Мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 21 (баҳси охир)

Синоъоти хамс (2)

Дар баҳси пешин гуфтем, ки қиёс аз назари модда, ба панҷ қисм тақсим мешавад: бурҳон, ҷадал, хитоба, шеър ва муғолата ва ба ин ақсоми панҷгона синоъоти хамс (маҳоратҳои панҷгона) гуфта мешавад. Ҳол, чаро қиёс ба лиҳози модда ба ин панҷ қисм тақсим мешавад?

Посух ин ки инсонҳо, ки истидлоли қиёсӣ мекунанд, ҳадафҳои мухталифе аз истидлоли худ доранд.

Гоҳе манзури қиёскунанда ин аст, ки воқеан маҷҳулеро барои худ ва ё барои мухотаби худ, табдил ба маълум кунад ва ҳақиқатеро кашф кунад. Дар фалсафа ва улум одатан чунин ҳадафе манзур аст ва чунин навъ қиёсҳое ташкил мешавад. Албатта дар ин гуна маворид ҳатман бояд дар қиёс аз муқаддимаҳо ва моддаҳое истифода шавад, ки яқиновар ва ғайри қобили тардид бошанд, мисли муқаддимоти бадеҳӣ ё бадеҳиёт.

Вале гоҳе ҳадафи қиёскунанда мағлуб кардан ва ба таслим водор кардани тарафи муқобил аст. Дар ин сурат, зарурате надорад, ки аз моддаҳо ва муқаддимоти яқинӣ истифода шавад, балки метавон аз муқаддимоте истифода кард, ки худи тараф қабул дорад, мисли мусалламот.

Ва гоҳе ҳадафи қиёскунанда қонеъ сохтани зеҳни мухотаб аст барои ин ки ба коре водор шавад. Дар ин сурат, кофӣ аст дар қиёс аз муқаддимоти ғайри қатъӣ мисли мазнунот истифода шавад.

Гоҳе ҳадафи қиёскунанда сирфан ин аст, ки чеҳраи як матлабро дар ойинаи хиёли мухотаб зебо ё зишт кунад. Дар ин сурат, бо пӯшондани он матлаб ба ҷомаҳои зебо ё зишти хиёлӣ, истидлоли хешро зинат медиҳад.

Ва гоҳе ҳадафи қиёскунанда сирфан иштибоҳкорӣ ва гумроҳ кардани мухотаб аст, ки воқеъан ҳадафе зишт ва нописанд аст. Дар ин сурат, як амри ғайри яқиниро ба ҷои яқин ва ё як ғайри мақбулро ба ҷои мақбул ва ё як амри ғайри занниро ба ҷои заннӣ ба кор мебарад ва иштибоҳкорӣ менамояд.

Пас ҳадафи инсон аз истидлолҳои худ, ё кашфи ҳақиқат аст, ё ба зону даровардани тарафи муқобил аст, ё қонеъ сохтани зеҳни ӯст барои анҷом ё тарки коре, ва ё сирфан бозӣ кардан бо хиёл ва эҳсосоти тараф аст, ки нозебоеро дар хиёли ӯ зебо ва ё зеборо нозебо ва зебоеро зеботар ва ё нозебоеро нозеботар созад, ва ё ҳадаф иштибоҳкорӣ аст.

Пас, қиёс аз назари ҳадафи қиёскунанда ба панҷ қисм тақсим мешавад. Ҳол, як-яки инҳоро баён мекунем:

Бурҳон

Қиёсе, ки битавонад ҳақиқатеро кашф кунад, бурҳон номида мешавад. Моддаи чунин қиёсе ё бояд аз маҳсусот бошад, мисли ин модда, ки: “Хуршед як ҷисми нурдиҳанда аст” ва ё бояд аз таҷрибиёт бошад, мисли ин ки: “Об дар 80 дараҷаи ҳарорат гарм мешавад”, ва ё аз бадеҳиёт бошад, мисли ин ки “Як чиз маҳол аст, ки дар як замон, ҳам бошад ва ҳам набошад” ва ғайра аз муқаддимоти яқинӣ;

Ҷадал

Қиёсе, ки битавонад тарафро водор ба таслим кунад, бояд аз моддаҳое ташкил шавад, ки тараф онҳоро қабул дорад, чӣ ин модда ба худии худ яқинӣ бошад ё набошад. Ин навъ қиёсро ҷадал меноманд. Монанди ин ки тараф суханони як донишмандро қабул дорад ва мо бо истинод ба қавли ин донишманд, ки мавриди қабули тараф аст, ӯро маҳкум мекунем, дар сурате ки худи мо мумкин аст сухани он донишмандро қабул надошта бошем. Мисолҳои фаровоне барои ҷадал метавон зикр кард. Мо бо зикри як мисол басанда мекунем.

Дар маҷлиси баҳсе, ки Маъмуни Аббосӣ барои уламои адёни мухталиф ташкил дода буд ва Имом Ризо (а) намояндаи мусалмонон буд, байни ҳазрати Ризо ва як олими масеҳӣ дар бораи улуҳият (Худо будан) ё убудият (банда будан)-и ҳазрати Исо (а) баҳс даргирифт. Олими масеҳӣ барои Исои Масеҳ (а) мақоми улуҳият ва фавқи башарӣ қоил буд. Ҳазрати Ризо фармуд:

— Исои Масеҳ (а) ҳама чизаш хуб буд ба ҷуз як чиз, ва он ин ки ӯ бар хилофи дигар паёмбарон, ба ибодат алоқае надошт.

Олими масеҳӣ гуфт:

— Аз ту инчунин сухан аҷиб аст. Ҳазрати Исои Масеҳ аз ҳамаи мардумон обидтар буд.

