Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (10)

Мутлақ ва муқайяд (3)

Баҳси мо дар мутлақ ва муқайяд буд ва мусанниф чанд мисол зад. Инак, мисоли чаҳоруми мусанниф:

Мисоли чаҳорум:

Мусанниф мегӯяд:

وكذلك قوله تعالى: «واركعوا مع الراكعين» مطلق في مسمى الركوع فلا يزاد عليه شرط التعديل بحكم الخبر ولكن يعمل بالخبر على وجه لا يتغير به حكم الكتاب فيكون مطلق الركوع فرضا بحكم الكتاب والتعديل واجبا بحكم الخبر

“Ва ҳамчунин ин фармудаи Худованди Таъоло, ки: “Вар-каъу маъар-рокиъин” (Ва ҳамроҳи рукуъкунандаҳо рукуъ кунед) мутлақ аст дар маънои рукуъ. Бинобар ин, шарти таъдил ба мӯҷиби хабар, бар он афзуда намешавад. Ва лекин ба гунае ба мадлули хабар амал мешавад, ки ҳукми Қуръон тағйир накунад; ба ин сурат, ки (мегӯем:) мутлақи рукуъ фарз аст ба ҳукми Қуръон, ва таъдил воҷиб аст ба ҳукми хабар.”

Шарҳ: Рукуъ ба маънои хам шудан аст. Имом Шофеӣ (р) ва Имом Абӯюсуф (р) дар рукуъ таъдилро шарт донистаанд. Таъдил яъне ин ки бадани намозгузор ҳангоми рукуъ қадре оромиш ва сукун пайдо бикунад. Ва ба ин далел таъдилро шарт донистаанд, ки дар хабар омадааст, ҳазрати Паёмбар (с) ба як аъробӣ, ки дар рукуъ ва суҷуд саҳлангорӣ кард, фармуданд: “Бархез ва намоз бигузор, зеро намоз нагузоридаӣ”. (Ривояти Тирмизӣ ва Абӯдовуд). Мусанниф мегӯяд, аз он ҷо ки рукуъ дар Қуръон мутлақ зикр шудааст ва ҳар хам шуданеро шомил мешавад, чӣ бо таъдил бошад ва чӣ бидуни он, аз ин рӯ агар шарти таъдилро бар рукуъ бияфзоем, дастури Қуръонро насх кардаем. Яъне, Қуръон мутлақи рукуъро кофӣ медонад, вале Имом Шофеӣ (р) ва Имом Абӯюсуф (р) рукуъи муқайяд ба таъдилро. Дар ин ҷо низ мусанниф ҳамон кореро, ки дар мавориди пешин анҷом дода буд, анҷом медиҳад. Мегӯяд: мо, ки наметавонем хабарро раҳо бикунем, аз ин рӯ, мегӯем: мутлақи рукуъ, чӣ бо таъдил бошад ва чӣ бидуни он, фарз аст ба ҳукми Қуръон, ва аммо таъдил воҷиб аст ба ҳукми хабар.

Ҷоиз будани вузуъ бо об заъфарон ва амсоли он

Мусанниф дар идома мегӯяд:

وعلى هذا قلنا: يجوز التوضي بماء الزعفران وبكل ماء خالطه شيء طاهر فغير أحد أوصافه لأن شرط المصير إلى التيمم عدم مطلق الماء وهذا قد بقي ماء مطلقا، فإن قيد الإضافة ما أزال عنه اسم الماء بل قرره فيدخل تحت حكم مطلق الماء… وبه يخرج حكم ماء الزعفران والصابون والأشنان وأمثاله

Ва бар ҳамин асос (яъне бар мабнои он чӣ гуфтем) аст, ки гуфтаем: вузуъ бо оби заъфарон ва бо ҳар обе, ки як чизи пок бо он махлут шуда ва яке аз авсофаш (бӯй ё ранг ва ё маззааш)-ро тағйир додааст ҷоиз мебошад. Зеро шарти рафтан ба таяммум, набудани мутлақи об (яъне ҳар обе) аст, ва ин об ба сифати мутлақ боқӣ мондааст. Чаро ки изофа номи об буданро аз он зоил накардааст, балки бар ҳамон ҳолат боқӣ гузоштааст. Пас, бинобар ин, таҳти ҳукми мутлақи об (ҳар обе) дохил мешавад… Ва ба ҳамин роҳ аст, ки ҳукми оби заъфарон, оби собун, оби махлут бо гил ва амсоли онҳо муайян мешавад.

Шарҳ: Ин бахш аз суханони мусанниф ниёз ба шарҳи бештаре дорад. Тавзеҳ он ки вузуъ тибқи дастури Қуръони Карим бояд бо ҳар обе, ки пок бошад (мисли оби чоҳ, оби ҷорӣ, оби борон ва ғайра) анҷом бигирад ва бо мойеъе мисли гулоб ё оби тарбуз (ки ба онҳо оби музоф ҳам гуфта мешавад) ҷоиз нест. Вақте об вуҷуд надошта бошад, пас бояд рӯй ба таяммум овард, ҳарчанд пеши мо гулобе мавҷуд бошад.

Нуктаи дигар он ки изофаи чизе ба чизе (мисли изофаи чоҳ ба об вақте мегӯем: оби чоҳ, ки дар ин ҷо об “музоф” аст ва чоҳ “музофун илайҳ”) ду гуна аст: яке ин ки изофа маънои “музоф”-ро тағйир ва аз табиати аслиаш хориҷ бисозад, мисли оби гул (ё гулоб, ки дигар ба он об гуфта намешавад). Дигарӣ он ки изофа маънои “музоф”-ро тағйир надиҳад ва бар ҳамон маънои пешинаш боқӣ бимонад, мисли оби чоҳ, ки “музоф” (об) бар ҳамон табиати аслии худ боқӣ монда.

Ҳол, оби заъфарон ва ё оби собун ё оби омехташуда бо гил ва ғайра, ки бо об махлут шудаанд, аз кадом навъи изофа ҳастанд? Оё аз қабили оби гул (гулоб) ҳастанд, ки изофа маънои “музоф”-ро тағйир ва аз табиати аслиаш хориҷ кардааст, ё ин ки аз қабили оби чоҳ, ҳастанд, ки изофа маънои “музоф”-ро тағйир надодааст? Имом Шофеӣ (р) мӯътақид аст, ки ба оби заъфарон ва ё оби собун дигар об гуфта намешавад ва сифати “оби нозилшуда аз осмон” ба онҳо сидқ намекунад. Аммо мусанниф ба пайравӣ аз фуқаҳои ҳанафӣ мегӯяд: оби заъфарон ва ё оби собун аз навъи дуввуми изофа ҳастанд, ки изофа маънои “музоф”-ро тағйир надодааст. Зеро дар урф чунин аст, ки мо вақте ба касе бигӯем, бароям об биёр ва ӯ оби заъфарон ё оби махлутшуда бо собун биёварад, ба ӯ намегӯем, ки ту хато кардӣ. Чаро ки собун ва ё заъфарон бо омехта шудан бо об, номи обро аз онҳо зоил накардааст, ба хилофи он ҷо, ки агар бароямон гулоб биёварад, ки ба ӯ мегӯем, хато кардӣ ва ин об нест.

Хулоса, ин обҳои музоф (мисли оби заъфарон, оби собун, оби махлут бо гил ва ғайра) модоме ки чизи омехташуда пок бошад, таҳти ҳукми обе, ки мавриди назари Қуръон аст, дохил ҳастанд ва вузуъ бо онҳо ҷоиз аст. Аммо агар обро муқайяд ба чизе (мисли сифати “оби нозилшуда аз осмон”) бикунем, чунон ки Имом Шофеӣ (р) кардааст, ҳукми Қуръонро, ки мутлақи об (ҳар об) аст, тақйид задаем, ки ин ҷоиз намебошад.

Посух ба як ишкол:

Сипас мусанниф мегӯяд:

وخرج عن هذه القضية الماء النجس بقوله تعالى ولكن يريد ليطهركم والنجس لا يفيد الطهارة

Ва албатта оби наҷис аз ин масъала берун аст, ба далели ин фармудаи Худованд, ки: “Ва лекин (Худованд) мехоҳад то шуморо пок бисозад” (Моида, 6). Ва наҷис ифодакунандаи таҳорат ва покӣ нест.”

Шарҳ: Ин сухан ҷавоби ишкол ва эроде аст, ки гирифта мешавад. Ва эрод ин аст, ки агар он чӣ шумо мегӯед-ро бипазирем, дар он сурат оби наҷис ҳам дохил дар таҳти мутлақи об (ҳар обе) хоҳад буд (зеро изофа маънои “музоф”-ро тағйир надодааст ва ба он об гуфта мешавад), дар ҳоле ки вузуъ бо оби наҷис ҷоиз нест. Хулосаи ҷавоб ин ки: ин эрод ворид нест, зеро хориҷ аз баҳси мавриди назар аст. Зеро ҳадаф аз вузуъ таҳорат ва пок шудан аст, чунон ки Худо фармуда: “Ва лекин (Худованд) мехоҳад то шуморо пок бисозад” ва оби наҷис наметавонад таҳорат ва покӣ эҷод бикунад, чӣ оби заъфарони наҷис бошад ва чӣ оби чоҳе, ки наҷис шудааст.

Мусанниф пас аз баёни ин ки ҳадаф аз вузуъ таҳорат ва покӣ аст, дар як ҷумлаи мӯътариза матлаби дигареро баён мекунад. Мегӯяд:

وبهذه الإشارة علم أن الحدث شرط لوجوب الوضوء فإن تحصيل الطهارة بدون وجود الحدث محال

Ва бо ҳамин ишора маълум шудааст, ки ҳадас шарти вуҷуби вузуъ аст. Зеро таҳсили таҳорат бидуни вуҷуди ҳадас маҳол аст.”

Шарҳ: Ин баён ниёз ба шарҳ дорад. Дар боло ин матлаб баён шуд, ки бар пояи ояти “Ва лекин (Худованд) мехоҳад то шуморо пок бисозад” — ки дар сиёқи ояти вузуъ омада — ҳадаф аз вузуъ таҳорат ва пок шудан будааст. Ва ин мерасонад, ки вузуъ бар касе воҷиб хоҳад буд, ки ҳадас бар ӯ ориз бишавад. Ҳадас дар истилоҳ, ба ҳар он чӣ гуфта мешавад, ки инсонро аз ҳолати таҳорат хориҷ бикунад, мисли хуруҷи идрор, мадфуъ, боди меъда, хоб ва ғайра… Аммо касе ки вузуъ дорад, дигар бар ӯ вузуъ воҷиб нест. Ва ба таъбири мусанниф, шарти воҷиб гардидани вузуъ бар мукаллаф, ҳадас аст. Ва аз он ҷо ки дар ояти карима, ҳадаф аз вузуъ таҳсил ва касби таҳорат ва покӣ дониста шудааст (“Ва лекин (Худованд) мехоҳад то шуморо пок бисозад”), аз ин рӯ, таҳсили покӣ ва таҳорат барои касе ки тоҳир ва пок аст, амре маҳол хоҳад буд, ва ба истилоҳ, таҳсили ҳосил хоҳад буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.