Перейти к содержимому

Нигоҳи ҳаром

Дар ойини инсонсози Ислом, покдоманӣ аз арзишҳои волои инсонӣ ба ҳисоб меояд ва дар муқобил, беиффатӣ ва бебандубории ҷинсӣ маҳкум аст. Дар ин навиштор дар бораи решаҳои инҳирофот ва фасодҳои ҷинсӣ баҳс ба амал хоҳем овард.

Чашмчаронӣ, аввалин қадами инҳироф

Гузаргоҳи вуруд ба манҷалоби инҳирофот ва фасодҳои ҷинсӣ чашмчаронӣ ва нигоҳ ба номаҳрам аст. Нигоҳҳои олуда тухми фасодро дар дил борвар сохта, соҳибашро ба фитна ва инҳироф мубтало мекунад.

Дар ривоят аз Имом Содиқ (а) аст, ки фармуда:

اَلنَّظرَةُ بَعْدَ النًّظرَةِ تَزرِعُ في الْقَلبِ الشَّهْوَةَ وَ كَفي بِها لِصاحِبِها فِتْنَة

Чашмчаронӣ тухми шаҳватро дар дил мекорад, ва чунин коре барои нигоҳкунанда кофӣ аст, ки маншаи фитна гардад”.

Нигоҳ кардан ба номуси дигарон хостаи шайтон аст. Шайтон аз камони тири чашмони ӯ номуси дигаронро нишона мегирад. Паёмбари Худо (с) фармудааст:

النَّظَرُ سَهمٌ مَسْموُمٌ مِنْ سِهامِ اِبليسَ

Нигоҳ (ба номаҳрам), тире заҳролуд аз тирҳои Иблис аст”.

Алӣ (а) низ мефармояд:

الْعُيونُ مَصائِدُ الشَّيطانَ

Чашмҳо камингоҳи шайтон аст”.

Пас, бояд муроқиби чашмони хеш бошем, то шайтон аз он барои тахриби имони мо ва номуси мардум истифода накунад.

Суфориши Қуръон ба чашмпӯшӣ аз номаҳрам

Ҷавоне аз Ансор дар Мадина бо зане бархӯрд кард. Ҷавон ба он зан хира шуд ва чашм аз ӯ барнадошт то убур кард. Ҳамин тавр ки бо нигоҳ ба пушти сараш он занро таъқиб мекард, вориди кӯчаи танге шуд, дар ин ҳангом сураташ ба устухоне, ки аз девор берун зада буд, бархӯрд ва шикофт. Вақте он зан рафт, ҷавон ба худ омад ва дид, хун аз сураташ ҷорист. Бо худ гуфт: ба Худо савганд! Назди Расули Худо (с) меравам ва ин моҷароро бо ӯ дар миён мегузорам.

Ҷавон назди Паёмбар (с) рафт. Ҳазрат пурсид: ин чӣ вазъе аст? Ӯ ҷараёнро нақл кард. Дар ин ҳангом Ҷабраил (а) нозил шуд ва ин оятро овард:

قُل لِلمؤمِنينَ يغُضُّوا مِنْ اَبْصارِهِمْ وَ يَحفَظُوا فُرٌجَهُمْ ذلِكَ اَزْكي لَهٌم اِنًَّ اللهَ خَبيرٌ بِما يَصْنَعونَ

Ба мӯъминон бигӯ чашмони худро фурӯ банданд ва домани худро ҳифз кунанд. Ин барои онҳо покизатар аст ва Худо ба он чӣ мекунанд, огоҳ аст…” (Нур, 30) Ва пас аз он фармуд:

وَ قُلْ لِلْمؤمِناتِ يَغْضُضنَ‌مِنْ اَبْصارِهنَّ وَ يَحفَظنَ‌ فُروجَهُنًّ

Ба занони боимон бигӯ чашмонашонро (аз номаҳрам) фурӯ банданд ва домани худро ҳифз кунанд…

Пас, хости Қуръон риояти иффат барои зану мард аст ва ин кор зарурӣ ва воҷиб шумурда шудааст.

