Перейти к содержимому

Мардуми ин минтақа кай аз кобуси “интихобҳои муҷаддад” наҷот хоҳанд ёфт?

Пас аз эъломи ин хабар, ки Нурсултон Назарбоеви 75 сола бо 97,5 дарсад раъй муҷаддадан барои як давраи дигар ба унвони раисиҷумҳури Қазоқистон “интихоб” шуд, яке аз дӯстон – ки пас аз ошноӣ бо ман, ба ахбори марбут ба кишварҳои Осиёи Марказӣ алоқа пайдо кардааст – аз ман пурсид: ин оқо мисли соири ҳамтоёнаш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зоҳиран 20-у анде сол аст, ки раисиҷумҳур ташриф дорад. Оё минтақаи шумо бо “қаҳтии мардон” рӯ ба рӯст, ки чаҳор як қарн аст мардумонатон фақат ҳаминҳоро “интихоб” мекунанд? Бо ин ҳол, фарқи низомҳои ҳоким дар минтақаи шумо бо режимҳои салтанатӣ ва маврусӣ дар чист?

Дар посухи ин суоли дӯстам гуфтам: бале, як фарқ ҳаст. Ва он ин ки режимҳои салтанатӣ риёкор нестанд, аммо инон риёкоранд. Ба ин далел, ки дар қонуни асосии режимҳои салтанатӣ ошкоро гуфта шудааст, ки ҳукумат ба сурати маврусӣ аз падар ба писар мунтақил мешавад ва мардум дар интихоби ҳоким ҳеч нақше надоранд, вале дар мо қонун як чиз мегӯяд ва дар амал чизе дигар дида мешавад. Дар қонунҳои асосии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тасреҳ шудааст, ки раисиҷумҳур аз роҳи интихоботи озод ва бо раъйи мустақими мардум интихоб мешавад, вале дар амал шумо ҳеч нақшеро барои мардум ва раъйи онон дар интихоби “раисиҷумҳур” намебинед. Ва ин ҳам, ки мебинед, зоҳиран интихобот баргузор мекунанд ва чанд нафар ба унвони “рақиб” эъломи мавҷудият мекунад ва корзорҳои интихоботӣ роҳ андохта мешавад ва фазоро ҳам пеш аз интихобот андаке “доғ” мекунанд ва мардум ҳам дар рӯзи мавъуд раъйи худро ба сандуқҳо мерезанд, ҳамаи инҳо ҷуз найрангу худъа ва барои фиреби афкори умумӣ дар ҷаҳон нест. Хулоса, инон “режимҳои салтанатӣ” аммо бо либоси “низоми демукротик” беш нестанд. Зоҳир як чиз аст ва ботин чизе дигар. Ин аст риёкорӣ.

Воқеан, чаро ин ҳама бозӣ ва фиреб?! Бигӯ, ман подшоҳам ва дигар роҳатамон бигузор! Бигӯ, низоми ҳоким дар ин кишвар аз ин пас низоми салтанатӣ ва маврусӣ аст! Чаро риё?! Чаро беҳуда интихобот роҳ андохтан ва мардумонро ба бозӣ гирифтан?! Ду сол пеш дар Тоҷикистон Раҳмон бо “аксарияти оро” муҷаддадан ба унвони раисиҷумҳур “интихоб” шуд, чанде пеш Каримов ҳам, ки пояш ба лаби гӯр расида, муҷаддадан ва бо “раъйи аксарият” раисиҷумҳур гардид, ҳоло оқои Назарбоеви 75 сола бо раъйи наздик ба 100 дарсад раисиҷумҳур “интихоб” шуд, чанд сабоҳи дигар Бердимуҳаммадов низ ҳатман бо “раъйи аксарияти мардуми Туркманистон” муҷаддадан бар курсии риёсати ҷумҳурӣ хоҳад нишаст.

Воқеан, оё беҳтар нест аз ин ба баъд, ин ба зоҳир “руасои ҷумҳур” ва дар ҳақиқат “салотин”, аз салафи худ Ниёзов, ки риёро канор зад ва худро “Туркманбошӣ” эълом кард, улгу бигиранд ва Раҳмон худро “Тоҷикбошӣ”, Каримов “Ӯзбакбошӣ”, Назарбоев “Қазоқбошӣ” ва Бердимуҳаммадов “Туркманбошии 2” эълом ва ҳамаро роҳат бикунанд. Оё ин беҳтар нест?! Ва бо пулҳое ҳам, ки харҷи баргузории “интихобот” мекунанд, бемористонҳо, дармонгоҳҳо, ятимхонаҳо ва аз ин қабил корҳои хайр роҳ андозанд?! Ин беҳтар нест?!… Ҳаддиақал дар торих номатон ба унвони риёкорон сабт нахоҳад шуд, агарчӣ ояндаҳо аз шумо ҷуз ба бадӣ ёд нахоҳанд кард.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: