Сиёсат

Арабистон чӣ гуна мехоҳад аз ин тангно хориҷ шавад?

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон дар пойгоҳи Раъюл-явм

Шояд дар сухан битавон гуфт, ки амалиёти “Тӯфони қотеият” тамом ва амалиёти “Бозгардондани умед” оғоз шудааст, аммо он чӣ дар амал рух додааст, сирфан як тағйири исм буда ва авзоъи сиёсӣ ва майдонӣ ҳеч тағйире накардааст. Гуфтугӯҳо шурӯъ нашуда, тарҳи Уммон ҳанӯз матраҳ нашуда ва ҳамалоти ҳавоӣ идома дорад, даргириҳои майдонӣ низ бо шиддати собиқ боқӣ аст ва Ансоруллоҳ ва артиш ба пешравии худ идома медиҳанд ва ба манотиқи ҷадиде дар ҷануби мусаллат шудаанд.

Мо мутаваҷҷеҳи тафовути “Тӯфони қотеият” ва “Бозгардондани умед” нашудем, ҳатто мутаваҷҷеҳ нашудем, ки чӣ замоне аввалӣ тамом шуд ва дигарӣ шурӯъ шуд. Аммо як чизе тағйир кардааст. Ва он ин ки эътилофи арабӣ, ки Арабистон онро барои амалиёти “Тӯфони қотеият” эҷод карда буд, дигар вуҷуд надорад, ва ин танҳо Арабистон аст, ки бори марҳилаи ҷадидро ба дӯш мекашад.

Ин хулосаро гуфтем, то бигӯем, ки Арабистоне, ки амалиёти “Тӯфони қотеият”-ро бо 185 ҳавопаймо ва бо бомбборони шадиди Яман шурӯъ кард, то пешравии Ҳусиҳоро мутаваққиф кунад, ҳангоме ки дид бархе кишварҳо аз ирсоли нерӯи заминӣ ба Яман худдорӣ мекунанд, эътилофи эҷодшударо аз байн рафта дид ва ҳол, ҳадафи Арабистон аз тағйири номи амалиёти “Тӯфони қотеият” ба “Бозгардондани умед” сирфан дар ин росто буда, ки обрӯмандона кишварҳои Миср, Ӯрдун, Туркия ва Покистонро аз мушорикат дар амалиёт муъоф кунад.

Арабистон бо шурӯъи амалиёти ҳавоӣ алайҳи Яман, ин паёмро хост ба Эрон ва муттаҳидонаш дар минтақа бирасонад, ки дар даст бурдан ба амалиёти низомӣ тардиде надорад, аммо ба тӯл анҷомидани ин амалиёт ва вуруд ба ҳафтаи чаҳорум, бисёре аз осори онро аз байн бурд ва дар воқеъ ба тӯл анҷомидани бӯҳрони Яман, базри бӯҳронҳои ҷадидеро барои Арабистон дар ваҳлаи аввал ва дар ваҳлаи дуавум барои Омрико кошт.

Бино ба назари коршиносон, ҳамалоти ҳавоӣ барои ду рӯз кофӣ буд ва ниёзе набуд, ки Арабистон то ин ҳадд ба бомбборон идома диҳад.

Аммо идома ёфтани амалиёт чӣ бӯҳронҳоеро барои Арабистон эҷод кард?

Бояд гуфт, худдории кишварҳои узви эътилоф аз ирсоли нерӯи заминӣ ба Яман, на танҳо боиси ноумедии Арабистон шуд, балки мавзӯи дигареро низ мӯҷиб шуд. Ва он ин ки боис шуд, то мизони вафодории ин кишварҳо ба Арабистон мушаххас шавад. Кишварҳое, ки солҳост таҳти ҳимояти молӣ ва сиёсии Арабистон қарор доранд, аммо саудиҳоро ноумед карданд. Арабистон ба ҳеч ваҷҳ чунин чизеро намехост. Авзоъ ҳатто ба қадре вахим шуд, ки бархе кишварҳо ихтилофи худро бо Арабистон аланӣ карданд, чаро ки Арабистон дар ҳеч як аз амалиётҳо аз кишварҳои дигари узви эътилоф машваратхоҳӣ накард ва ба гунае иқдом кард, ки гӯӣ мувофиқати онҳо аз пеш ҳосил шудааст.

Аммо дар мавриди Омрико ва бӯҳронҳое, ки идомадор шудани бомбборони Яман барои ин кишвар эҷод кард, бояд гуфт: Омрико аз ин бомбборонҳо ҳимоят кард ва иттилооти мавриди ниёзро дар ихтиёри ҳавопаймоҳои Арабистон қарор дод, аммо ин ҳимоят сирфан боиси қудратгирии бештари Алқоъида шуд. Алқоъидае, ки ҳол бар устони Ҳазрамавт тасаллут ёфта ва зиндониёни худро озод кардааст, тавониста ба анборҳои силоҳ даст ёбад ва контроли маркази устонро низ ба даст гирад. Барои Омрикое, ки беш аз даҳ сол аст, ки машғули мубориза бо Алқоъида дар ин минтақа аст, ин яъне як шикасти бузург.

Намедонем, ки Арабистон чӣ гуна мехоҳад аз ин тангно хориҷ шавад? Оё мехоҳад ин амалиётро идома диҳад? Амалиёте, ки то кунун натоиҷи акс дода ва чизе ҷуз афзоиши куштаҳо ҳосили дигаре надоштааст. Ҳусиҳо камокон пешравӣ мекунанд ва ҳамчунин хабарҳо аз ҳузури нерӯҳи Ҳусиҳо дар марз бо Арабистон ҳикоят мекунанд, то ҳар лаҳза омодаи посух додан ба ҳамалоти Арабистон бошанд, ҳамон гуна ки дар соли 2009 рух дод ва нерӯҳои Ансоруллоҳ то умқи 60 километрии Арабистон пеш рафтанд ва се моҳ тӯл кашид то берун раванд.

Раъюл-явм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.