Сиёсат

Костру мазҳабӣ шуда ё Поп Фронсис кумунист?

Мақолае дар нашрияи Foreign Policy

Дар соли 1962, дар авҷи даврони ҷанги сард, Вотикон Фидел Костру (Fidel Castro), раисиҷумҳури кумунисти Куборо пас аз мамнӯияти баргузории маросими динӣ ва сохти калисоҳои ҷадид дар ин кишвар, тард кард. Аммо наздик ба ним қарни баъд, ду даҳа пас аз поёни ҷанги сард, Роул Костру, бародари раисиҷумҳури пешин ва раисиҷумҳури кунунии Кубо, эълом кард, ки ба андозае таҳти таъсири Поп Фронсис қарор гирифта, ки мумкин аст ба рафтан ба калисо фикр кунад.

Костру рӯзи якшанбе пас аз дидори дӯстона бо Поп Фронсис дар Вотикон, ба хабарнигорон гуфт: “Ман ҳамаи суханрониҳо ва тафсирҳои Попро хондаам, ва агар Поп ин гуна пеш биравад, ман бори дигар дуо хоҳам кард ва ба калисо бозхоҳам гашт.”

Костру дар бозгашт аз Маскав ба дидори Фронсис рафт. Вай дар Маскав дар маросими солгарди пирӯзии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бар нозиҳо ширкат кард. Сафар ба Маскав ёдовари ин масъала буд, ки равобити даврони ҷанги сард ва ихтилофи назарҳои марбут ба он даврон ташдид шудааст, аммо ин масъала қобили тағйир аст: Фронсис охирҳои имсол дар вокуниш ба ҳусни нияти Костру, ба Кубо сафар хоҳад кард.

Костру дар идома гуфт: “Дар моҳи сентябр, ки Поп ба Кубо сафар кунад, ман дар ҳамаи гирдиҳамоиҳои вай бо ризояти хотир ширкат хоҳам кард.”

Беҳбуди равобит миёни Ҳовоно ва Вотикон нишондиҳандаи мусолиҳа ва наздикии бештар миёни ду идеулужии мутафовит ва мухолиф аст, ва ин раванд дар даврони Фронсис, ки ба рафоҳи иҷтимоӣ мӯътақид аст, тасреъ шудааст.

Усули аввалияи кумунизм ва мазҳаби котулик аз замоне ки Корл Моркс навишт: “Дин афюни тӯдаҳост”, бо якдигар дар тақобул қарор гирифтанд. Ин инзиҷор, бо ҳукми Вотикон алайҳи кумунизм дар соли 1949, ба авҷи худ расид. Аммо ахиран, ба вижа бо таъкиди Фронсис бар мактаби мусовот ва мубориза бо фақр, аҳдофи ду идеулужӣ дастиками тибқи хитобаҳои Фронсис ва Костру, шабоҳати бештаре ба якдигар пайдо карданд. Пас аз поёни ҷанги сард, Кубо мамнӯияти гаравидан ба мазҳаби котуликро лағв кард ва ба котуликҳо иҷоза дод, ба ҳизби кумунист бипайванданд. Ҳамчунин муаррифии Кубо ба унвони як “кишвари мулҳид” аз қонуни асосии ин кишвар ҳазф шуд. Котуликҳо, ки ҳудуди 60 дарсад аз ҷамъияти Куборо ташкил медиҳанд, дигар маҷбур нестанд, ки дини худро пинҳон кунанд.

Фидел Костру дар соли 1996 ба Вотикон сафар ва бад-ин тартиб роҳро барои сафари Поп Ҷон Пул (Pope John Paul) ба Кубо дар соли 1998 ҳамвор кард. Ҷон Пул аввалин попе буд, ки пас аз поёни даврони ҷанги сард ба Кубо сафар кард. Поп Бенедикт (Pope Benedict) низ дар соли 2012 дар Ҳовоно бо Фидел ва Роул дидор кард. Соли пеш ВВС гузориш дод, ки барои аввалин бор калисое, ки сохти он пас аз инқилоби Кубо мутаваққиф шуда буд, дар ҳоли сохт аст.

Ҳамонанди мақолае, ки соли 2013 таҳти унвони “Сафари Вотикон аз мухолифат бо кумунизм ба мухолифат бо низоми сармоядорӣ” (The Vatican’s Journey from Anti-Communism to Anti-Capitalism) мунташир шуд, Фронсис душмани ҷадиде барои калисои котулик баргузид, ки он, сармоядории навин аст. Фронсис дар ин бора гуфтааст: “Бархе афрод ҳамчунон дар ҳоли дифоъ аз назарияҳои баҳрамандии тадриҷии фуқаро аз сарвати ағниё ҳастанд. Тибқи бовари ин назария, рушди иқтисодӣ, ки аз тариқи бозори озод тасреъ мешавад, ногузир ба адли бештар дар ҷаҳон мунҷар хоҳад шуд. Аммо ин як назария хом аст ва бо далел собит нашудааст.”

Аммо дар ҳоле ки ҷанги сард поён ёфта ва кумунизм амалан дар бештари кишварҳо ба истиснои Ветном, Кубо, Куреи Шимолӣ, Лоус ва Чин шикаст хӯрдааст, Фронсис бар ин бовар аст, ки кишварҳо мебоист барои рафоҳи башар назорати бештаре бар бозорҳои молӣ дошта бошанд.

Дар ин ҳол, бархе афрод Фронсисро муттаҳам мекунанд, ки мазҳаби котуликро нодида мегирад. Барои намуна, Рош Лимбу (Rush Limbaugh) Поп Фронсисро муттаҳам кард, ки ба ҷои мазҳаби котулик, пайрави морксизми маҳз аст. Фронсис дар посух ба ин иттиҳом гуфт: “Морксизм иштибоҳ аст, аммо бисёре аз пайравони ин мактабро дидаам, ки мардумони хубе ҳастанд.”

Ба ҳар ҷиҳат, кумунизм ва мазҳаби котулик акнун беш аз ҳар замони дигаре бо якдигар ваҷҳи иштирок доранд. Эмо Грин (Emma Green) аз Atlantic навишт, ба назар мерасад, мухотаби паёми Фронсиси оржонтинӣ бештар шимоли Омрико ва Урупо бошад, ки маркази расвоиҳои калисо ва таҳти нуфузи сармоядории шахсӣ ҳастанд ва на Омрикои Лотин ва Офриқо, ки аз тавсиъаи иқтисодӣ ақаб мондаанд.

Ба гузориши Associated Press, Костру ва Фронсис дар дидори рӯзи якшанбеи худ, бар ниёз ба талошҳои бештар барои кӯмак ба ниёзмандон таъкид карданд. Ба таври қатъ ҳар ду мақом дар мавриди ин як мавзӯъ бо якдигар тавофуқи назар доранд.

Foreign Policy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.