Ақоиди исломӣ

Шиъа ва суннӣ (1)

Чунон ки дар навиштаи пешин ёдовар шуда будам (яъне дар мақолаи “Агар имрӯз касе мисли Иқбол дар миёни мо мебуд, чӣ мегуфт ва чӣ мекард?”), қасд дорам, дар чанд мабҳас матолиберо мавриди баҳсу баррасӣ қарор бидиҳам, ки мӯътақидам, ин баҳсҳо барои ҳалли яке аз бузургтарин мушкили ҷаҳони Ислом дар имрӯз — ки иборат аст аз дудастагиҳо ва чанддастагиҳо миёни фарзандони уммати исломӣ – бисёр кӯмакамон хоҳад кард.

Дар оғоз аммо, лозим медонам як нуктаро мутазаккир бишавам. Ва он ин ки мухотаби ман дар ин силсилабаҳсҳо азизоне ҳастанд, ки то ҳудуде бо маъорифи исломӣ ошно ҳастанд, ҳаддиақалл бо манобеи ривоӣ ва ҳадисӣ, фиқҳ, маъорифи қуръонӣ, торих ва чанд илми дигари муртабит бо маъорифи динӣ. Албатта чунин ҳам нест, ки ғайриошноён натавонанд аз ин баҳсҳо истифода кунанд. Чунин нест. Ҳар касе ба андозаи огоҳии худ метавонад баҳра бибарад. Бинобар ин, саъй мекунам, аз ба коргирии истилоҳот ва вожаҳои печида парҳез кунам ва дар мавориде ҳам агар лозим шуд, онҳоро тавзеҳ хоҳам дод. Аммо ба ҳар ҳол, мухотабам, бештар ошноён бо маъорифи исломӣ ҳастанд. Зеро мӯътақидам, бештари мушкилот дар ҷаҳони Ислом ношӣ аз ҳаминҳост. Инон ҳастанд, ки ҳам метавонанд миёни уммат ваҳдат офаринанд ва ҳам метавонанд маншаи тафриқа ва ҷудоӣ миёни онҳо гарданд. Агар инон миёни худ мушкиле надошта бошанд, қатъан миёни пайравонашон низ мушкиле вуҷуд нахоҳад дошт.

Инак, баҳси аввал:

Мусалмон кист?

Баҳси худро бо ёфтани посух ба ин пурсиши аслӣ шурӯъ мекунам, ки мусалмон кист ва муҷтаҳидон ва соҳибназарони исломӣ (аъам аз шиъа ва суннӣ) ба чӣ касе мусалмон гуфтаанд (ва мегӯянд)? Аммо ин ки чаро ин силсиламабоҳисро бо ин масъала оғоз кардам, далелаш он аст, ки вақте ин пурсиш посухи дақиқи худро биёбад ва назари муҷтаҳидони исломӣ дар ин мавзӯъ бароямон равшан бишавад, он гоҳ хеле аз масоил бароямон ҳаллу фасл хоҳад шуд. Зеро вақте бароямон маълум бишавад, ки аз диди исломӣ ба чӣ касе мусалмон гуфта мешавад, он гоҳ мани мусалмон дигар мулзам ҳастам ва бар ман воҷиб хоҳад буд, ки амал бикунам ба тамоми он чӣ – аз гуфтору рафтору бархӯрд – ки Ислом аз ман хостааст дар баробари як мусалмон дошта бошам. Яъне, чунон ки бар мани мусалмон хондани намоз, гирифтани рӯза, пардохти закот, анҷоми ҳаҷ ва ғайра аз дастуроти исломӣ воҷиб аст, ҳамин тавр воҷиб хоҳад буд, ки бо як мусалмон он гуна бархӯрд дошта бошам, ки Ислом аз ман хостааст.

Пас, аввал бояд бибинем, ба чӣ касе мусалмон гуфта мешавад, сипас ба баёни таколиф ва вазоифе хоҳем пардохт, ки бар ҳар мусалмоне анҷоми онҳо дар баробари мусалмоне дигар воҷиб ҳастанд.

Дар Қуръони Карим ва ҳамчунин дар ривоёти набавӣ, байни ислом ва имон фарқ гузошта шудааст. Ба сухани дигар, байни мӯъмин (касе ки дорои имон аст) ва мусалмон (касе ки ислом овардааст) фарқ ҳаст. Инак, барои равшан шудани мақсуд, ибтидо сухани баъзе аз уламои аҳли суннат ва шиъаро дар ин мавзӯъ нақл мекунам:

1. Ибни Касир дар зайли ояти 14 сураи Ҳуҷурот — он ҷо, ки Худованд мефармояд:

قَالَتِ الْأَعْرَابُ آمَنَّا قُلْ لَمْ تُؤْمِنُوا وَلَكِنْ قُولُوا أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمَانُ فِي قُلُوبِكُمْ

