Сиёсат

Эрон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон, миёни давлат ва Толибон миёнҷигарӣ мекунад?

Бо сафари як ҳайъати баландапояи сиёсии Толибони Афғонистон ба раҳбарии Тайиб Оғо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, эҳтимоли миёнҷигарии ин кишвар барои барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон миёни давлати ин кишвар ва Толибон қувват гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузориҳои расмии эронӣ аз ҷумла хабаргузории Тасним, як ҳайъати баландпояи сиёсии Толибони Афғонистон ба раҳбарии Тайиб Оғо, ба Эрон сафар кард. Ин ҳайъат муташаккил аз аъзои дафтари сиёсии Толибони Афғонистон, рӯзи гузашта (18.05.2015) вориди Теҳрон шуд.

Бар пояи ин гузориш, ҳайъати сиёсии Толибони Афғонистон дар сафар ба Теҳрон, бо мақомоти амниятии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва пиромуни масоили минтақаӣ ба вижа масоили ҷаҳони Ислом ва ҳамчунин масоили марбут ба муҳоҷирин, ба баҳсу табодули назар пардохтанд.

Ҳайъати сиёсии Толибони Афғонистон пеш аз ин низ ду мартиба ба Эрон сафар карда буд. Яке, ба манзури иблоғи паёми Мулло Умар, раҳбари Толибони Афғонистон ба раҳбари Эрон, ва сафари дигар, барои ширкат дар Конфронси байналмилалии “Бедории исломӣ” будааст.

Як манбаъи огоҳ дар Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, барои барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон, Толибон хостори миёнҷигарии Эрон байни ин гурӯҳ ва давлати Афғонистон шуддааст.

Коршиносони масоили минтақаӣ бар ин боваранд, ки зуҳури ДОЪИШ дар Афғонистон, ба ҳамон андоза ки давлати ин кишварро нигарон карда, Толибонро низ нигарон сохтааст.

Гуфтанист, бештари ҷангҷӯёни ғайри афғонистонӣ, ки пештар иддаъо мекарданд, зери чатри Толибон фаъолият меккунанд, ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ пайваста ва бо халифаи худхондаи ин гурӯҳ баъйат кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.