Сиёсат

Ибрози таъассуфи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз судури ҳукми эъдом дар Миср

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, аз судури ҳукмҳои ахири эъдом дар Миср ба хусус ҳукми эъдоми раисиҷумҳури пешини ин кишвар, ибрози таъассуф ва нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Марзия Афхам, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, зимни ибрози таъассуф ва нигаронӣ аз судури аҳкоми ахири эъдом дар Миср ва ба хусус ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури пешини ин кишвар, бо таъкид бар ҷойгоҳи куҳан ва торихии ин кишвар изҳор дошт: “Эътиқод дорем, бархе мушкилот ва ихтилофот бар асоси аҳдофи баланди инқилоби мардумии Миср ва аз тариқи гуфтугӯҳои миллӣ ва тавофуқи сиёсӣ миёни ҷараёнҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мусолиматҷӯ қобили ҳаллу фасл аст.”

Афхам изофа кард: “Судури чунин аҳкоме, ки ташвиқи равишҳои мубтанӣ бар хушунат ва ҳазфро дарбар дорад, виҷҳа ва эътибори кишвари Мисрро таҳти таъсир қарор медиҳад ва умедворем, аз чунин роҳкорҳое иҷтиноб гардад.”

Гуфтанист, Додгоҳи кайфарии Қоҳира, рӯзи шанбе (16.05.2015) ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, Шайх Юсуф Қарзовӣ, раҳбари маънавии ҷамоати Ихвонул-муслимин, Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ин ҷунбиш, Саъид Катотнӣ, Хайрат Шотир, Балтоҷӣ ва шумори дигаре аз раҳбарони Ихвонул-муслиминро барои таъйид, ба муфтии Миср ирҷоъ кард.

Ин додгоҳ ҳамчунин Ҳасан Салома аз асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистиро — ки аз 19 сол пеш дар зиндонҳои ин режим зиндонӣ аст — ба эъдом маҳкум кард. Аз сӯи дигар, Роид ал-Аттори фаластинӣ, ки дар соли гузашта дар ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба шаҳодат расид, ба эъдом маҳкум шуд. Ҳамчунин барои Ҳисом Сонеъ низ, ки аз ҷумлаи шуҳадои фаластинӣ аст, ҳукми эъдом содир шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.