Нақду назар

Дарди саре ҷадид ба номи ДОЪИШ барои Тоҷикистон

Тақрибан як ҳафта пеш дар пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ гузорише таҳти ин унвон мунташир шуд, ки “Ягона ноҳияи водии Вахш бе ҷиҳодиён дар Сурия ва Ироқ” ва манзури гузоришгар аз ин ягона ноҳия дар водии Вахш, ноҳияи Носири Хусрав будааст. Шояд ин хабар барои мақомоти ин ноҳия як хабари “хушҳолкунанда” ва “мояи ифтихор” талаққӣ бишавад, вале қатъан барои мақомот ва давлатмардони Тоҷикистон на танҳо хушҳолкунанда нест, балки нороҳаткунанда ҳам ҳаст.

Зеро маънои ин хабар он аст, ки дар ин водӣ ба ҷуз ноҳияи Носири Хусрав дигар ҳеч ноҳияе боқӣ намонда будааст, магар ин ки шуморе аз ҷавононаш дар Сурия ва ё Ироқ дар саффи ДОЪИШ андармони набард ва ҷанг барои “барқарории Хилофати Исломӣ” дар ҷаҳон ҳастанд. Ва ин, гузашта аз он аст, ки то ин замон шумори қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар ин набардҳо кушта ва захмӣ ҳам шудаанд, ки охирини онҳо як ҷавони 35-сола аз Кӯлоб ба номи Сафар Рустамов аст, ки ба гуфтаи расонаҳо, “писари яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ” будааст.

Дар ин ёддошт, мехоҳам яке ду ҷумла хитоб ба мақомоти тоҷик, ва ҳамчунин ду се ҷумла низ хитоб ба ин ҷавонон бинависам:

1. Ман намедонам, оё мақомоти тоҷик ба асли ин моҷаро пай бурдаанд, ки чаро рӯз аз рӯз бар саффи ҷавонони тоҷик, ки оҳанги Сурия ва ё Ироқ мекунанд афзуда мешавад? Оё медонанд, иллати аслии ин “рафтанҳо” дар чист? Ин ки бархе аз мақомот далели ин “рафтанҳо”-ро масоиле ҳамчун пойин будани вазъи иқтисодӣ ё масоиле аз ин қабил унвон мекунанд, худашон медонанд, ки ин тавҷеҳҳо қобили қабул нестанд ва намечаспад. Оё маъқул аст ва мантиқист, ки як нафар ҷавон барои “пул” ҳозир шавад худро ба куштан бидиҳад? Ин ҷавонон на ин ки барои “пул” ба Сурия ё Ироқ мераванд, балки то ҷое ки огоҳам, ҳозиранд “пул” бидиҳанд, то худро ба майдони набард бирасонанд ва “шаҳид” бишаванд; то ба ҳадде ки ҳозиранд, узве аз бадани худро бифурӯшанд ва бо пули он ба майдони набард ва ҷанг бо “куффор” бираванд.

Оё мақомоти тоҷик медонанд, ки танҳо ангезаи ин ҷавонон барои рафтан ба Сурия ва Ироқ, ин дин аст? Ин ақида аст? Ин имон аст? Инро медонанд? Бале, танҳо ақида ва имони динист, ки аз инсон як фидокор ва як азхудгузашта ба бор меоварад, на пул, на ҷойгоҳ, на мақом, на чизе дигар, ки мутаъаллиқ ба ин дунёст. Оё инро медонед?.. Бале, як ақида ва як бовар, метавонад ақидае нодуруст ва носаҳеҳ бошад, аммо ин носаҳеҳӣ ва нодурустӣ барои соҳиби ақида маълум нест. Ӯ фикр мекунад, ки ақидааш ақидаи дурусте аст ва дигарон бар хато ва иштибоҳанд. Агар медонист, ки ақидааш нодуруст аст, онро қабул намекард ва намепазируфт.

Ҳол, агар мақомоти тоҷик пазируфтанд, ки ангезаи ин ҷавонон барои рафтан, имон ва ақидаи динӣ будааст, пас оё роҳи ҳалли ҷилавгирӣ аз рафтани онон ба Сурия ва Ироқ ин аст, ки биёем бо асли дин ва ақида ба пайкор бархезем ва асли динро зери суол бибарем ва бо ҳар чӣ бо дину мазҳаб дар иртибот аст мубориза кунем? Чунон ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон имрӯза якчунин сиёсатеро пеша карда, ки қатъан натиҷаи маъкус хоҳад дошт.

Мақомот бояд бидонанд, ки наметавон динро аз ҷомеа решакан кард, зеро дин реша дар фитрати инсонҳо дорад. Ва ҳам, наметавон бо ин роҳ ҷилави ин “рафтанҳо”-ро гирифт, ки ҳукумат динеро ба ҷомеа ироа намояд, ки мавриди писанди худаш бошад ва муллоҳо ва руҳониҳоеро дар ҷойгоҳи “фатво” ва “сухангӯи дин” қарор бидиҳад, ки лаббайкгӯй ва лагандбардораш бошанд. Ин ҳам роҳи ҳал нест.

Балки роҳи ҳалли мантиқӣ ва дуруст он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аввалан, даст аз дахолат дар умури динии мардум бардорад ва ниҳодҳои динӣ (аъам аз Шӯрои уламо ва ё Маркази исломӣ) ва масоҷид ва мадориси диниро ба дасти муллоҳо ва руҳониҳои огоҳ ва босавод ва мустақил ва ғайри вобаста ба давлат, ва дар як ҷумла, ба дасти муллоҳои мардумӣ биспорад. Таваққӯъ надошта бошад, ки мулло ва руҳонӣ лаббайкгӯй ва лагандбардори ӯ бошад.

Ва сониян, ба тамоми муллоҳо ва руҳониҳои огоҳ ва босавод ва мардумӣ, озодии фаъолият бидиҳад. Коре ба кори онҳо надошта бошад. Аз дахолатҳои беҷо ва бемаврид дар умури онҳо даст бардорад. Коре надошта бошад, ки онҳо дар хутбаҳои ҷумъа ва ё дар соири маросими динӣ ба мардум чӣ хоҳанд гуфт… Танҳо дар ҳамин сурат аст, ки метавон ҷилави ин “рафтанҳо”-ро гирифт. Зеро як мулло ва як руҳонии босавод ва касе ки бо маъорифи исломӣ ошност, беҳтар медонад, ки чӣ чизе аз назари дин дуруст аст ва чӣ чизе нодуруст, куҷо ҷиҳод аст ва куҷо ҷиҳод нест. Муллои босавод ва ошно бо маъорифи исломӣ, бештар аз ин мақомот дилаш ба миҳанаш месӯзад ва нигарони ояндаи ҷавонони ин мамлакат аст. Ӯ медонад, чӣ гуна ақидаи нодурусти як ҷавони хом вале боангезаро ислоҳ ва тасҳеҳ кунад. Танҳо ӯ метавонад ин ҷавонро роҳнамоӣ бикунад.

Бинобар ин, мақомот ба ҷойи пайкор бо муллоҳои мардумӣ ва мубориза бо ҲНИТ, барояшон бештар маҷоли фаъолият бидиҳанд. Агар ҲНИТ миёни мардуми тоҷик аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст, ин ҷойи нигаронӣ надорад, балки бояд хушҳол буд. Имрӯза бештари муллоҳо ва руҳониҳои босаводи кишвари мо, ё узви ҲНИТ ҳастанд ва ё ҳаводори он. Ҳамчунин, вуҷуди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар Тоҷикистон бояд мояи хушҳолӣ бошад, на мояи нигаронӣ. Аммо шумо мақомот омадед ва афроди ин хонаводаро “халъи силоҳ” кардед. Бо ин ҳам, имрӯза аз тариқи сомонаи интернетии худ ба мардум огоҳӣ медиҳанд, ба суолҳояшон посух менависанд ва ба мушкилоти динии онҳо расидагӣ мекунанд. Агар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ё Ҳоҷӣ Мирзо ва ё як муллои босаводи дигар, шадидан мухолифи рафтани ҷавонони тоҷик ба Сурия ва Ироқ аст, на ба ин ҷиҳат аст, ки “мавзеъи сиёсӣ” баргирифта бошад. Ҳаргиз! Балки мавзеъи шариъатро баён кардааст.

2. Ва аммо яке ду чумла хитоб ба ҷавононе, ки оҳанги Сурия ва Ироқ кардаанд (ва мекунанд). Медонам, он чӣ шуморо водор ба рафтан ба майдони набард ва ҷанг дар ин ду кишвар кардааст, ин эҳсоси масъулияте аст, ки шумо дар баробари Ислом мекунед. Аммо як бор ҳам, ки шуда, пеши худ ин суолро матраҳ бикунед, ки оё ин набард ҷиҳоди мавриди назари Қуръон ва шариъати исломӣ ҳаст ё нест? Медонам, ки сухани ман ба шумо ҳеч таъсире надорад; зеро бо ин пешфарз ва пешдоварӣ бо ман рӯ бар рӯ мешавед, ки масалан “шиъа” ҳастам, ки ҳозиред бикушедам ва таккапораам бикунед. Инро медонам. Вале оё дар ҷаҳони Ислом ва дар миёни уламои аҳли суннат ва ҳатто уламои барҷастаи салафӣ, ки қабулаш доред ва дарборӣ ҳам нестанд, оё касеро мешиносед, ки “Хилофати Исломӣ”-и Абӯбакри Бағдодиро қабул ва онро шаръӣ дониста бошанд? Оё онҳо ба андозаи шумо ва чаҳор панҷ то ҷавони хоме мисли шумо, бо Ислом ва шариъат бохабар ва мутталеъ нестанд?

Гирем, фардо ҳамаи мухолифон ва душманони худро сар аз тан ҷудо кардед ва аз байн бурдед ва як “Хилофати исломӣ”-и мавриди назари худ ва Бағдодиро дуруст кардед (бар фарзи маҳол), хуб, баъд чӣ? Оё ин “Хилофат”, ки шумо ба дунболи барқарории он ҳастед, ҳамон хилофати мавриди назари Қуръон ва шариъат аст? Оё Худо ва Паёмбар (с) розӣ ҳастанд аз барпоии якчунин хилофате, ки коре ба ҷуз сар буридан, сӯзондан, ба барда гирифтан ва эҷоди руъбу ваҳшат дар миёни мардумон надорад? Оё ин аст Исломе, ки навидашро медиҳед? Оё Паёмбар (с) асиреро кушта? Оё Паёмбар (с) касеро ба барда гирифта? Оё Паёмбар (с) бо дигарандешон ва махсусан масеҳиён ва аҳли китоб, чунин рафторе, ки шумо имрӯза бо онон мекунед, кардаанд? Бидонед, ки ҳазрати Паёмбар (с) пеш аз ҳама паёмбари раҳмат (раҳматан лил-ъоламин) аст. Ӯ барои ҷаҳониён сар то по раҳмат (меҳрубонӣ) будааст.

Шумо ба суханони уламои уммат гӯш фаро бидиҳед. Фикр накунед, ҳамаи онҳо дарборӣ ва тарсу ҳастанд. Ҳаргиз! Онҳо шуҷоътар аз шумо ва амсоли шумо ҳастанд, вале ҳар коре, ки мехоҳанд бикунанд, ҳар сухане, ки мехоҳанд ба забон биёваранд, ҳар фатвое, ки мехоҳанд содир бикунанд, дар ҳамаи инҳо, аввал Худо ва ризояти Ӯро мавриди назар мегиранд, сипас иқдом ба он мекунанд.

Хулоса, пеш аз иқдом ба коре, аввал бибинед, оё Худо аз он розӣ ҳаст ё нест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.