Арзиши чашмони пок

Ҳар як аз аъзои бадани мӯъмин нисбат ба ибодати Парвардигори Мутаъол вазифаи хоссе бар ӯҳда дорад, ки агар ба он вазифа амал кард, арзишманд аст.

Ҳазрати Алӣ (а) дар бораи мувозибат ва ҳифозат аз чашмҳо фармуда:

لَيْسَ فِي الْبَدَنِ‌ شَيءٌ اَقَلَّ شٌكراً مِنَ الْعَيْنِ فَلا تُعطوها سٌؤلَها فَتَشْغَلكُم عَنْ ذِكْرِ اللهِ‌ عَزَّ وَجَل

Чизе дар бадан камсипостар аз чашм нест, хостаашро надиҳед, ки шуморо аз ёди Худо бозмедорад”.

Паёмбари Акрам (с) чашмони боарзишро ин гуна тавсиф мекунад:

كُلُّ عَيْنٍ باكِيَةٌ يَومَ القِيامَةِ اِلّا ثَلاًًثَةُ اَعيُنٍ: عَيْنٌ بَكَتْ مِنْ خَشيَةِ اللهِ وَ عَيْنٌ غَضَّتْ عَنْ مَحارِمِ اللهِ وَ عَيْنٌ باتَت ساهِرَة في سبيلِ الله

Ҳамаи чашмҳо рӯзи қиёмат гирёнанд ҷуз се чашм: чашме, ки аз тарси Худо бигиряд, чашме, ки аз номаҳрам фурӯ ниҳода шавад ва чашме, ки дар роҳи Худо (ва посдорӣ аз киёни Ислом) шабзиндадор бошад”.

Чашме, ки ба нигоҳи ҳаром олуда нагардад, сабаби баракоти зер мегардад:

  1. Дидани шигифтиҳо: Расули Худо (с) фармуда:

غُضُّوا اَبْصارَكُم تَرَوْنَ الْعَجائِبَ

Чашмҳоятонро (аз номаҳрам) бипӯшонед, то аҷоиб ва шигифтиҳоро бибинед”.

  1. Роҳатии қалб: Имом Алӣ (а) фармуда:

مَنْ غَضَّ طَرْفَهُ اَراحَ قَلْبَهُ

Он ки аз номаҳрам чашми худро фурӯ ниҳод, қалбашро роҳат кардааст”.

  1. Некхӯйӣ: Он ҳазрат (а) фармуда:

مَن‌ غُضَّتْ اَطرافُهُ حَسَنَتْ اَوصافُهُ

Касе ки нигоҳҳояш контрол шавад, сифоташ некӯ гардад”.

  1. Подоши илоҳӣ: Имом Содиқ (а) фармудааст:

مَنْ نَظَرَ اِلي امْرأَةٍ فَرَفَعَ بَصَرَهُ اِليَ السَّماءِ اَوْ غَمَضَ بَصَرَهُ لَمْ يَرْتَدَّ اِلَيْهِ بَصَرُهُ حَتّي يُزَوَّجَهُ اللهُ مِنَ الْحُورِ العينِ

Ҳар касе занеро бибинад ва (билофосила) дидаашро ба осмон бидӯзад ё чашм фурӯ бандад, чашм бознагардонад магар Худованд ҳуриёни биҳиштиро ба ақди ӯ дароварад”.

  1. Чашидани ширинии имон: Паёмбари Ислом (с) фармуда:

اَلنَّظَرُ سَهْمٌ مَسموُمٌ مِنْ سِهامِ اِبْليسَ‌ فَمَنْ تَرَكَها خَوْفاً مِنَ اللهِ اَعطاهُ اللهُ ايماناً يَجِد حَلاوَتَهُ في قَلْبِهِ

Нигоҳ (ба номаҳрам) тире заҳролуд аз тирҳои шайтон аст ва ҳар кас онро аз тарси Худо тарк кунад, Худованд чунон имоне ба ӯ ато кунад, ки ширинияшро дар дили хеш эҳсос кунад”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: