Пароканда

Рӯзи накбат

15 майи соли 1948, барои мардуми Фаластин маънои хоссе дорад. Фаластиниҳо ҳар сола ин рӯзро зинда нигоҳ медоранд, чаро ки яке аз муҳимтарин муносибатҳо барои онҳо ба вижа муҳоҷиронашон, ба шумор меравад.

Дар якчунин рӯзе дар соли 1948, 750 ҳазор фаластинӣ ба сурати иҷборӣ аз сарзамини модарии худ муҳоҷират карданд. Мардуми Фаластин бо зинда нигоҳ доштани ин рӯз дар ҳар сол, қасд доранд ин паёмро ба ишғолгарон бирасонанд, ки оворагони фаластинӣ ҳамвора аз ҳаққи бозгашт ба сарзамини модарии худ бархӯрдор буда ва хоҳанд буд ва ҳеч қудрате наметавонад онҳоро аз ин ҳаққи табиӣ маҳрум созад.

Калимаи “накбат” дар сохтори забони арабӣ ба маънои “мусибат” буда ва барои тавсифи ҷиноятҳои ваҳшиёна алайҳи фаластиниён тавассути режими ҷаълии саҳюнистӣ истифода мешавад. Рӯзи накбат (явмун-накба) номе аст, ки фаластиниён барои ишора ба ин рӯз аз он истифода мекунанд; рӯзе, ки тайи он ҳазорон фаластинӣ аз сарзамини худ овора шуданд. Дар ин рӯз режиме таҳти унвони “Исроил” дар Фаластин эъломи мавҷудият карда ва ҳудуди 80 дарсад аз хоки ин кишварро таҳти ишғоли худ даровард. Пас аз ишғоли сарзамини фаластиниён тавассути ишғолгарони саҳюнист, теъдоде аз онҳо ба навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ муҳоҷират карда ва шуморе дигар маҷбур шуданд аз ҷиноятҳои саҳюнистҳо ба кишварҳои ҳамсоя яъне Ӯрдун, Ироқ, Сурия ва Лубнон бигурезанд.

Бо вуҷуди ин ки аз рӯзи 15 май ба унвони Рӯзи накбат ёд мешавад, аммо бояд гуфт, фоҷеаи инсонӣ дар Фаластин пеш аз ин торих ва замоне ки нерӯҳои режими ҷаълии саҳюнист ба сурати комилан ваҳшиёна ба рустоҳо ва манотиқи маҳалли сукунати фаластиниён юриш бурданд, оғоз шуд. Саҳюнистҳо дар ҳамалоти бераҳмонаи худ ба фаластиниён, ду ҳадафро дунбол мекарданд: 1. наслкушии фаластиниён, 2. эҷоди тарсу ваҳшат дар дигар нуқоти Фаластин ҷиҳати тасҳили ихроҷи онҳо аз сарзаминашон.

Саҳюнистҳо дар воқеаҳои соли 1948 ҷиноятҳои ҳавлноке алайҳи фаластиниён муртакиб шуданд. Аз ҷумлаи ин ҷиноятҳо метавон ба эъдоми дастаҷамъии кӯдакон дар муқобили дидагони хонаводаҳои онҳо ишора кард. Дар ҳамин робита, як пирмарди фаластинии 126-сола, ки бархе ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнистро аз наздик наззорагар будааст, ривоят мекунад, ки ишғолгарон як зани бордори фаластиниро дар муқобили дидагони шавҳар ва фарзандонаш сар буриданд. Вай, дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Меҳр дар Фаластин, ҷинояти саҳюнистҳоро ин гуна ривоят мекунад: “Дар он замон 59 сол доштам. Ҳеч гоҳ он саҳнаи ваҳшатнокро фаромӯш намекунам. Саҳюнистҳо як зани 30-соларо боздошт ва вайро дар муқобили чашмони хонаводааш сар буриданд.”

Ин шоҳиди айнии воқеаҳои соли 1948 дар Фаластин идома медиҳад: “Фаластиниён дар ибтидо ба умқи фоҷеае, ки дар интизорашон буд, пай набурданд. Ба як бора вақте тонкҳо ва силоҳҳои сангини саҳюнистҳоро мушоҳида карданд, ба сурати комилан дастпоча ҳар он чиро, ки доштанд раҳо карда ва по ба фирор гузоштанд. Саҳюнистҳо ба сурати густарда манозили фаластиниёнро тахриб карданд. Даҳҳо хонаводаи фаластинӣ дар зери овор монда ва ба шаҳодат расиданд. Торих ҳеч гоҳ ҳаводиси соли 1948 дар Фаластинро он гуна ки дар ҳофизаи ман вуҷуд дорад, зикр накард.”

Вай ҳамчунин ба нақши Ангилис дар Рӯзи накбат ишора карда ва гуфт: “Ангилис дар таслеҳи нерӯҳои саҳюнист нақши басазое ифо кард. Исроил дар он рӯзгор наслкушии миллати Фаластинро дар дастури кори худ қарор дода буд. Кӯдакон дар муқобили дидагони падару модарҳояшон эъдом мешуданд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.