Ҳамин, ки ҳазрати Ризо ин эътирофро, ки ҳазрати Исо ибодат мекардааст аз он олими масеҳӣ шунид, фармуд:

— Исо чӣ касеро ибодат мекард? Оё ибодат далели убудият (банда будан) нест? Оё убудият далели адами улуҳият (Худо набудан) нест?

Ба ин тартиб, ҳазрати Ризо бо истифода аз амре, ки мақбули олими масеҳӣ буд, ки албатта мақбули худи Имом ҳам буд, ӯро маҳкум кард. (Ба нақл аз китоби “Ошноӣ бо улуми исломӣ”-и шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Хитоба

Қиёсе, ки ҳадаф аз он қонеъ сохтани зеҳни тараф ва эҷоди як тасдиқ аст, ҳарчанд заннӣ (гумоновар) бошад ва манзури аслӣ водор сохтани тараф ба коре ё боздоштани ӯ аз коре бошад, хитоба номида мешавад. Дар хитоба бояд аз муқаддимот ва моддаҳое истифода шавад, ки ҳаддиақал эҷоди занн ва гумон дар тараф бинамояд, монанди ин ки мегӯем: “Дурӯғгӯ расвои халқ аст”, “Одами тарсу маҳрум ва номуваффақ аст” ва ғайра…

Шеър

Қиёсе, ки ҳадафи он сирфан ҷомаи зебои хиёлӣ пӯшондан бошад, шеър номида мешавад. Ташбеҳот, истиъорот ва маҷозот ҳама аз ин қабил аст. Шеър мустақиман бо хиёл сару кор дорад ва чун миёни тасаввурот ва эҳсосост робита вуҷуд дорад (яъне ҳар тасаввуре ба дунболи худ эҳсосро бедор мекунад), шеър аз ин роҳ эҳсосотро дар ихтиёр мегирад ва аҳёнан инсонро ба корҳои шигифт вомедорад ё аз онҳо бозмедорад.

Ашъори Рӯдакӣ дар бораи амири сомонӣ ва таъсири он ашъор дар ташвиқи амир барои рафтан ба Бухоро, ки маъруф аст, беҳтарин мисол аст:

Эй Бухоро шод бошу дер зӣ

Мир наздат меҳмон ояд ҳаме

Мир сарв асту Бухоро бӯстон

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме

Мир моҳ асту Бухоро осмон

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме

Гӯянд, амир ба маҳзи шунидани ин ашъор, билофосила аз ҷо баланд мешавад ва оҳанги Бухоро мекунад.

Муғолата

Қиёсе, ки ҳадаф аз он иштибоҳкорӣ аст, муғолата ё сафсата номида мешавад. Донистани фанни муғолата назири шинохтани офатҳо ва микробҳои зарарнок ва заҳрҳост, ки аз он ҷиҳат лозим аст, ки то инсон аз онҳо эҳтироз ва дурӣ ҷӯяд ва ё агар касе хост ӯро фиреб дода ва масмум кунад, фиреб нахӯрад.

Мантиқдонон 13 навъ муғолата зикр кардаанд. Мо дар ин ҷо наметавонем ба таври тафсил ҳамаи онҳоро зикр кунем. Фақат ба баъзе аз ақсоми он ишора мекунем:

Муғолата ба таври куллӣ бар ду қисм аст: ё лафзӣ аст ва ё маънавӣ.

Муғолатаи лафзӣ он аст, ки маншааш лафз бошад, монанди ин ки лафзи муштараке, ки дорои ду маънои мухталиф аст, ҳадди васати қиёс қарор дода шавад ва дар суғрои қиёс як маъно дар назар гирифта бишавад ва дар куброи қиёс маънои дигар. Пас он чӣ такрор шудааст, фақат лафз аст на маъно, ва натиҷае, ки гирифта мешавад, қаҳран ғалат аст.

Масалан, медонем, ки лафзи “боз” дар форсӣ муштарак аст байни ду маъно: яке ба маънои “кушода” ва дигарӣ ба маънои парандае ба номи боз. Ҳол, агар касе чунин қиёсеро ташкил бидиҳад:

  1. Дар боз аст;
  2. Боз бол дорад;
  3. Пас, дар бол дорад.

… ин як муғолата аст.

Ё ин ки аз боби маҷоз ва истиъора ба як инсони қавӣ гуфта мешавад: “Фалонӣ шер аст”. Ҳол, агар касе қиёсе ба ин сурат ташкил диҳад:

  1. Шокир шер аст;
  2. Ҳар шере ёл дорад;
  3. Пас, Шокир ёл дорад.

… ин ҳам муғолата аст.

Ва аммо муғолатаи маънавӣ ба лафз марбут нест, балки ба маънӣ марбут аст, ки мисолҳояш фаровон аст ва дигар маҷоле барои зикри онҳо нест.

Поёни баҳсҳои мантиқ

* * *

Бо ҳамин, баҳсҳои мо дар бораи фанни мантиқ ба поён расиданд, умедворам азизон камоли истифодаро бурда бошанд. Албатта лозим ба ёдоварист, он чӣ аз баҳсҳо, ки овардем, инҳо тақрибан куллиёти мантиқ буданд, аз ин рӯ азизоне ки мехоҳанд бештар бидонанд, бояд китобҳои муфассали мантиқиро мутолеа кунанд мисли мантиқи Шифои Ибни Сино ва ғайра.

Иншоаллоҳ пас аз ин агар умре боқӣ бошад ва тавфиқ даст бидиҳад, ба омӯзиши фалсафа хоҳам пардохт.

Сарбаланд бошед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.