Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (11)

Мутлақ ва муқайяд (4)

Баҳси мо ҳанӯз дар мутлақ ва муқайяд аст ва мусанниф чанд мисол зад. Инак, мисоли панҷум:

Мисоли панҷум:

Мусанниф мегӯяд:

قال أبو حنيفة رضي الله عنه: المظاهر إذا جامع امرأته في خلال الإطعام، لا يستأنف الإطعام، لأن الكتاب مطلق في حق الإطعام فلا يزاد عليه شرط عدم المسيس بالقياس على الصوم، بل المطلق يجري على إطلاقه والمقيد على تقييده

Абӯҳанифа (р) гуфтааст: зиҳоркунанда ҳар гоҳ дар хилоли итъом бо занаш ҷимоъ кунад, итъомро аз нав шурӯъ намекунад; зеро китоб (Қуръони Карим) мутлақ аст дар ҳаққи итъом. Пас, шарти наздикӣ накардан, бар он афзуда намешавад, бо қиёс бар рӯза, балки мутлақ бар итлоқи худ ҷорӣ хоҳад шуд ва муқайяд бар тақйидаш.”

Шарҳ: Пеш аз шарҳу тавзеҳи ин қисмат аз гуфтори мусанниф шоиста аст, зиҳор тавзеҳ дода бишавад. Зиҳор ин аст мард занаш (ё яке аз аъзои ӯ)-ро ба зане, ки барои ҳамеша бар мард издивоҷ бо ӯ ҳаром аст ташбеҳ кунад, монанди ин ки бигӯяд: “Чунон ки модар бар ман ҳаром аст, ту низ аз ин пас чунонӣ”. Ҳукми зиҳор дар шариати ислом ҳаром аст, ва агар ҳаром набуд, каффорааш воҷиб намебуд. Ва қабл аз додани каффора, ҳамбистар шудан бо зан ҳаром аст.

Ва аммо каффораи зиҳор: озод кардани барда, ва агар натавонист, 60 рӯз паёпай рӯза бигирад, ва агар натавонист, ба 60 мискин таъом бидиҳад. Далелаш ҳам ояти 3 ва 4 сураи Муҷодала аст, ки мефармояд:

وَالَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِنْ نِسَائِهِمْ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُوا فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَتَمَاسَّا ذَلِكُمْ تُوعَظُونَ بِهِ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ. فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَتَمَاسَّا فَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَإِطْعَامُ سِتِّينَ مِسْكِينًا

Ва касоне ки занонашонро зиҳор мекунанд, сипас аз он чӣ гуфтаанд пушаймон мешаванд, бар эшон (фарз) аст, ки пеш аз он ки бо якдигар ҳамхобагӣ кунанд, бардаеро озод кунанд. Ин (ҳукме) аст, ки ба он панд дода мешавед ва Худо ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст. Ва он кас ки (бар озод кардани барда) дастрасӣ надорад, бояд пеш аз тамос (бо зани худ) ду моҳ паёпай рӯза бидорад ва ҳар кӣ натавонад, бояд шаст мискинро таъом бидиҳад…

Ҳол, як нафар зиҳоркунанда, ки натавониста бардаеро озод кунад ва ё 60 рӯз паёпай рӯза бидорад ва аз ин рӯ, ба 60 нафар мискин таъом медиҳад, агар дар хилоли таъом додан (масалан, ба 30 нафар мискин таъом дода ва ҳанӯз итъомро комил накардааст), бо занаш ҳамхоба шавад, оё бояд таъом доданро аз нав шурӯъ кунад ва аз нав ба 60 нафар мискин таъом бидиҳад, ё ин ки метавонад ба ҳамон итъомаш идома бидиҳад? Дар ин ҷо миёни фуқаҳо ихтилоф ҳаст. Имом Молик ва Имом Шофеӣ ва Имом Аҳмади Ҳанбал (р) мӯътақид ҳастанд, ки бояд итъомро аз нав шурӯъ кунад, ва далелашон ҳам қиёс аст. Яъне қиёс кардаанд ба рӯза, зеро дар мавриди 60 рӯз паёпай рӯза доштан, ояти Қуръон мефармояд: “бояд пеш аз тамос (бо зани худ) ду моҳ паёпай рӯза бидорад” Аммо Имом Абӯҳанифа (р) мӯътақид аст, ки ӯ итъомро аз нав шурӯъ намекунад, балки ҳамон итъоми аввалиро идома медиҳад. Ба ин далел, ки ояти Қуръон дар мавриди итъом, муқайяд ба “пеш аз тамос” нест, балки ба сурати мутлақ мефармояд: “ва ҳар кӣ натавонад, бояд шаст мискинро таъом бидиҳад”. Яъне, бояд 60 мискинро таъом диҳад, чӣ дар хилоли таъом додан бо занаш ҳамхоба шуда бошад ва чӣ ҳамхоба нашуда бошад. Ва мутлақи Қуръонро, ки қатъист наметавон бо қиёс (ки як далели заннӣ) муқайяд кард.

Аз ин рӯ, Имом Абӯҳанифа (р) гуфтааст: “Зиҳоркунанда ҳар гоҳ дар хилоли итъом бо занаш ҷимоъ кунад, итъомро аз нав шурӯъ намекунад; зеро китоб (Қуръони Карим) мутлақ аст дар ҳаққи итъом. Пас, шарти наздикӣ накардан, бар он афзуда намешавад, бо қиёс бар рӯза, балки мутлақ бар итлоқи худ ҷорӣ хоҳад шуд ва муқайяд бар тақйидаш.”

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.