Дуо ва муноҷот

Дуои умедворон

Дуои Имом Зайнулобидин (а) набераи мукаррами Паёмбари Ислом (с) маъруф ба “Дуои умедворон”

* * *

Худоё!

Кадом дуокунандае дари хонаи бениёзиятро бизанад ва ту посух нагуфта бошӣ?!

Кадом бечораи дардолудаи умедмандеро ту аз аз хеш рондаӣ?!

Кадом чашми умедвореро ту гирён таҳаммул кардаӣ?!

Резиши кадом ашки умедоғуштаеро ту тоб овардаӣ?!

Худоё!

Оё дуруст аст, ки хаста, дарҳамшикаста, хун ба чашм нишаста ва хоб аз чашм раста, аз боргоҳи ту ронда шавам?!

Магар ман ба ғайри ту (касе) мешиносам?!

Магар ба манзиле чуз хонаи ту роҳ мебарам?!

Магар дил ба маъшуқи дигаре додаам?!

Магар пешонӣ бар хоки дигаре соидаам?!

Магар дар ҳиҷрони дигаре сӯхтаам?!

… ки умед ба ғайри ту дошта бошам?!..

Ман дасти хаста ба ту додаам ва ту онро мӯҳтоҷи дасти хастаи дигар мекунӣ?!

Ман дили шикаста ба ту бастаам, ту ба бечорае дигар ҳаволаам мекунӣ?!

Ман дари хонаи туро мезанам, ту маро ба пеши мисли худам мефиристӣ?!

На, ин дар андешаи вуҷуд нест, ин дар бовари мумкинот намегунҷад, ин ғайри мумкин аст.

Эй он ки ҳар ки дар ҷодаи раҳматат гом ниҳода, ба бӯстони саодатат расида!

Ҳар дил ки ҳавои ту карда, пой бар фарқи ғайри ту ниҳода!

Ҳар сар ки савдои ту гирифта, чашм аз саводу баёзи олам баргирифта!

Дар ҳар дил, ки ёди ту тапида, хотираш оромида ва бовари ғайри ту рамида!

Бо интиқоми ту, ҳеч гунаҳкори толиби бахшише, ба водии шақоват нарасида.

Чӣ гуна фаромӯшат кунам, ки ту аз ёдам набурдаӣ?!

Чӣ гуна чашм аз ту баргирам, ки ту чашм ба ман дӯхтаӣ?!

Чӣ гуна аз ту бигурезам, ки ту маро дар бар гирифтаӣ?!

Даст ба домани карами ту овехтаам ва пойи умед барои найл ба атоёи ту суръат бахшидаам ва дасти орзу барои дарбар гирифтани неъмати ту гушодаам!

Маро дар коргоҳи яктоии хеш сайқал бибахш, то ойинадори ҷамоли ту бошам!

Маро дар кӯраи тавҳиди бандагонат имтиёзе дигаргуна бахш, ки коргузори ту бошам!

Эй паноҳи ҳар гурезанда! Ва эй умедгоҳи ҳар ҷӯянда!

Эй бартарин қуллаи умед! Ва эй зеботарин қосиди навид!

Эй он ки ба ту, ҷуз бо ту, натавон расид!

Эй меҳрубонтарин мунодӣ!

Эй он ки ашкро қабл аз ин ки бар замин бирезад, ба доман мегирӣ!..

Эй он ки маҳрумону соилону фақиронро на рад мекунӣ, ки дари лутф мегушоӣ!..

Ба бузургворият ва бахшиши бениҳоятат қасам, ки бар ман он сон миннат ниҳӣ аз атоят, ки чашмам рӯшноӣ биёбад, ва аз умедат, ки дилам итминон, ва аз яқинат, ки масоиби дунёи фонӣ бар ман осон шавад!

Маро он чунон яқине деҳ, ки пардаҳои зулмонии чашми дилам пора-пора гардад, ба раҳмати ҷовидонаат, эй меҳрубонтарини меҳрубононон!

Омин!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.