(Бархе аз) бодиянишинони араб гуфтанд: имон овардем. Бигӯ: имон наёвардаед, лекин бигӯед: Ислом овардем ва ҳанӯз дар дилҳои шумо имон дохил нашудааст…” –

— мегӯяд: “Аз ин ояти карима истифода шудааст, ки имон ахасс (хосстар) аз ислом аст, чунон ки мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат бар ҳамин аст… Имом Аҳмад аз Саъд ибни Абиваққос ривоят кардааст, ки Паёмбари Худо (с) ба мардоне чизҳое дод ва ба марде аз эшон чизе надод. Саъд гуфт: эй Паёмбари Худо (с)! Шумо ба фулонӣ ва фулонӣ чизҳое додед, вале ба фулонӣ чизе надодед, оё ӯ мӯъмин аст? Паёмбар (с) фармуданд: ё мусалмон? Саъд се бор суоли худро такрор кард ва ҳазрати Паёмбар (с) мефармуд: ё мусалмон? (то охири ҳадис)…”

Сипас Ибни Касир мегӯяд: “Ҳазрати Паёмбар (с) дар ин ҷо байни мусалмон ва мӯъмин фарқ гузошта, ки далолат бар ин дорад, ки имон ахасс (хосстар) аз ислом аст… Бинобар ин, аъроби бодиянишин, ки дар ояти фавқ аз онҳо сухан ба миён омадааст, мунофиқ набуданд, балки мусалмононе буданд, ки имон дар қалбҳояшон устувор нашудааст, вале онҳо барои худ мақоме болотар аз он чӣ ки ба он расидаанд-ро иддаъо мекарданд. Ибни Аббос, Иброҳими Нахаъӣ ва Қатода дар ин мавзӯъ ҳамин раъйро писандидаанд ва Ибни Ҷарир низ ҳаминро баргузида…” (Тафсири Ибни Касир, зайли ояти 14 сураи Ҳуҷурот) Албатта уламое ҳам ҳастанд, ки ин бодиянишинонро мунофиқ донистаанд, вале бо ин ҳол бар ин ақида ҳастанд, ки мунофиқ низ мусалмон маҳсуб мешавад, гарчӣ мӯъмин нест.

Ин ки мегӯяд: “имон ахасс (хосстар) аз ислом аст, чунон ки мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат бар ҳамин аст”, маънояш ин аст, ки аз назари уламои аҳли суннат ва ҷамоат, доираи ислом васеътар аз доираи имон аст. Яъне, ҳар мӯъмине мусалмон аст, вале ҳар мусалмоне мӯъмин нест. Ин масъала бо таваҷҷӯҳ ба масоиле, ки дар поён хоҳам овард, равшантар хоҳад шуд.

2. Суютӣ низ дар зайли ҳамин оят мегӯяд: “Ибни Ҷарир ва Ибни Мунзир аз Зуҳрӣ дар бораи ин оят нақл кардаанд, ки гуфтааст: ислом калима аст ва имон амал… Ибни Мардавайҳ аз тариқи Зуҳрӣ аз Саъд ибни Абиваққос нақл карда, ки Паёмбари Худо (с) чизҳоеро байни ёронаш тақсим кард ва ба мардоне дод ва ба мардоне дигар надод. Саъд гуфт: эй Паёмбари Худо (с)! Ба фулонӣ ва фулонӣ додед, вале ба фулонӣ надодед, дар ҳоле ки ӯ мӯъмин аст. Паёмбар (с) фармуданд: магӯ, мӯъмин аст, балки бигӯ, мусалмон аст…” (Аддурул-мансур, зайли ояти 14 сураи Ҳуҷурот)

3. Қуртубӣ дар зайли ҳамин оят дар таърифи ислом гуфтааст: “Ислом, ба зоҳир қабул кардани чизе аст, ки Паёмбар (с) овардаанд. Ва ба ҳамин (ислом) аст, ки хун маҳфуз аст (яъне хуни мусалмон мӯҳтарам ва рехтанаш ҷоиз намебошад).” (Тафсири Қуртубӣ, зайли ояти 14 сураи Ҳуҷурот)

4. Аллома Таботабоӣ, аз муфассирони барҷастаи шиъа, дар зайли ин оят гуфтааст: “Имон маъное аст қоим ба қалб ва аз қабили эътиқод аст. Ва ислом маъное аст қоим ба забон ва аъзо. Чун калимаи ислом ба маънои таслим шудан ва гардан ниҳодан аст. Таслим шудани забон ба ин аст, ки шаҳодатайнро иқрор кунад. Ва таслим шудани соири аъзо ба ин аст, ки ҳар чӣ Худо дастур медиҳад, зоҳиран анҷом диҳад, ҳол чӣ ин ки воқеан ва қалбан эътиқод ба ҳаққонияти он чӣ забон ва амалаш мегӯяд дошта бошад ва чӣ надошта бошад. Ва ин ислом осоре дорад, ки иборат аст аз: мӯҳтарам будани ҷону мол ва ҳалол будани никоҳ ва ирси ӯ…” (Тафсири Алмизон, зайли ояти 14 сураи Ҳуҷурот)

Ҳол, яке ду то ривоят ҳам дар ҳамин мавзӯъ нақл бикунам:

عن أنس بن مالك قال: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: من صلى صلاتنا واستقبل قبلتنا وأكل ذبيحتنا فذلك المسلم الذي له ذمة الله وذمة رسوله فلا تحقروا الله في ذمته.

