Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (23) – Шамс ва Мавлоно

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (11)

* * *

Чун ҳадиси рӯйи Шамсуддин расид,

Шамси чорум осмон сар даркашид.

Ҳар гоҳ аз рӯйи Шамсуддини Табрезӣ сухан ба миён ояд, хуршеди осмон аз партав ва ҷамоли он шармгин мешавад ва рӯи худро ниҳон месозад. Шамси чорум ҳамин офтоб аст, ки кураи хокии мо ҷузъе аз манзумаи он маҳсуб меояд. Дар тақсимоти ҳайъати қадим онро дар осмони чаҳорум қарор додаанд.

Нукта: Дар ин ҷо лафзи шамс (офтоб) Мавлоноро ба ёди маҳбубаш Шамсуддини Табрезӣ андохтааст. Ба ҳамин муносибат, лозим дидам ба тафсил дар бораи Шамсуддини Табрезӣ ва шайдоии Мавлоно ба ӯ, бо истинод ба китоби “Валаднома” ва низ таҳқиқоти Мавлонопажӯҳон, бинависам.

Шамси Табрезӣ ва Мавлоно

Мавлоно дар остонаи 40-солагӣ марде ба тамоми маънӣ ориф ва донишманд ва ҷомеи улуми мухталифи даврони худ буд ва муридон ва оммаи мардум чун парвона бар гирди шамъи вуҷуди ӯ мечархиданд. То он ки қаландаре гумном ва жандапӯш ба номи Шамсуддини Табрезӣ (Шамсуддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ) ба Қуния омад ва бо Мавлоно бархӯрд кард ва офтоби дидораш қалбу руҳи ӯро бигудохт ва яксара шайдояш кард; то бад-он ҷо, ки Мавлоно ҳоли худро чунин васф мекунад:

Зоҳид будам, таронагӯям кардӣ,

Сарҳалқаи базму бодаҷӯям кардӣ.

Саҷҷоданишини бовиқоре будам,

Бозичаи кӯдакони кӯям кардӣ.

Пайвастани Шамс ба Мавлоно, ки дар ҳудуди соли 642 ҳ.қ иттифоқ афтод, чунон ӯро шайдо кард, ки дарсу баҳсу ваъзро ба як сӯ ниҳод ва ба шеъру таронаву даффу самоъ пардохт. Ва аз он замон, табъи зариф ва завқи салими ӯ дар шеъру шоирӣ шукуфо шуд ва ба саройиши ашъори пуршӯри ирфонӣ пардохт.

Хизираш буд Шамси Табрезӣ

Он ки бо ӯ агар даромезӣ

Ҳеч касро ба як ҷаве нахарӣ

Пардаҳои каломро бидарӣ

Шамс ба Мавлоно чӣ гуфт ва чӣ омӯхт ва чӣ фасонаву фусуне сохт, ки саропо дигаргунаш кард, худ муаммое аст, ки “кас нагушуду нагушояд ба ҳикмат ин муамморо”.

Ҳасодати муридон ва реҳлати Шамс аз Қуния

Рафта-рафта оташи ҳасодати муридони хомтабъ аз зери хокистар забона кашид ва худ нишон дод. Онҳо медиданд, ки Мавлоно, ин орифи комил ва муфтии фозил, худ муриди жандапӯше гумном гашта ва ба қадре дар вуҷуди ӯ мустағриқ шуда, ки ҳеч илтифоте ба онон намекунад. Ин амр оташи ҳасодати ононро пурлаҳиб кард ва фитнаҷӯӣ оғоз карданд ва дар аёну ниҳон ба Шамс носазо мегуфтанд ва соҳиру ҷодугараш мехонданд ва худро аз ӯ болотар ва бартар медиданд. Аз ин рӯ, аз илтифоти Мавлоно ба Шамс ва бе эътиноии ӯ ба эшон гила мекарданд.

Дар шаноъат даромаданд ҳама

Он муридони бехабар чу рама

Гуфта бо ҳам, ки шайхи мо зи чӣ рӯ

Пушт бар мо кунад зи баҳри чу ӯ?

Мо ҳама номдор зи аслу насаб

Аз сиғар дар салоҳу толиби Раб

Шабу рӯз анҷумани хармуридон бад-ин гуфтугӯҳо гарм буд ва ҳамагӣ ба хуни Шамсуддин ташна буданд.

Шамс аз гуфтору рафтори зишти муридони қишрӣ ва худбин ранҷида ва бетоб шуд ва чорае ҷуз кӯч надид. Аз ин рӯ, дар рӯзи панҷшанбеи 21 шавволи соли 643 ҳ.қ. Қуния ва қунавиёнро тарк гуфт ва ба самти Димишқ шитофт.

Шамс дар ҳиҷоби ғайбат фурӯ шуд ва Мавлоно низ дар оташи ҳиҷрони ӯ беқарор ва ноором. З-он пас дигар ба касе илтифот намекард ва пайваста дар худ буд. Муридони хомтабъ диданд, ки рафтани Шамс низ Мавлоноро мутаваҷҷеҳи онон насохт, балки бар инзиво ва халват ва бехушии ӯ афзуд. Аз ин рӯ, назди ӯ омаданд ва узрҳо оварданд ва пӯзишҳо хостанд ва аз кирдору рафтори зишт ва палишти худ изҳори тавба карданд.

Пеши шайх омаданд лобакунон,

Ки бибахшо, макун дигар ҳиҷрон.

Тавбаи мо бикун зи лутф қабул,

Гарчӣ кардем ҷурмҳо зи фузул.

Мавлоно фарзанди шоиста ва халафи худ Султон Валадро ҳамроҳ бо ҷамъе аз ёрон ба Димишқ фиристод, то он дилбари ҷонон ва маҳбуби гурезпоро ба Қуния бозгардонанд ва пайғомҳое ҷонсӯз ва пуршӯр барои ӯ фиристод, аз он ҷумла: “Эй офтоби ҷаҳонтоб! Партави иноят аз ин сармозадагони фироқ бозмагир ва ба нури худ диёри дилсӯхтагонро равшанӣ бибахшой.”

Султон Валад бедиранг ба фармони падар ҳамроҳ бо ҷамъе аз ёрон сафар оғозиданд ва беамон даштҳову биёбонҳоро дар сармову гармо мепаймуданд ва шаҳрҳову ободиҳоро пушти сар мениҳоданд ва чунон масти ҷамоли Шамс буданд, ки ранҷу таъаби ин сафари дароз чун шаҳду асал ширин меомад.

Бетаъаб медавид дар саҳро,

Кам зи каҳ мешумурд ҳар кӯҳро.

Ҳори он раҳ бар ӯ чу гулшан буд,

Буд аз ҳар забон ҳазорон суд.

Нори гармову сахтии сармо,

Менумудаш чу қанду чун хурмо.

Саранҷом, пайки Мавлоно ба матлуб расид ва он валиии муршид ва офтоби ҷаҳонтоби ҳақиқат ва иршод аз сари меҳр азми бозгашт ба Қуния намуд.

Султон Валад ба шукронаи ин мавҳибати бузург як моҳ дар рикоби Шамс раҳ супурд, то он ки ба Қуния даромаданд ва партави ин офтоб бар қунавиён тобидан гирифт ва сармои он диёрро бо гармои худ зудуд ва Мавлоно аз гирдоби ғаму андӯҳ ва оҳи фироқ раҳо ва дубора бӯстони дилаш аз насими ҷонбахши ин боди сабо шукуфтан оғозид ва муридони густох низ узрҳо оварданд ва пӯзишҳо хостанд.

Ғуруби доими Шамс

Муддате кор бад-ин минвол сипарӣ шуд, то он ки дубора оташи ҳасодати муридони хушксар ва хомтабъ тез шуд ва бар хирмани дилу динашон шарар зад. Пас тавба шикастанд ва паймон гусастанд ва узрҳои пешин бар тоқи фаромӯшӣ ниҳоданд ва силсилаи хусумат ва бадхоҳӣ ҷунбонданд ва озору азияти Шамсро аз сар гирифтанд.

Шамс аз рафтору кирдори нобихрадонаи ин муридони худбин ранҷа шуд ва ба Султон Валад гуфт: дидӣ, ки инон боз ақлу хиради худро ба занҷири нафсу ҳаво даркашида ва ғавғо оғозиданд. Инҳо чунин хоҳанд, ки миёни ман ва Мавлоно ҷудоӣ афкананд. Вале ин бор чунон хоҳам рафтан, ки ҳеч кас надонад ман куҷоям. Ва чун ин сафар ба дарозо кашад, ҳама гӯянд, ки ӯ ҷон супурда ва ё мақтул гаштааст.

Хоҳам ин бор ончунон рафтан,

Ки надонад касе куҷоям ман.

Ҳама гарданд дар талаб оҷиз,

Надиҳад кас нишон зи ман ҳаргиз.

Чун бимонам дароз, гӯянд ин:

Ки ӯро душмане бикушт яқин.

Ва ӯ чанд бор ин суханонро такрор кард ва саранҷом бехабар аз Қуния рафт ва нопадид шуд ва маълум нашуд, ки бар сари ӯ чӣ омад ва чӣ шуд.

Ҳеч аз вай касе надод хабар,

Не ба кас бӯ расид аз ӯ, на асар.

Бад-ин сон торихи сафар ва чигунагии он бар касе маълум нагашт.

Мавлоно дар фироқи Шамс беқарор ва ноором шуд ва якбора дил аз даст бидод ва шӯридагӣ оғозид ва рӯзу шаб ба самоъу рақсу тарона пардохт.

Рӯзу шаб дар самоъ рақсон шуд,

Бар замин ҳамчу чарх гардон шуд.

Ҳоли зору ошуфтаи ӯ дар шаҳр бар сари забонҳо афтод. Ҳамаи мардум бо ҳайрат ва шигифтӣ аз худ мепурсиданд: шигифто, ки чунин муфтӣ ва қутбе, ки худ марҷаи суолот ва ниёзҳои омма аст ва умури ононро ба ҳукму фатво таъйин мекунад, чӣ сон ошиқ ва шайдои он жандапӯши гумном шудааст?!

Ғулғула уфтод андар шаҳр,

Шаҳри чӣ? Балки дар замонаву даҳр,

К-инчунин қутбу муфтии Ислом,

К-ӯст андар ду кавн шайху имом.

Ҳайфо, ки шайхи мо ба каманди ин дарвеши беному нишон фурӯ афтодааст!

Ин шайдоӣ ва ошуфтасарӣ бад-он ҷо расид, ки тобу қарор аз ӯ даррабуд ва дигар Қунияро ҷои диранг надид. Пас ногаҳон сафарро соз кард ва Қунияро ба сӯи Шом тарк гуфт ва ҷамъи анбӯҳе аз омму хосс ва муридони расида ва норасида дар пайи ӯ равон шуданд.

Кард оҳангу рафт ҷониби Шом,

Дар паяш шуд равона пухтаву хом.

Вақте ки ин офтоби ҷаҳонтоби иршод аз каронаи Димишқ толеъ шуд, гармои маънавии он дилҳои сарди он диёрро гармо бахшид ва шефтаи худ кард.

Ҳамаро кард шефтаву мафтун,

Ҳама рафтанд аз худӣ берун.

Аммо мардуми он диёр низ шигифтзада шуда буданд ва бо худ мегуфтанд: Шамс кист ва чӣ бузурге аст, ки ин хуршеди ирфон ва маъно ҳамчун заррае дар партави анвори ӯ чарх мезанад?! Аз он сӯй низ мардуми Қуния дар фироқи Мавлоно бетоб шуда буданд; ба ҳадде ки ба подшоҳ аризаҳо навиштанд, ки Мавлоноро бозгардонад.

Мавлоно дар Димишқ ҳар чӣ гашт ва ҷуст, Шамсро наёфт ва ночор ба Қуния бозомад. Дар ин сайри руҳонӣ ва сафари маънавӣ ҳарчанд ки Шамсро ба сурат ва ҷисм наёфт, вале ҳақиқати Шамсро дар худ толеъ дид ва дарёфт, ки он чӣ ба дунболи ӯст, дар худ ҳозир аст. Ва ҳамон ҳоли Шамс бар ӯ низ зоҳир ва аён аст. Ин сайри руҳонӣ дар ӯ камоли матлуб падид овард: кабки тариқат буду бози баландпарвози ҳақиқат шуд. Қатра буду дарё шуд. Зарра буду офтоб шуд ва яксара Шамс шуд:

Шамси Табрезро ба Шом надид,

Дар худаш дид ҳамчу моҳ падид.

Гуфт: агарчи ба тан аз ӯ дурем,

Бе тану руҳ ҳар ду як нурем.

* * *

Кард раҷъат, ба Рум бозомад,

Рафт чун кабку ҳамчу боз омад.

Қатрааш чун фузуду дарё шуд,

Буд олӣ аз ишқ аъло шуд.

Чун чунин шуд, магӯ: наёфт варо,

К-он чӣ меҷуст, шуд бар ӯ пайдо.

Афлокӣ менависад: “Агарчӣ ҳазрати Мавлоно Шамсуддинро ба сурат дар Димишқ наёфт, аммо ба маънӣ азамати ӯро ва чизе дигар дар худ ёфт.” (Маноқибул-орифин, ҷ.2, с.699)

Мавлоно ба Қуния бозомад ва рақсу самоъу таронаро дубора аз сар гирифт. Қавволон ва хонандагонро назди худ мехонд, то бихонанд ва бинавозанд ва ӯ дар самоъ ғарқ мешуд ва пиру ҷавон, хоссу омм, пухтаву хом ҳамонанди заррае дар офтоби пурнури ӯ мегаштанд ва чарх мезаданд.

Пиру бурно чу зарраҳо рақсон,

Пеши он офтоби ишқ аз ҷон.

Чандин сол бар ин минвол сипарӣ шуд ва боз ҳолу ҳавои он шамси ҳақиқат дар сараш афтод ва пилаш хоби Ҳиндустони ишқ дид ва оҳанги раҳил кард ва ҷамъе низ аз пайи равон.

Чанд соле нишасту боз зи ишқ

Рафт бо ҷамъ сӯйи Димишқ

Моҳҳо дар Димишқ сокин шуд. Беқарор ва бетоб ба ҷустани Шамс пардохт, вале ҳар чӣ кӯшид ва ҷӯшид, шамси худро толеъ надид. Дар ҳамон айём, ки дар диёри Димишқ сар мекард, донишмандони Шом ва хоссу омми он сарзамин аз сари сидқи томм ва ишқи тамом, мурид ва ғуломи ӯ гаштанд. Вале ӯ эътиное ба ин умур надошт. Саранҷом чорае надид ҷуз бозгашт ба диёри худ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии маънавӣ, Устод Карими Замонӣ, ҷ.1, с.24-30)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.