Сиёсат

“Миллати Эрон ҳеч гоҳ таслими ҳарфи зӯр нахоҳад шуд”

khameneiРаҳбари Эрон, бо ишора ба вуҷуди бархе чолишҳо дар муқобили низоми исломии Эрон, аз ҷумла зӯргӯиҳо ва зиёдахоҳиҳои тарафи муқобил дар музокироти ҳастаӣ гуфт: “Душманон ҳамчунон миллати Эрон ва масъулонро ба хубӣ нашинохтаанд, ки ҳарфи зӯр мезананд, зеро миллат ва давлати баромада аз ин миллат, ҳеч гоҳ таслими ҳарфи зӯр нахоҳанд шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба хабарҳое мабнӣ бар талоши бархе масъулони кишварҳои минтақаи халиҷи Форс барои кашондани ҷангҳои ниёбатӣ ба марзҳои Эрон, гуфт: “Агар шайтанате сурат бигирад, вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр сахт хоҳад буд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (20.05.2015) дар суханоне дар ҷамъи афсарони Донишгоҳи афсарии Имом Ҳусайн (а), дар ибтидо хитоб ба донишҷӯёни ин донишгоҳ гуфт: “Имрӯз парчами ҳаракати инқилоби азими исломӣ, ки парчами гуфтумони навини исломӣ аст, ба дасти шумо расида ва бояд онро ҳамонанди гузаштагони худ, бо қудрат ва истеҳком ба пеш бибаред.”

Вай, парчами гуфтумони навини исломиро барои саодати башарият роҳгушо ва барои насли ҷавони дунё пуркашиш ва пурҷозиба донист ва хотирнишон кард: “Ин ҳаракати пурифтихор, бо раҳбарии имоми бузургвори мо (Имом Хумайнӣ (р)) ба вуҷуд омад ва миллати Эрон бо азхудгузаштагӣ ва фидокорӣ, аз ин ҳаракат посдорӣ ва ин парчамро баланд кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба вуҷуди гуфтумони дигаре таҳти унвони “гуфтумони ҷоҳилият” афзуд: “Гуфтумони ҷоҳилияти имрӯз, ки гуфтумоне золимона, зӯргӯёна, мутакаббирона ва худхоҳона ва аз ҷониби қудратҳои султагари ҷаҳон аст, дар муқобили гуфтумони исломӣ қарор дорад, ки тарафдори адолат, озодии башар ва аз байн рафтани заминаҳои истисмор ва истеъмор ва нобудии низоми султа аст.”

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки чашмони тезбини миллатҳо қодир ба ташхиси ин ду гуфтумон ва шинохти ҳаракати мунофиқона ва риёкоронаи гуфтумони ҷоҳилият таҳти пӯшиши алфозе ҳамчун “ҳуқуқи башар” ва “адами хушунат” аст, гуфт: “Имкони оштӣ ва наздикии ин ду гуфтумон ба якдигар ҳеч гоҳ вуҷуд нахоҳад дошт; зеро як гуфтумони қоил ба зулм ва ситезагарӣ бо миллатҳост, дар ҳоле ки гуфтумони дигар қоил ба ҳимоят аз мазлумон ва муқобила бо золимон аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таблиғоти душманон мабнӣ бар мунзавӣ будани Ҷумҳурии Исломии Эрон, хотирнишон кард: “Низоми исломӣ аз ибтидо то кунун ҳамвора дар дили миллатҳо ҷой доштааст ва нишонаи боризи он, ибрози алоқа ва шигифтии мардуми кишварҳои мухталифи дунё нисбат ба руасои ҷумҳури Эрон дар тӯли 36 соли гузашта аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, номи миллати Эронро дар миёни миллатҳо ва ҳатто давлатмардони мунсиф ва мустақил ва озодагони ҷаҳон, номе баландовоза ва пурифтихор хонд ва таъкид кард: “Мунзавӣ касоне ҳастанд, ки фақат метавонанд бо зӯр ва дулор бархе афродро ҷазби худ кунанд.”

Вай бо таъкид бар ин ки миллати Эрон иззати худро ба василаи ислом ва ҳаракат ва ормонҳои инқилобӣ ба даст овардааст, ба вуҷуди бархе чолишҳо дар муқобили низоми исломӣ ишора кард ва гуфт: “Мо аз ин чолишҳо ҳеч ибо ва воҳимае надорем, зеро вуҷуди чолиш нишондиҳандаи таҳаррук, зинда ва фаъол будан ва ҳаракати рӯ ба рушд аст.”

Раҳбари Эрон таъкид кард: “Миллати Эрон аз ин чолишҳо бо қудрат ва бо таваккул бар Худо ва бо эътимод ба нафс убур хоҳад кард.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ яке аз ин чолишҳоро зӯргӯиҳо ва зиёдахоҳиҳои тарафи муқобил дар музокироти ҳастаӣ донист ва хотирнишон кард: “Душманон ҳамчунон миллати Эрон ва масъулонро ба хубӣ нашинохтаанд, ки ҳарфи зӯр мезананд, зеро миллат ва давлати баромада аз ин миллат, ҳеч гоҳ таслими ҳарфи зӯр нахоҳанд шуд.”

Вай бо таъкид бар ин ки ҳар миқдор дар муқобили зиёдахоҳии тарафи муқобил кӯтоҳ омада шавад, онҳо ҷилавтар хоҳанд омад, хотирнишон кард: “Бояд дар муқобили ин зиёдахоҳиҳо девораи мустаҳкаме аз азм ва таваккул ва иқтидори миллӣ ба вуҷуд ояд.”

Раҳбари Эрон як намуна аз зиёдахоҳиҳои тарафи муқобил дар музокироти ҳастаиро дархост барои бозрасӣ аз марокизи низомӣ ва гуфтугӯ бо донишмандон ва муҳаққиқони эронӣ баён кард ва афзуд: “Ҳамон гуна ки қаблан ҳам гуфта шуд, иҷозаи ҳеч гуна бозрасӣ аз ҳеч як аз марокизи низомӣ ва ҳамчунин гуфтугӯ бо донишмандони ҳастаӣ ва соири риштаҳои ҳассос ва иҳонат ба ҳарими онҳо, дода нахоҳад шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Ман иҷоза нахоҳам дод, ки бегонагон биёянд ва бо донишмандон ва фарзандони азиз ва барҷастаи ин миллат сӯҳбат ва аз онон бозҷӯӣ кунанд.”

Вай бо таъкид бар ин ки ҳеч миллат ва давлати оқиле иҷозаи чунин кореро намедиҳад, гуфт: “Душмани пуррӯ ва вақеҳ интизор дорад, ки мо иҷоза диҳем онҳо бо донишмандон ва муҳаққиқони мо дар бораи як пешрафти асосии бумӣ ва миллӣ гуфтугӯ кунанд, аммо мутлақан чунин иҷозае дода нахоҳад шуд.”

Раҳбари Эрон хотирнишон кард: “Ин мавзӯъро душманони низоми исломӣ ва ҳамаи касоне, ки мунтазири тасмими низом ҳастанд, ба равшанӣ мутаваҷҷеҳ шаванд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Масъулони азизи кишвар, ки бо шуҷоат дар ин майдон ҳаракат мекунанд, бидонанд, ки танҳо роҳи муқобила бо душмани вақеҳ азми росих ва адами инфиъол аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома ба бархе хабарҳо мабнӣ бар талоши муштараки душманон ва бархе масъулони сафеҳи минтақаи халиҷи Форс барои кашондани ҷангҳои ниёбатӣ ба наздикии марзҳои Эрони ишора ва таъкид кард: “Посдорони инқилоби исломӣ ва ҳамаи посдорони ҳарими амнияти миллӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ ҳушёр ва бедоранд ва агар шайтанате сурат бигирад, вокуниши Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр сахт хоҳад буд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.