Салафият

ДОЪИШ, душмане дигар барои Ҳамос

Таҳлиле аз Сюбҳон У’Гроди (Siobhán O’Grady) дар нашрияи Foreign Policy

Солиёни тӯлонӣ ҷангҷӯёни исломгаро “Исроил”-ро ба унвони бузургтарин таҳдид барои фаластиниҳои сокини навори Ғазза муаррифӣ мекарданд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба иттифоқоти ахир дар Ғазза, ин хатар вуҷуд дорад, ки ин минтақа ба саҳнаи даргирӣ миёни ин ҷангҷӯёни исломгаро ва ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) табдил шавад.

Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, нерӯҳои фаластинӣ, ки таҳти раҳбарии Ҳамос фаъолият мекунанд, рӯзи якшанбе ба масҷиде дар Ғазза ҳамла карданд, ки аносури ДОЪИШ дар он ҳузур доштанд. Ҳамос дар ин ҳамла 7 салафиро, ки машкук ба ҳамкорӣ бо ДОЪИШ ҳастанд, боздошт кард.

Агарчӣ ДОЪИШ нуфузи худро дар сар то сари Сурия, Ироқ ва ахиран дар Либӣ густариш додааст, аммо то чанде пеш аз ҳузури аносури ин гурӯҳи теруристӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ ҳеч иттилоъе дар даст набуд. Ҷангҷӯёни гурӯҳи ДОЪИШ моҳи гузашта дар Сурия ба урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ дар Ярмук ҳамла карданд ва чандин фаластиниро куштанд ва ҳисси интиқомҷӯиро дар миёни мақомоти фаластинӣ ва нерӯҳои Ҳамос бедор карданд.

Дар ин ҳол, ба гузориши гурӯҳи иттилоотии SITE (ки ҳомии ДОЪИШ аст), гурӯҳи теруристии “Давлати Исломӣ дар Байтулмуқаддас” (яке аз шохаҳои ДОЪИШ), дар вокуниш ба ҳамлаи Ҳамос ба аносури ДОЪИШ дар масҷиде дар Ғазза, иддаъо кард, ки аз ин аносур ҳимоят мекунад ва ҳамчунин 72 соат барои озодии гаравгонҳои салафӣ, ба Ҳамос фурсат дод ва Ҳамосро ба авоқиби хушунатомезе таҳдид кард.

ДОЪИШ, ки аз ҳеч гуна хушунате рӯйгардон нест, дар талош барои зери суол бурдани шеваи фаъолияти Ҳамос дар навори Ғазза ва шеваи рафтори ин ҷунбиш бо мардуми Фаластин, дар баёнияе дар сафҳаи Твиттер, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)-ро ба хушунат алайҳи фаластиниҳо муттаҳам кард ва навишт: “Фаластиниҳо дар Ғазза бо дастгирӣ, шиканҷа, куштор ва бехонумонӣ аз сӯи Ҳамос рӯ ба рӯ ҳастанд.”

Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки ҳамлаи ДОЪИШ ба урдугоҳи Ярмук ба вайронии бештари ин минтақаи ҷангзада мунҷар шуд, ин гурӯҳи теруристӣ рӯзи душанбе тасвире видеоӣ аз яке аз ҷангҷӯёни худ дар харобаҳои Ярмук мунташир кард, ки мегуфт: “Онҳо (Ҳамос) иддаъо мекунанд, ки аз ин афрод (фаластиниҳо) муҳофизат мекунанд, аммо онҳо ҳеч коре бо мардумони мусалмони мо дар Фаластин надоранд.”

Тибқи тарҷумаи мунташиршуда тавассути гурӯҳи иттилоотии SITE, ДОЪИШ ҳамчунин эълом кард, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ аз шаҳрвандони Ғазза дар муқобили “дарёҳои хун” муҳофизат кардаанд.

Аммо аз назари ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), ДОЪИШ таҳдиде бузург барои амнияти Ғазза аст. Ҳамос, ки аз соли 2007 то кунун навори Ғаззаро таҳти контрол доштааст, ахиран амалиёти густардаеро барои шиносоӣ ва дастгирии авомили ДОЪИШ дар сарзаминҳои фаластинӣ оғоз кардааст.

Бархе аз салафиҳо дар сарзаминҳои фаластинӣ ва навори Ғазза аз ДОЪИШ ҳимоят ва эълом карданд, ки бо ин гурӯҳ муттаҳид ҳастанд. Тибқи гузоришҳои мунташиршуда, дар моҳи феврал як хабарнигори фаластинӣ тавассути гурӯҳи ҷангҷӯе, ки худро аз аъзои ДОЪИШ муаррифӣ карданд, рабуда ва шиканҷа шуд.

Ба рағми истифодаи салафиҳо дар Фаластин аз парчамҳои ДОЪИШ ва ҳамчунин интишори гузоришҳое дар мавриди сафари шумори маҳдуде аз фаластиниҳо ба Сурия барои пайвастан ба ин гурӯҳи теруристӣ, мақомоти фаластинӣ ҳанӯз аз иртиботи мустақими ДОЪИШ ва ин аносур мутмаин нестанд ва дар ин замина ихтилофи назарҳои бисёре вуҷуд дорад.

Бо ин ҳол, ДОЪИШ дар баёнияи таҳдидомези рӯзи якшанбеи худ алайҳи Ҳамос, ба бемайлии мақомоти фаластинӣ ба бовари ҳузури ДОЪИШ дар сарзаминҳои фаластинӣ низ ишора кард. ДОЪИШ дар баёнияи худ бо ишора ба ин ки мақомоти фаластинӣ дар иштибоҳ ҳастанд, онҳоро “ноумед” хонд.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.