Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 20

Синоъоти хамс (1)

Баҳси синоъоти хамс (маҳоратҳои панҷгона) марбут ба моддаи қиёс аст. Зеро қиёс шакле дорад ва моддае. Он чӣ дар баҳсҳои пешин ва то кунун дар борааш баҳс мекардем, ҳама марбут ба шакли қиёс буд, мисли ин ки шакли қиёс бояд чунину чунон бошад ва шароите ҳаст, ки дар шакл бояд риоят шаванд. Ин баҳсҳо ҳама гузаштанд. Аммо, барои он ки як қиёс дорои натиҷаи саҳеҳ бошад, на танҳо аз назари шакл бояд дуруст бошад, балки моддаи қиёс ҳам солим бошад.

Моддаи қиёс ҳамон муқаддимоти қиёс (яъне суғро ва кубро) аст. Чӣ басо як қиёс аз назари шакл дуруст бошад, вале моддаи он саҳеҳ набошад. Ба ин мисол таваҷҷӯҳ бифармоед:

  1. Ҳар инсоне ҳайвон аст;
  2. Ҳеч ҳайвоне нотиқ нест;
  3. Натиҷа: Ҳеч инсоне нотиқ нест.

Ин қиёс аз назари шакл комилан дуруст аст (зарби дуввум аз шакли аввал), вале чаро натиҷаи ин қиёс саҳеҳ намебошад? Иллаташ он аст, ки моддаи яке аз ин ду муқаддима дуруст нест. Зеро қазияе, ки куброи ин қиёс қарор гирифтааст ва мегӯяд: “Ҳеч ҳайвоне нотиқ нест” саҳеҳ намебошад ва ғалат аст.

* * *

Ҳол, қиёс ба лиҳози модда, ба панҷ қисм тақсим мешавад: бурҳон, ҷадал, хитоба, шеър ва муғолата. Ба ин ақсоми панҷгона синоъоти хамс гуфта мешавад.

Пеш аз он ки ба баёни ҳар як аз ин синоъот бипардозем, лозим аст дар бораи мабодии қиёсҳо баҳс кунем. Манзур аз мабодии қиёсҳо, ҳамон қазияҳое ҳастанд, ки дар қиёс ба кор меравад.

Мабодии қиёсҳо

Мабодии қиёсҳо ҳашт навъ аст: яқиниёт, мазнунот, машҳурот, ваҳмиёт, мусалламот, мақбулот, мушаббаҳот, мухайялот. Ҳол, баёни як-яки инҳо:

1. Яқиниёт:

Яқиниёт қазияҳое ҳастанд мутобиқ бо воқеъ, ки эҳтимоли сидқи нақизи онҳо аслан вуҷуд надорад. Ва яқиниёт ба навбаи худ ба бадеҳӣ (ё бадеҳиёт) ва назарӣ (ё назариёт) тақсим мешаванд.

Бадеҳиёт усул ва пояи яқиниётро ташкил медиҳанд ва бар шаш навъанд:

1. Аввалиёт, ки иборат аст аз қазияҳое, ки зотан мавриди тасдиқи ақл ҳастанд. Яъне ақл онҳоро бидуни ниёз ба чизе дигар мепазирад, мисли ҳукми мо ба ин ки: як чиз маҳол аст, ки дар як замон ҳам бошад ва ҳам набошад;

2. Мушоҳадот (ки маҳсусот низ хонда мешавад) қазияҳое аст, ки ақл онҳоро ба воситаи ҳавосси худ меёбад. Ҳисс ба навбаи худ бар ду қисм аст:

  • ҳисси зоҳир, ки бар панҷ навъ аст: биноӣ, шунавоӣ, бӯёӣ, чашоӣ ва ломиса. Ва қазияҳое, ки ба воситаи ҳисси зоҳир мавриди тасдиқ воқеъ мешаванд, ҳиссиёт ном дорад, монанди ҳукм ба ин ки: хуршед медурахшад, ин оташ гарм аст, ин мева ширин аст, ин гул хушбӯст;
  • ҳисси ботин: ва қазияҳое, ки ба воситаи ҳисси ботин мавриди тасдиқ воқеъ мешаванд, виҷдониёт номида мешаванд, монанди илми ман ба ин ки фикр дорам, дард дорам, эҳсоси гуруснагӣ мекунам.

