Перейти к содержимому

Зилзилаи сиёсӣ дар Арабистон

Талол бен Абдулазиз Оли Сауд, яке аз шоҳзодаҳои бонуфузи хонадони саудӣ, тайи паёме мухолифати худро бо иқдоми ахири бародари нотанияш ва подшоҳи ин кишвар дар барканории Миқран бен Абдулазиз аз валиаҳдӣ ва таъйини Муҳаммад бен Ноиф ба ҷои ӯ ва ҳамчунин таъйини Муҳаммад бен Салмон (писари подшоҳ) ба унвони ҷонишини валиҳад иброз дошт.

Гуфтанист, дирӯз Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистон бародари нотанияш Миқран бен Абдулазизро барканор ва ба ҷои ӯ Муҳаммад бен Ноиф бародарзодаи худро ба унвони валиаҳди ҷадид ва писараш Муҳаммад бен Салмонро ба унвони ҷонишини валиаҳд мансуб кард.

Подшоҳи Арабистон ҳамчунин тайи ҳукме, Одил Алҷубайр, сафири ин кишвар дар Омрикоро ба ҷои Сауд ал-Файсал ба симати вазири умури хориҷа мансуб кард.

Ба гузориши рӯзномаи Алараб, Талол бен Абдулазиз дар паёми худ таъкид кардааст: ”Ин иқдоми подшоҳ бо савганди фарзандони Абдулазиз (бунёнгузори подшоҳии Оли Сауд) дар Макка мухолиф аст, ва бинобар ин, ҳеч байъате бо касе, ки бо он савганд мухолифат кардааст, вуҷуд надорад.”

Талол хостори баргузории нишасти умумӣ бо ҳузури фарзандони Абдулазиз ва бархе аз набераҳои вай, ки дар Ҳайъати байъат узв ҳастанд, ба изофаи набераҳои Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (раҳбари маънавии ҳукумати Оли Сауд) ва низ бархе аз уламои бузург ва бархе аз аъзои Маҷлиси Шӯро шудааст, то дар бораи ин мавзӯъ тасмимгирӣ шавад.

Пушти пардаи зилзилаи сиёсии Арабистон

Ба гузориши рӯзномаи Алараб, манбаъи огоҳ дар хонадони Оли Сауд дар гуфтугӯ бо ин рӯзнома, бо ишора ба ихтилофоти густарда дар миёни фарзандон ва набераҳои Абдулазиз хотирнишон кардааст, аъзои Ҳайати байъати Арабистони Саудӣ бо тасмими шаби гузаштаи худ савгандашонро дар бораи таъйини Миқран бен Абдулазиз ба унвони валиаҳди ин кишвар шикастанд.

Ин манбаъи огоҳ таъкид кард, аъзои Ҳайъати байъат дар замони Абдуллоҳ бен Абдулазиз, подшоҳи собиқи ин кишвар, савганд хӯрда буданд, ки дар ҳеч шароите ва ба ҳеч далеле ва ба дастури ҳеч шахсе бо барканории Миқран бен Абдулазиз валиаҳди ин кишвар мувофиқат накунанд.

Ин манбаъ афзудааст: “Аъзои Ҳайъати байъат шаби гузашта мувофиқат карданд Миқран бен Абдулазиз барканор шавад, ки бо ин тасмим, савганди худро шикастанд.”

Вай хотир нишон кардааст: “Миқран бен Абдулазиз бо вуҷуди фишорҳои шадид ҳозир ба истеъфо нашуд ва ба ҳамин далел, подшоҳи саудӣ маҷбур шуд, ҳукми барканории ӯро содир кунад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: