Мантиқ

Эроди Росел ба қиёси арастуӣ ва посухи он

Матлабе, ки инак дар садади баёни он ҳастам, дар воқеъ посухе аст ба суоли яке аз дӯстон, ки баҳсҳои мантиқиро пайгирӣ мекарданд. Суоли эшон ин аст:

Мисоли 4-уми дарси 19, ки дар он ҳадди васат — зовияи Б — такрор шудааст, аммо дар матн омадааст, ки такрор нашудааст.

Барои фаҳми дурусти он матлаб, ночор тавзеҳи бештаре бидиҳам. Чунон ки аз баҳсҳои қиёс равшан шуд, яке аз шартҳои натиҷабахш будани қиёс он аст, ки робита дар он бояд робитаи индироҷ бошад. Яъне дохил будани яке дар дохили дигарӣ. Ба сухани дигар, суғро бояд дар даруни кубро наҳуфта бошад. Барои ҳамин, яке аз шартҳои қиёсро такрори ҳадди васат донистаанд.

Ҳол, яке аз касоне ки ба қиёс эрод гирифтааст, файласуф ва риёздони машҳури ангилисӣ Бертронд Росел (Bertrand Russell) аст. Ӯ мегӯяд:

Мантиқи арастуӣ чунин фарз карда, ки ҳамвора робитаи ду чиз дар як қазия ба сурати индироҷ аст, бинобар ин қиёсро мунҳасир карда бар истисноӣ ва иқтиронӣ, ва қиёси иқтирониро мунҳасир карда ба чаҳор шакли маъруф. Ва ҳол он ки як навъ робитаи дигаре ғайр аз робитаи индироҷ вуҷуд дорад, ва он робитаи тасовӣ аст, ки дар риёзиёт ба кор бурда мешавад. Мисли ин ки мегӯем:

  1. Зовияи А мусовӣ аст бо зовияи Б;
  2. Зовияи Б мусовӣ аст бо зовияи В;
  3. Пас, зовияи А мусовӣ аст бо зовияи В.

Ин қиёс бо ҳеч як аз шаклҳои чаҳоргонаи мантиқ мунтабиқ нест, зеро ҳадди васат такрор нашудааст.”

Дар воқеъ, мисоли Бертронд Росел чунин аст:

  1. А мусовӣ (баробар) аст бо Б;
  2. “Мусовӣ бо Б”, мусовӣ аст бо В;
  3. Пас, А мусовӣ аст бо В.

Дар ин ҷо, мавзӯи кубро (“Мусовӣ бо Б”), ғайр аз маҳмули суғро (Б) аст. Яъне ҳадди васат такрор нашудааст. Ҳол, барои фаҳми беҳтар, ба ҷои А, Б ва В мисол зикр мекунем:

  1. “Масоҳати хонаи Шокир” мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Аҳмад”;
  2. “Масоҳати хонаи Карим” (ки мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Аҳмад”) мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Раҳим”;
  3. Пас, “масоҳати хонаи Шокир” мусовӣ аст бо “масоҳати хонаи Раҳим”.

Чунон ки мулоҳиза мефармоед, мавзӯи кубро (“Масоҳати хонаи Карим”) ғайр аз маҳмули суғро (“Масоҳати хонаи Аҳмад”) аст, ва он такрор нашудааст.

Посухи ин эрод

Агар Росел бо осори мантиқдонони исломӣ ошно мебуд, ба назар намерасид, ки ин эродро матраҳ бикунад. Зеро мантиқдонон, ба хусус Ибни Сино, ҳазор сол пеш аз ин ки Росел ин эродро бигирад, ба он посух гуфтаанд ва ин навъ қиёсро қиёси мусовот номидаанд.

Хулосаи посухи Ибни Сино ин аст, ки қиёси мусовот гарчӣ дар зоҳир дорои ду муқаддима аст ва шароити ҳеч кадом аз шаклҳои чаҳоргонаи қиёси иқтирониро надорад ва ҳадди васат дар он такрор нашудааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки як муқаддимаи махфӣ ва пинҳон низ дорад, бо зикри он муқаддимаи махфӣ, баргашти ин қиёс ба қиёси иқтиронӣ равшан мешавад. Дар ҳамин мисол, муқаддимаи махфӣ ин аст: “Мусовии мусовӣ, ҳамон мусовӣ аст”. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, “Мусовӣ бо Б” дар мисоли боло, дар воқеъ ҳамон Б мегардад, чун гуфтем, ки “Мусовии мусовӣ, ҳамон мусовӣ аст”. Бо ин ҳисоб, маълум аст, ки ин ҳам як қиёси иқтиронӣ аст, мунтаҳо як қиёси иқтиронии мураккаб.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.