3. Таҷрибиёт: қазияҳое аст, ки ақл дар асари такрори мушоҳида меёбадашон, монанди ҳукм ба ин ки: ҳар оташе гарм аст, ҷисм дар асари ҳарорат мунбасит мешавад;

4. Мутавотирот: қазияҳое аст, ки барои инсон дар натиҷаи хабари гурӯҳе, ки ғолибан иттифоқ кардани онҳо ба дурӯғ ва низ хатои ҳамаи онҳо номумкин аст, ҳосил мешавад, монанди илми мо ба вуҷуди шаҳрҳое, ки надидаем (зеро мо ба вуҷуди ин шаҳрҳо аз тариқи хабари дигарон шунидаем), ва ё илми мо ба нузули Қуръон бар Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва ба вуҷуди баъзе аз умматҳо ва ё ашхос дар замони пеш;

5. Ҳадсиёт: қазияҳое аст, ки иллати ҳукм ба он, ҳадси қавии нафс аст, ки ҳар гуна тардидеро мезудояд ва зеҳн ба мазмуни он изъон ва ҷазм мекунад, монанди ҳукми мо ба ин ки кураи Моҳ, Зуҳра, Аторуд ва дигар сайёраҳои манзумаи шамсӣ нури худро аз нури хуршед мегиранд;

6. Фитриёт: қазияҳое аст, ки ба маҳзи тасаввури матлуб, мавриди тасдиқ қарор мегирад, монанди ҳукми мо ба ин ки: адади 2 як панҷуми адади 10 мебошад. Ин ҳукм ҳарчанд ниёз ба қиёс дорад, вале он қиёс дар зеҳн ҳозир аст.

2. Мазнунот:

Мазнунот қазияҳое аст, ки мавриди эътиқоди ғайриҷазмӣ мебошанд. Яъне дар онҳо як тарафи қазия – нафй ё исбот — тарҷеҳ меёбад, ва дар айни ҳол, эҳтимоли нақизи он низ дода мешавад, монанди ин ки бигӯӣ: “Фулонӣ бар алайҳи ман сухан мегӯяд” (ва ин эътиқоди ту фақат як гумон бошад).

3. Машҳурот:

Машҳурот қазияҳое аст, ки миёни мардум шӯҳрат дорад, ва тасдиқ ба он дар миёни ҳама ё ғолиби уқало ва ё гурӯҳи хоссе аз эшон ривоҷ дорад, монанди ҳукм ба ин ки: “Адл некӯ аст”, “Зулм қабеҳ аст”, “Шуҷоат некӯ аст”, “Тарсуӣ бад аст”, “Касе ки назди мо меояд, бо баланд шудан бояд эҳтиромаш кунем”, “Набояд либоси шӯҳрат бар тан кунем” ва ғайра.

4. Ваҳмиёт:

Мақсуд аз ваҳмиёт қазияҳои ваҳмии сирф аст, ки қазияҳои козиб ва дурӯғанд, вале ваҳм онҳоро пазируфта ва бо қувват ба онҳо ҳукм мекунад, ба гунае ки хилофи онро ҳатто агар бурҳон бар онҳо иқома шавад, намепазирад, монанди ҳукм ба ваҳшат аз торикӣ ва тарс аз он, ва ё тарс аз ҷасади мурда.

5. Мусалламот:

Мусалламот қазияҳое аст, ки миёни ту ва касе дигар мавриди пазириш қарор гирифта, ки гӯӣ содиқ бошад, ҳол чӣ он қазия ба худии худ козиб бошад ё машкук.

6. Мақбулот:

Мақбулот қазияҳое аст, ки аз рӯи тақлид аз касоне ки ба гуфтаи онҳо итминон ҳаст дарёфт мешавад. Ва маншаи ин итминон ё як амри осмонӣ аст, монанди шариатҳо ва суннатҳое, ки аз Паёмбар (с) гирифта мешавад. Ва ё фузунии ақл ва тахассуси шахс аст, монанди аҳкоми дарёфтшуда аз ҳакимон.

7. Мушаббаҳот:

Мушаббаҳот қазияҳои козибе ҳастанд, ки дар асари мушобиҳати зоҳирӣ бо яқиниёт ё машҳурот пазируфта шудааст, ва он аз маводди муғолата аст (ки баҳсаш хоҳад омад).

8. Мухайялот:

Мухайялот қазияҳое ҳастанд, ки салоҳияти ифодаи тасдиқ надорад, балки дар нафс тахайюлотеро ба вуҷуд меоварад, ки боиси пайдоиши як саре инфиъолоти нафсонӣ мегардад, ва он аз маводди синоати шеър аст (ки баҳсаш хоҳад омад).

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.