Перейти к содержимому

Умари Хайём, “алкаш” ва пучгаро, ё ҳакиме шариатмадор?

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Умари Хайём (28 урдибиҳишт мусодиф бо 17 май)

Ҳамон тавр ки Ҳаким Ибни Сино, ин файласуфи беназир, дар ҷомеаи мо бештар бо тиббу табобаташ шӯҳрат дорад, на фалсафа ва ё ҷанбаи дигараш, Умари Хайём низ, бо камоли таъассуф, беш аз он ки ҳамчун як ҳаким, файласуф ва риёзидон матраҳ бошад, ба унвони як шоир ва ба хотири рубоиёташ машҳур ва шинохташуда аст.

Тоза, рубоиёте, ки Ҳаким Хайём ба онҳо дар ҷомеаи мо шӯҳрат дорад, рубоиёте аст, ки бештар ба мазоқи “алкашҳо” ва пучгароён хуш меояд, то одамони дурусту ҳисобӣ, ва ба гуфтаи Эдворд ФитзФеролд (Edward FitzGerald), “рубоиёти Хайём, Хайёмро барои хонанда чунон ҷилвагар мекунад, ки шаробхора ва шаҳватрон аст ва дар худпарастӣ ва шаҳавоти худ ғарқ аст, аз тақлид бар канор ва нисбат ба ахлоқи марсум нофармон, ва ҳадафи ниҳоии ӯ ҷалби сурур ва фурӯ рафтан дар лаззот аст. Ӯ монанди файласуфони дигар дар фикри он нест, ки ба нашри фазоил бикӯшад ва пояи ахлоқро устувор кунад. Афкори ӯ асосе надорад, аз суханони ӯ барои мардум фоидае оид намешавад, ақоиди ӯ мӯҷиби харобии низоми иҷтимоӣ аст, ва ба як сухан, Хайём шоир аст, вале файласуф нест.”

Албатта, дар ин ҳақиқат шакке нест, ки зоҳири суханони Хайём дар ашъор ва рубоиёташ (агар он рубоиётро воқеан мансуб ба ӯ бидонем), чунон аст, ки на мардумро ба некӯкорӣ мехонад ва на худро пойбанд ба нашри фазоили ахлоқӣ медонад, балки ба шароб ва шаробхорагӣ валаъ дорад ва мардумро низ ба сӯи он мехонад; ту гӯӣ, ӯ парвардаи майхона ва рафиқи соқиён ва надими майхорагон аст.

Аммо, оё воқеан Хайём чунон будааст? Роқими сутур дар ин навиштор ва дар исботи ин ҳақиқат, ки Хайём баръакси ин пиндор, шахсияте тамоман дигар будааст, бо истинод ба шарҳи ҳоли ӯ дар тароҷум, таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба шарҳи ҳоли ӯ ҷалб мекунам, то худ бибинад, оё шахсияте бо ин шарҳи ҳол, метавонад шахсе майхора ва пучгаро бошад?

Инак, шарҳи ҳоли Ҳаким Умари Хайём чунон ки дар тароҷум омада:

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 хуршедӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт, ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.

Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.

Хайём дар улуми мухталиф китобҳои боарзише навиштааст. Ӯ дар замони худ дорои мақом ва шӯҳрате баланд будааст ва муосирони ӯ ва низ мутаъаххирон ҳама вайро ба лақабҳое чун: Ҳаким, Хоҷа, Имом, Файласуф, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома, Қудватул-фазл (Улгуи фазилат), Султонул-уламо, Маликул-ҳукамо, Имоми Хуросон ва ғайра сутудаанд. (Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин алқоб, ки машҳур будааст, фарз кунед, ки Хайём шахсе буда пучгаро, майхора ва шаҳватрон. Оё ин мечаспад, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба замоне ки мезиста?)

Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи “Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала” (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.

Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи “Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус”-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.

Аз назари сиёсат низ воқеаҳои муҳимме дар асри Хайём рух дод, ки аз ҷумлаи онҳо суқути давлати Оли Буя, қиёми давлати Салҷуқӣ, ҷангҳои салибӣ ва зуҳури ботиниён аст. Хайём бештари умри худро дар шаҳри Нишопур гузаронд ва дар тайи даврони ҳаёти худ фақат ду бор аз Нишопур хориҷ шуд. Сафари аввал барои анҷом додани маросими ҳаҷ будааст.

Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.

Хайёми риёзидон (математик)

Хайём дар риёзиёт, улуми адабӣ, динӣ ва торихӣ устод буд. Нақши Хайём дар ҳалли муъодилоти дараҷаи сеюм ва мутолеоташ дар бораи асли панҷуми Иқлидус, номи ӯро ба унвони риёзидоне барҷаста дар торихи илм сабт кардааст; ба гунае ки дунёи риёзӣ мадюни таҳқиқот ва иктишофоти ин донишманд аст. Ибдоъи назарияе дар бораи нисбатҳои ҳамарз бо назарияи Иқлидус низ аз муҳимтарин корҳои ӯст.

Ислоҳи гоҳшумори Эрон

Яке аз барҷастатарин корҳои Хайёмро метавон ислоҳи гоҳшумории Эрон дар замони вазорати Хоҷа Низомулмулк, ки дар давраи салтанати Маликшоҳи Салҷуқӣ буд донист. Тақвими имрӯзи эронӣ, ҳосили муҳосиботе аст, ки Хайём ва иддае аз донишмандони дигар анҷом доданд ва ба номи Ҷалолуддин Маликшоҳи Салқуқӣ, Тақвими Ҷалолӣ хонда мешавад.

Хайёми файласуф

Торихнигорон ва донишмандони ҳамасри Хайём ва касоне ки пас аз ӯ омаданд, ҷумлагӣ бар устодии Хайём дар фалсафа эътироф кардаанд, то он ҷо ки гоҳ вайро ҳакими даврон ва Ибни Синои замон донистаанд. Осори фалсафии мавҷуди Хайём ба чанд рисолаи кӯтоҳ аммо амиқ ва пурбор маҳдуд мешавад ва охирин рисолаи фалсафии Хайём баёнкунандаи гароишҳои ирфонии ӯст.

Истеъдоди шигарфи Хайём сабаб шуд, ки вай дар заминаҳои дигаре аз дониши башарӣ низ дастовардҳое дошта бошад. Аз вай рисолаҳои кӯтоҳе дар заминаҳое чун меконик (механика), ҳидрустотик (гидростатика), ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ғайра низ бар ҷой мондааст. Ахиран низ таҳқиқоте дар мавриди фаъолияти Хайём дар заминаи ҳандасаи тазйинӣ анҷом шудааст, ки иртиботи ӯро бо сохти гунбади шимолии Масҷиди ҷомеи Исфаҳон таъйид мекунад.

Хайёми шоир

Дар бораи Хайёми шоир гуфтаанд, ӯ дар замони ҳаёташ ҳаргиз ба унвони шоир шинохта нашуда ва ҳатто сурудаҳояш дар замони ҳаёти вай маъруф набуда ва тадвин нашуда ва танҳо байни як даста аз дӯстони самимии ӯ шӯҳрат дошта ва пас аз маргаш мунташир шудааст. Ӯ ба ду забони порсӣ ва арабӣ шеър месуруда.

Теъдоди воқеии рубоиёти Хайёмро беш аз 100 рубоӣ намедонанд, ҳол он ки беш аз чанд ҳазор рубоӣ ба ӯ нисбат дода мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар мавриди Хайём нигаришҳои мухталифе дар байни муҳаққиқон вуҷуд дорад. Иддае калимоти ӯро куфромез дониста ва ё ӯро шаробхор пиндошта ва ба ашъори ӯ аз ҷиҳати тарғиб ба майхорагӣ нигариста ва ҳатто иддае ӯро беэътиқод ба мабдаъ ва маъод фарз кардаанд.

Як ҷуръаи май мамлакати Чин арзад,

Як қатраи май сад дилу сад дин арзад.

Хуштар зи шароб дар ҷаҳон чист, бигӯ?

Талхе, ки ҳазор ҷони ширин арзад.

Аммо шуморе аз Хайёмшиносон бар ин боваранд, ки рубоиҳое, ки ба Хайём нисбат дода мешаванд, аслан маълум нест, аз Хайём бошанд. Онон мӯътақиданд, ки рубоиёти илҳоқӣ бисёр дар тайи қурун ба рубоиёти асили Ҳакими Нишопурӣ пайвастаанд ва бисёре аз рубоигӯён ба далоиле чанд, аз ҷумла бим аз авзоъи сиёсӣ, надоштани шаҳомати кофӣ барои баёни ақоиди хеш ва ё ба манзури бархӯрдорӣ аз шӯҳрати Хайём ва тарвиҷи сурудаҳои хеш дар сояи ин шӯҳрати оламгир, сурудаҳояшонро ба ӯ мансуб кардаанд.

Ба ҳамин хотир аст, ки камтар шахсиятеро метавон ёфт, ки чун Хайёми Нишопурӣ дар миёни ду изҳори назарҳои мутаноқиз гирифтор омада бошад. Гурӯҳе Хайёмро кофир ва мулҳид, ва гурӯҳе сӯфӣ ва зоҳид гуфтаанд.

Аммо ба назар мерасад ҳақиқат дар мавриди Хайём ҳамон аст, ки Устод Аллома Ҷаъфарӣ мегӯяд. Ӯ, Хайёмро мутакаллиме мӯътақид ба мабонии дин медонад ва бо ишора ба алқоб ва ановини пуразамате назири Ҳаким, Хоҷа, Имом, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома ва ғайра, ки муосирони Хайём дар бораи вай ба кор бурдаанд, мегӯяд: “Итлоқи чунин алқобе ба касе ки мубаллиғи пучгаройӣ ва мӯътақид ба лаззатпарастӣ бошад, на бо мавозини фарҳанги рӯзгори ӯ созгор аст ва на метавонад қобили тавҷеҳ бошад.”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: