Пароканда

Бағдодӣ дар паёми ахири худ чӣ гуфт?

Абӯбакр Бағдодӣ, халифаи худхондаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, дар паёми савтии ахири худ, бо нотавон хондани Оли Сауд дар ҷанг бо Яман, пешбинӣ кард, ин ҷанг нусхаи саудиҳоро хоҳад печид ва нотавонии Оли Сауд боиси нуфузи бештари Эрон дар минтақа хоҳад шуд.

Бағдодӣ афзуд: “Оли Сауд аҳли набард нестанд ва “Тӯфони қотеият”-и онҳо ваҳме аст, ки ба зудӣ худашонро нобуд хоҳад кард.”

Албатта ин суханони Бағдодӣ ба маънии мухолифат бо ҳамла ба Яман ва куштори мардуми ин кишвар нест, балки вай мӯътақид аст, нотавонии Оли Сауд – ки Бағдодӣ, Оли Салулашон хондааст — боиси нуфузи бештари Эрон дар минтақа шуда ва лозим аст, ки хонадони саудӣ нобуд шаванд, то ба иддаъои саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, мардум ҳавли меҳвари хилофати иддаъоии вай гирди ҳам оянд.

Ин паёми савтӣ аз Бағдодӣ дар шароите мунташир мешавад, ки гузоришҳои мутаъаддиде аз вахомати вазъияти ҷисмонии ӯ хабар додаанд ва бархе низ шиддати ҷароҳати вай дар ҳамла ба мавозеъи ДОЪИШ-ро дар ҳадде арзёбӣ мекунанд, ки мумкин аст ба фалаҷ шудани вай мунҷар шавад.

Дар ин паёми савтӣ, ки “Хурду калон ҳушёр бошед!” ном гирифтааст, Бағдодӣ бисёре аз ҳокимони минтақа аз ҷумла Оли Саудро аз ҳампаймонон ва дар хидмати манофеи яҳудиён мехонад ва дар бахше аз он мегӯяд: “Ҳавопаймоҳои ҳокимони Ҷазиратул-араб куҷо буданд, то яҳудро дар меъроҷгоҳи Расули Худо (Масҷидул-ақсо) ҳадаф қарор диҳанд? Ҳимояти Оли Сауд ва ҳампаймонони онҳо аз як милюн мусалмони Бирма (Миёнмор), ки қатли омм мешаванд, чунончи гӯӣ аз модар назодаанд, куҷост? Дар баробари тӯпхонаҳои нусайриҳо (алавиҳо) куҷо буданд? Ҳокимони шибҳиҷазира расво шудаанд ва айбашон намоён шудааст, хиёнаташон бар ҳамаи мусалмонон возеҳ аст ва ҳақиқати худро нишон додаанд.”

Ин интиқоди саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ аз суқути Оли Сауд дар баробари режими саҳюнистӣ низ дар ҳоле аст, ки теруристҳои ДОЪИШ сарфи назар аз куштори мусалмонони шиъа ва суннӣ, худ ҳаргиз алайҳи саҳюнистҳо иқдоме накардаанд, ба тавре ки маҷрӯҳон ва захмиҳои онҳо ба василаи саҳюнистҳо мудово мешаванд.

Бағдодӣ дар посух ба иқдом накардани гурӯҳаш алайҳи саҳюнистҳо, шиъаёнро “душманони наздик” мехонад, ки нобуд кардани онҳо “бар набард бо душмани дур (саҳюнистҳо) авлавият дорад.”

Абӯбакр Бағдодӣ ҷанги Яманро “охирин нафасҳои Оли Сауд” хонд ва орзу кард, ин хонадон нобуд шавад, то “мусалмонон дар ҳавли меҳвари хилофати ДОЪИШ гирди ҳам оянд.”

Халифаи худхондаи ДОЪИШ аз мусалмонон хост, ки ба сарзамини хилофати иддаъоии ӯ муҳоҷират кунанд.

Гурӯҳи теруристии ДОЪИШ пас аз ишғоли бахшҳое аз ду кишвари Ироқ ва Сурия ҷиноятҳо ва кушторҳои мутаъаддидеро алайҳи мусалмонон — чӣ аҳли суннат ва чӣ шиъаён – ва ҳамчунин алайҳи масеҳиён ва эзидиҳо муртакиб шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.