи севвум, куллан аз байн рафтааст. Тоза, дардноктар ин ки кишваре байни ин ду кишвари исломӣ ба миёнҷигарӣ бархоста, ки рӯшан аст чӣ миёнае бо Ислом ва мусалмонон дорад?! Дуруст аст, ки байни Эрон ва Арабистон имрӯз шикофи амиқе эҷод шудааст, вале ин ки кор ба ҷое бирасад, ки Олмон миёни онҳо висотат бикунад, ин дигар охири хатт аст. Асосан, кишварҳои ғарбӣ ва ба хусус Омрико, аз шикофи эҷодшуда миёни кишварҳои исломӣ на танҳо хурсанд ҳастанд, балки саъй дар бештар ва амиқтар шудани ин шикоф мекунанд. Онҳо бадашон намеояд, фардо байни Эрон ва Арабистон як ҷанги тамомаёр ба вуқӯъ бипайвандад. Зеро онҳо на ба Эрони шиъӣ дилашон месӯзад ва на ба Арабистони суннӣ. Аз Худошон аст, ки ин ду кишвар ба ҷони ҳам биуфтанд ва ҳар ду заъиф ва нотавон бишаванд. Инки мебинем, Омрико имрӯз дар қазияи Яман ҳанӯз мавзеъи рӯшане иттихоз накардааст ва гоҳ аз ҳамлаи аҳмақонаи Саудӣ ба Яман ҷонибдорӣ мекунад ва гоҳ аз он интиқод, бад-ин сабаб аст, ки мехоҳад, шӯълаи ин ҷанги бемаънӣ ба ҷоҳои дигар ҳам бирасад. Омрико мунтазири вуқӯъи як ҷанги тамомаёр байни Эрон ва Арабистон аст. Ҷанг, ки даргирифт, бозори аслиҳаи Омрико ва ғарбиҳо низ доғ хоҳад шуд. Яъне шиками онҳо аз ҳисоби хуни мусалмонҳо сер хоҳад шуд.

Чунон ки дар боло арз шуд, ин дудастагӣ ва чанддастагӣ имрӯз на танҳо байни кишварҳои исломӣ, балки байни тӯдаи мусалмон низ дида мешавад. Ҳамин ду се рӯз пеш матлабе аз як нафар тоҷики худамон — ки зоҳиран аҳли илм ҳам аст — дар яке аз гурӯҳҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хондам, ки воқеан асафангез аст. Ӯ, дар ҳошияи матлабе дар бораи ДОЪИШ ва ин ки ин гурӯҳ сохта ва пардохтаи душманони Ислом аст, навишта:

Агарчи назари муаллиф нисбати ташкилдиҳандагони ДИ (ДОЪИШ) ҳамонанди нигоштаҳои собиқи ТИ мебошад, вале ба хилофи маншуроти ТИ ин мақола нисбати ҷангиёни ДИ некназарона навишта шудааст. Хулосаи мақола дар муқаддимаи он баён шудааст: «Аллоҳ макри душманони инсониятро ба зарари худи онҳо равона хоҳад сохт»… Иншоаллоҳ! Ин Давлати Исломиро, ки бузургтарин қувваи аскарӣ-ҷиҳодии суннӣ дар тӯли як қарн буда, таҳдиди он ба Омрикову Ғарб аз таҳдиди СССР камтар нест, Худованд ин қувваро зидди шиъаву куффор қарор диҳад!

Он чӣ дар навиштаи ин оқо шигифтангез аст ин тикка аст: “Худованд ин қувваро зидди шиъаву куффор қарор диҳад!” Душманӣ ва адовати ин оқо бо шиъаён – ки ба тасреҳи худи уламои салафимаслаке мисли Ибни Таймия, шиъаён мусалмон ҳастанд – ба ҷое расида, ки дигар аз Худо мехоҳад, “қувваи ДОЪИШ”-ро алайҳи шиъа қарор бидиҳад! Ин яъне ин ки ДОЪИШ вориди як ҷанги тамомаёр бо шиъаён бишавад (бе ин ҳам имрӯз танҳо коре, ки ин гурӯҳи теруристӣ анҷом медиҳад, ин шиъакушӣ аст). Оё ин оқо аз худ намепурсад, ки агар ин ҳодиса воқеъ бишавад, шиъаён ҳам, ки дастбаста наменишинанд, онҳо ҳам барои дифоъ аз ҷони худ даст ба кор мешаванд. Хуб, натиҷа чӣ хоҳад шуд? Рӯшан аст, ки натиҷааш ба ҷони ҳам афтодани мусалмонҳо дар ҷанге аст, ки асосан бемаънӣ ва пирӯзу шикастхӯрда ҳам нахоҳад дошт. Оё ДОЪИШ ва ё ҳар заҳри мори дигаре, хоҳад тавонист шиъаро аз беху бун аз байн бибарад?

Ба ҳар ҳол, бузургтарин мушкили ҷаҳони Ислом ва мусалмонҳо дар имрӯз бе тардид ҳамин дудастагиҳо ва душманиҳост. Ҳол, оё ин мушкил қобили ҳал аст? Посух мусбат аст. Бале, ин мушкил қобили бартараф шудан аст. Аммо чӣ гуна? Роқими сутур дар чанд баҳс матолиберо матраҳ ва мавриди баррасӣ қарор хоҳам дод, ки мӯътақидам, агар дар онҳо нек таъаммул бишавад, метавонад ба унвони калиди ҳалли ин мушкилот қарор бигирад.

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Салафият, Такфир

Метки: , , , , , ,

2 replies

Trackbacks

  1. Шиъа ва суннӣ (1) | Сайидюнуси Истаравшанӣ
  2. Шиъа ва суннӣ (1) | Кимиёи саодат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: