Сиёсат

Танҳо роҳи ҳалли Арабистон барои хуруҷ аз ҷанги Яман

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар Раъюл-явм

Ахиран бештари хабаргузориҳо ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ ва арабӣ мисли Аларабия, Алҷазира ва Sky News Arabia эълом карданд, ки шумори маҳдуде аз нерӯҳои заминии Эътилофи зидди Яман вориди шаҳри Адан шудаанд. Аммо Аҳмад Асирӣ, сухангӯи нерӯҳои Эътилоф, ин хабарро такзиб кард. Вале суханони Асирӣ қонеъкунанда набуд ва таноқузоти зиёде дар он машҳуд буд.

Ҳол, чӣ ин ахбор саҳеҳ бошад ва чӣ нодуруст, ба ҳар ҳол ҳамлаи Арабистон ва муттаҳидонаш ба Яман натиҷаи акс барои ин кишварҳо доштааст ва ин рӯзҳо мебинем, ки авзоъи башарӣ дар ин кишвари арабӣ (Яман) бадтар ва бадтар мешавад; ба ҳадде ки Созмони дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) низ эълом карда, ки бар асоси тасовир ва видеоҳои мавҷуд ва ҳамчунин далоил ва шавоҳиди дигар, Арабистон аз бомбҳои хӯшаӣ (кассетные боеприпаси) алайҳи мардуми Яман дар устони Саъда истифода кардааст.

Мутаҷовизон бо анҷоми беш аз 2 ҳазору 500 ҳамлаи ҳавоӣ ба Яман, натавонистаанд ба аҳдофи худ ва аз ҷумла ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои Ансоруллоҳ ба самти Адан ва дигар устонҳои Яман шаванд.

Ҷанги заминӣ дар Яман бисёр хатарнок буда ва талафоти ҳар ду тараф бисёр зиёд хоҳад буд ва аз сӯи дигар, авзоъи вахими мардуми Яман худ мазиди бар иллат шуда ва омили фишори дигаре бар мутаҷовизон ба Яман аст, то ҳар чӣ зудтар даст аз ҳамла ба Яман ва муҳосираи он бардоранд. Зеро ҷудо аз авзоъи дохилии Яман, як нависандаи яманӣ аз подшоҳи Арабистон хостааст, то иҷозаи вуруди 4 ҳазор яманӣ, ки барои муолиҷа ба Ҳинд рафта буданд-ро бидиҳад, зеро онҳо дар ҳоли ҳозир бо садақа зиндагӣ мегузаронанд. Ва қатъан мавориди мушобеҳи зиёде ҳамонанди ин дар Миср, Этюпи, Эритре, Кениё ва дигар кишварҳо ҳастанд, ки мунтазиранд ба кишвари худ бозгарданд.

Тӯлонитар шудани ин ҷанг ба нафъи гурӯҳҳои мухолифи Арабистон дар Яман аст, зеро онҳо дар ҳолати дифоъ ҳастанд ва чизе барои аз даст додан надоранд ва ҷудо аз ин, ҳамлаи заминӣ ба Яман низ барои Эътилоф бисёр пурҳазина буда ва талафоти зиёде хоҳад дошт.

Арабистон ва муттаҳидонаш дар ҳоли ҳозир дар тангнои сахте гирифтор шудаанд, зеро мутаваққиф кардани ҳамалоти ҳавоӣ боиси бештар қудрат ёфтани гурӯҳи Ансоруллоҳ мешавад ва идомаи ин амалиёт низ боиси кушта шудани шумори бештаре аз яманиҳо мешавад ва эъзоми нерӯҳои заминӣ ба Яман низ як моҷароҷӯии бисёр хатарнок аст. Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури фирории Яман низ маҳбубияти каме дорад ва нерӯҳои вай тавоноии яксара кардани кори ин набардро надоранд ва ба ҳамин далел аст, ки мегӯем, танҳо роҳи ҳал пеши рӯи Арабистон ин аст, ки фавран эълом кунад, ки дар ҷанги Яман “пирӯз” шуда ва дар айни ҳол саъй кунад ба ҳар наҳви мумкин барои коҳиши зиёнҳои худ баҳси музокираро ба миён бикашад; дақиқан ҳамон коре, ки омрикоиҳо дар Ветном анҷом доданд.

Раъюл-явм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.