Пароканда

Вокунишҳо нисбат ба судури ҳукми эъдоми Мурсӣ

Додгоҳи ҷиноии Қоҳира, Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳур ва Шайх Юсуф Қарзовӣ, раҳбари маънавии Ихвонул-муслмин ва шуморе дигар аз раҳбарони ин ҷунбишро ба эъдом маҳкум кард.

Ин додгоҳ шанбе (16.05.2015) ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонул-муслимин, Саъид Катотнӣ, Хайрат Шотир, Балтоҷӣ ва шумори дигаре аз раҳбарони Ихвонул-муслиминро барои таъйид, ба муфтии Миср ирҷоъ кард.

Додгоҳи кайфарии Қоҳира ҳамчунин Ҳасан Салома аз асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистиро — ки аз 19 сол пеш дар зиндонҳои ин режим зиндонӣ аст — ба эъдом маҳкум кард.

Аз сӯи дигар, Роид ал-Аттори фаластинӣ, ки дар соли гузашта дар ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба шаҳодат расид, ба эъдом маҳкум шуд. Ҳамчунин барои Ҳисом Сонеъ низ, ки аз ҷумлаи шуҳадои фаластинӣ аст, ҳукми эъдом содир шудааст.

Вокунишҳо ба судури ҳукми эъдоми Мурсӣ

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Тукрия, зимни интиқоди шадид аз судури ҳукми эъдом барои раисиҷумҳури Миср гуфт: “Тасмими додгоҳи Миср дар судури ҳукми эъдом барои Муҳаммад Мурсӣ, мӯҷиби бозгашти ин кишвар ба давраи пешин мешавад.”

Вай зимни интиқод аз мавзеъи Ғарб ва сукути кишварҳои ғарбӣ дар қиболи рухдодҳои Миср гуфт: “Дар ҳоле ки Ғарб ҳукми эъдомро лағв мекунад, дар хусуси амалиёти эъдом дар Миср ҳеч гуна иқдоме анҷом надода ва вокунише нишон намедиҳад.”

Афви байналмилал низ аз иқдоми додгоҳи Миср интиқод ва таъкид кард: “Ирҷоъи парвандаи Мурсӣ ва беш аз 100 муттаҳами дигар ба муфтии Миср, нишон медиҳад, ки дастгоҳи қазоии Миср дар вазъияти хубе нест ва судури чунин ҳукме дар воқеъ як иқдоми шаклӣ аст, ки ҳеч гуна арзиш ва эътиборе надорад.”

Афви байналмилал ҳамчунин эълом кард: “Ҳукми эъдом ба абзоре дар дасти мақомоти мисрӣ барои аз байн бурдани мухолифони сиёсӣ табдил шудааст ва мо аз мақомот Миср мехоҳем то ҳар чӣ сареътар Муҳаммад Мурсиро озод карда ё ин ки муҳокимаи одилонаеро дар ҳаққи вай анҷом диҳад.”

Аҳмад Довудуғлу, нахуствазири Туркия низ зимни интиқод аз иқдоми додгоҳи Миср, аз кишварҳои ғарбӣ хост, то ҳар чӣ сареътар барои таваққуфи эъдоми Муҳаммад Мурсӣ вориди амал шаванд.

Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муслимин низ иқдоми додгоҳи Мисрро иқдоме “беарзиш” хонд.

Вазорати хориҷаи Омрико дар баёнияе дар вокуниш ба судури ҳукми эъдом барои Мурсӣ, ин ҳукмро мухолифи қавонин хонд.

Фронк Волтер Штойнмойер (Frank Walter Steinmeier), вазири хориҷаи Олмон низ, аз судури ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ интиқод кард ва гуфт: “Судури чунин ҳукме, навъе муҷозот маҳсуб мешавад, ки мо ба шиддат бо он мухолифем ва мӯътақид ҳастем, ки дастгоҳи қазоии Миср бояд бар асоси ҳақ ва қонун ва на бар асоси меъёрҳои сиёсӣ, тасмим бигирад.

Эътилофи ҳимоят аз машрӯъият дар Миср низ бо интиқод аз судури ин ҳукм, эълом кард: “Раҳбарони кудатои низомӣ худ сазовори муҳокима ба иттиҳоми ҷосусӣ ҳастанд.”

Ин эътилоф хоҳони мавҷи ҷадиди инқилоби мисриҳо барои сарнагунии кудато дар ин кишвар шуд.

Усома Мурсӣ, писари Муҳаммад Мурсӣ низ ин ҳукмро аз лиҳози сиёсӣ ва қонун “сохтагӣ ва беарзиш” хонд ва гуфт: “Падари ман омода аст, то хуни худро дар роҳи бозпасгирии дастовардҳои инқилоби 25 январ фидо кунад.”

Ҳизби Озодӣ ва адолат-и Миср низ судури ҳукми эъдоми Мурсиро ботил хонд ва эълом кард: “Ин иқдом роҳро ба рӯйи инқилобиҳо барои истифода аз тамомии гузинаҳои худ ҷиҳати раҳоии кишвар аз дасти кудаточиён боз мекунад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.