Сиёсат

Тавҳин ба Паёмбар (с) ва озодии баён

Мақолае аз Дэвид Фронсис (DAVID FRANCIS) ва Илёс Грул (ELIAS GROLL) дар нашрияи Foreign Policy

Сиёсатмадори сапедмӯйе, ки дар бораи таҳдиди “ҳукумати худкома”-и Ислом дар Урупо ҳушдор додааст ва назарияпардозе, ки тасаввур мекунад, мусалмонон дар намозҳои рӯзонаи худи яҳудиён ва масеҳиёнро нафрин мекунанд, омилони аслии ҳодисае буданд, ки бо тирандозӣ ба ду марди мусаллаҳ дар хориҷ аз намоишгоҳи корикотур дар бораи (ҳазрати) Муҳаммад (с) дар наздикии Долос (Dallas) поён ёфт.

Герт Вилдерс (Geert Wilders) — сиёсатмадори ҳуландӣ ва Помило Гилер (Pamela Geller) — веблогнависи омрикоӣ, ҷуфти аҷиб дар ҷунбиши ҷаҳонии зидди исломӣ маҳсуб мешаванд. Ин ду тан аз мӯътаризони доимӣ алайҳи ба истилоҳ “таҳдиди тамаддуни ғарбӣ аз сӯйи Ислом дар Урупо ва Омрико” ҳастанд ва таблиғоти муштаракеро алайҳи дини Ислом оғоз кардаанд. Ин ду нафар ҳамчунин дар соли 2010 алайҳи барномаи сохти масҷиде дар наздикии бурҷҳои дуқулу дар Ню-йорк (ки дар соли 2001 мавриди ҳамла қарор гирифтанд), бо якдигар ҳамкорӣ карданд.

Гилер ба созмондиҳии маросими Долос кӯмак карда буд ва Вилдерс суханрони вижаи ин маросим буд. Дар ин маросим, ки мавзӯи он тарроҳии корикотур аз Паёмбари Ислом (с) буд, 12500 дулор ба нафари аввал ҷоиза дода шуд.

Гилер ва Вилдерс бо изҳороти нажодпарастона алайҳи мусалмонон шинохташуда ҳастанд ва ахиран низ ба мавзӯи доғи мунозирот дар ин замина табдил шудаанд, ки оё дар озодии баён дар Ғарб, мебоист ҳассосияти мусалмонон дар мавриди тасовири ҳазрати Муҳаммад (с) — паёмбари Ислом, мадди назар қарор гирифта шавад ё хайр? Мунозирае, ки бо ҳамла ба дафтари маҷаллаи танзи Charlie Hebdo дар Порис, шиддат гирифт.

Даниел Бенҷомин (Daniel Benjamin) — раиси пешини бахши муқобила бо теруризм дар Вазорати умури хориҷаи Омрико, рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо Foreign Policy тасреҳ кард: “Агар мехостед бо як таҷрибаи илмӣ собит кунед, ки метавонед ба хушунати ҷиҳодгароёна мунҷар шавед, ин муқаддимачинӣ (баргузории маросим) олӣ буд. Ифротгароён пештар нишон додаанд, ки муштоқ ҳастанд, интиқоми ҳар навъ тавҳин ба муқаддасотро бигиранд. ДОЪИШ дар ин замина пешӣ гирифта. Ва ҳар гурӯҳи ифротгарои хориҷ аз Сурия ва Ироқ мехоҳад нишон диҳад бахше аз ин гурӯҳ аст.”

Ҳамлаи ахир дар Долос тавассути ду марди мусаллаҳ ба номҳои Элтон Симпсун ва Нодир Сӯфӣ сурат гирифт. Элтон пештар ба сабаби фиреб додани бозрасон дар мавриди барномаи сафар ва пайвастан ба гурӯҳи ҷангҷӯ дар Сумолӣ, маҳкум шуда буд. Вай ҳамчунин аз ДОЪИШ ҳимоят карда буд. Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, ин ду нафар дар Финикс бо якдигар ҳамутоқ буданд ва тибқи бовари мақомот, интизор доштанд ҳамла ба маҳалли баргузории мусобиқа дар Горлонд (Garland) дар атрофи Долос, талафоти ғайринизомии болое дар пай дошта бошад. Як афсари пулис, ки барои барқарории амнияти мусобиқа истихдом шуда буд, ба ҳар ду нафар тирандозӣ кард ва онҳоро кушт.

Ҳамлаи моҳи январ ба дафтари маҷаллаи танзи Charlie Hebdo дар Порис, бори дигар таваҷҷӯҳҳоро ба ин масъалаи душвор ҷалб кард, ки оё корикотуристҳо иҷозаи ба тасвир кашидани Паёмбари Ислом (с) — иқдоме, ки бисёре аз мусалмонон онро тавҳиномез ва таҳоҷумӣ медонанд –ро доранд?

Ба назар мерасад, Гилер ва дигар баргузоркунандагони ин мусобиқа, таҳдиди ҷиддиеро барои барномаи худ пешбинӣ карда буданд. Ҳамлаи суратгирифта аз назари ҳомиёни онҳо, бар дурустии гуфтаҳояшон далолат дошт. Пас аз тирандозӣ, Гилер талош кард, то ин ҳодисаро ба дигар ҳамалоти ДОЪИШ муртабит созад, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки ин гурӯҳ бо ДОЪИШ иртиботе доштааст ё хайр.

Гилер рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо CNN гуфт: “Ҷиҳодгароёни исломӣ қасд доранд, озодии баёни моро бо хушунат маҳдуд созанд. Онҳо чанде пеш ҳамалотеро дар Порис ва Купенҳог (Копенгаген) сурат доданд ва акнун ба Текзос расиданд.” Гилер дар посух ба иттиҳомот дар мавриди ин масъала, ки вай ва гурӯҳаш мухолифи мусалмонон ҳастанд, гуфт: “Дар Ислом мушкиле вуҷуд дорад ва ҳар шахсе, ки ба ин мушкил мепардозад, ба навъе мавриди ҳамла қарор мегирад.”

Аммо Гилер, ки бештар коршиносе худхонда аст, таҷриба ва дониши окодемик ва расмии мавриди ниёзро дар мавриди мавзӯи марбута надорад. Вай муборизоти худро алайҳи Ислом 3 сол пас аз ҳамла ба бурҷҳои дуқулу дар Ню-йорк оғоз кард. Гилер дар соли 2004 блогеро роҳандозӣ ва дар он анвоъ ва ақсоми назарияҳои тавтиъаи зидди исломиро матраҳ кард, ки аз намунаи онҳо метавон ба нафйи куштори ҷамъии мусалмонони Буснӣ дар Сребренитсо ишора кард. Аз замони ҳамлаи 11-уми сентябр, Гилер аз ҳамаи шеваҳои мумкин барои расондани паёми худ истифода ва изҳороти шадидуллаҳн алайҳи мусалмонон ва ақоиди онҳо баён кардааст.

Гилер, ки дар гузашта нашрияи Foreign Policy-ро “дежи устувори қудрат ва нуфузи чап” номида буд, аз посух ба суолоти матраҳшуда тавассути ин нашрия худдорӣ кард.

Вилдерс — сиёсатмадори ҷаноҳи рости ҳуландӣ, ки дар кишвари худ ба иттиҳоми ҷароими ношӣ аз танаффур таҳти таъқиб буд, ба муттаҳиди хубе барои Гилер табдил шуд. Вай дар соли 2011 бо ҳимояти гурӯҳҳои зидди исломии омрикоӣ ҷаримаҳои қонунии худро пардохт ва табриъа шуд. Вилдерс умуман дар талош будааст, ки нафрати шадиди худ аз Исломро пушти иддаъои “ҳимоят аз арзишҳои либерол” пинҳон созад.

Аммо рафторҳои вай бо дифоъ аз арзишҳои либерол фосилаи зиёде дорад. Вилдерс дар гузашта барои мамнӯияти Қуръон талошҳои бисёре кардааст. Вай ҳамчунин ҷаримаи 1000 евроиро барои доштани ҳиҷоб хостор шуд. Вай ҳамчунин барои мамнӯияти муҳоҷиратпазирӣ аз кишварҳое бо аксарияти мусалмон талош кардааст.

Бенҷомин — мақоми пешини Вазорати хориҷаи Омрико тасреҳ кард, Омрико мебоист миёни ҳаққи озодии баён бо баён ба шеваи афроде ҳамчун Вилдерс ва Гилер дар ибрози инзиҷор аз Ислом, тавозун барқарор кунад. Вай афзуд: “Ҳамаи инҳо паёмадҳои мустақими иқдомоти Тери Ҷонс ва Қуръонсӯзӣ ҳастанд.” Барномаи Тери Ҷонс, кашиши аҳли Флуридо барои сӯзондани Қуръон — китоби муқаддаси мусалмонон, ба тазоҳуроти густарда ва муҳлик дар сар то сари ҷаҳон мунҷар шуд. Бенҷомин афзуд: “Ин масъала, ки оё ҳаққи озодии баён дар қонуни асосии мо мебоист ба ин шева иброз шавад ва ё ин ки ҳамла ва ба масхара гирифтани афрод нақзи ҳар гуна арзиши иҷтимоӣ аст, бисёр ҷиддӣ ва муҳим аст.”

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.