1. Бухорӣ аз Анас ибни Молик нақл карда, ки Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: “Ҳар касе ки мисли мо намоз бихонад ва ба сӯи қиблаи мо рӯй оварад ва аз ҳайвоноти забҳшудаи мо бихӯрад, ӯ мусалмон аст ва дар амони Худо ва дар амони паёмбараш мебошад. Пас Худоро дар уҳдааш хиёнат накунед (ва чунин касеро озор надиҳед).” (Ривояти Бухорӣ)

Дар манобеи шиъа низ ба ҳамин мазмун ривоят ҳаст, аз ҷумла:

عن أبي بصير قال سألت أبا عبد الله عليه السلام: ما الإيمان؟ فجمع لي الجواب في كلمتين فقال: الإيمان بالله أن لا تعصي الله. قلت: فما الإسلام؟ فجمعه في كلمتين فقال: من شهد شهادتنا ونسك نسكنا وذبح ذبيحتنا.

2. Абӯбасир мегӯяд: “Аз Имом Ҷаъфари Содиқ (а) пурсидам: имон чист? Имом ҷавоби ин суолро дар ду калима хулоса кард ва фармуд: имон ба Худованд ин аст, ки Ӯро нофармонӣ макунӣ. Пурсидам: ислом чист? Дар ин ҷо низ ҷавобро дар ду калима хулоса кард ва фармуд: ҳар касе ки мисли мо калимаи шаҳодатро ба забон биёварад ва мисли мо ибодат бикунад ва мисли мо забҳ кунад, (ӯ мусалмон аст).” (Ривояти Кулайнӣ)

(Албатта дар баъзе аз ривоятҳои манқул аз шиъаён, имомони шиъа мухолифони худро ба куфр нисбат додаанд. Иншоаллоҳ дар ҷои худаш он ривоятҳоро нақл ва манзур аз куфр дар калимоти ононро тавзеҳ хоҳам дод.)

Нуктае, ки ин ҷо бояд ёдовар шуд ин аст, ки ҳар як аз имон ва ислом, ба навбати худ, дорои маротиб ва дараҷоте ҳастанд. Бинобар ин, танҳо як дараҷа ва мартиба аз ислом аст, ки бо имон қобили ҷамъ нест (ва он заъифтарин мартибаи ислом аст), вале ислом дар маротиби болотари худ, бо имон қобили ҷамъ аст, ки дар баҳсҳои оянда ба тафсил дар ин бора баҳс хоҳем кард.

* * *

Пас, натиҷа ин шуд, ки уламои исломӣ (аъам аз шиъа ва суннӣ) бо истинод ба Қуръони Карим ва суханони ҳазрати Паёмбари Ислом (с), байни ислом ва имон фарқ гузоштаанд. Ва хулосаи он ин аст, ки инсон, ба маҳзи он ки калимаи шаҳодатайнро дар забон ҷорӣ бикунад (гарчӣ қалбан ба ҳаққонияти он чӣ дар забон ҷорӣ кардааст эътиқод надошта бошад) ва низ рӯ ба қибла намоз бигузорад (ҳарчанд ба зоҳир) ва аз ҳайвоноти кушташудаи мусалмонон тановул бикунад (ва ғайра аз ин қабил аъмол), ӯ дигар мусалмон маҳсуб хоҳад шуд. Вале имон марбут ба қалб ва дили инсон аст. Инсон то модоме ки қалбан ба ҳаққонияти калимаи шаҳодатайн бовар надошта бошад, ӯ мӯъмин ба шумор намеравад.

Ва аммо ин ки чӣ касе мӯъмин аст ва чӣ касе мӯъмин нест, барои аҳаде ғайри худаш ва Худояш маълум ва ошкор нест. Зеро фақат Худост, ки аз дили мардумон огоҳ аст.

Ҳол, суол ин аст: рафтор ва кирдор ва бархӯрди мусалмонон бо ҳамдигар, аз дидгоҳи шариати исломӣ бар чӣ асос ва мабно бояд бошад? Ва он рафторҳо кадоманд?

Иншоаллоҳ дар баҳсҳои баъдӣ дар ин бора ба тафсил баҳс хоҳем орост.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.