Сиёсат

Ардуғон: “Раисиҷумҳури Миср Мурсӣ аст, на Ассисӣ”

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи чаҳоршанбе (20.05.2015) дар нишасти хабарӣ бо Мелодин Ивонович, раиси Шӯрои риёсати Буснӣ ва Ҳерзегувин, дар шаҳри Сараево, пойтахти ин кишвар, гуфт, ки аз назари ӯ раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Ассисии кудатогар нест, балки Муҳаммад Мурсӣ аст.

Ардуғон аз тасмими содира аз сӯи дастгоҳи қазоии Миср мабнӣ бар ирҷоъи парвандаи Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср ва бархе дигар аз масъулони гурӯҳи Ихвонул-муслимин ба муфтии ин кишвар бо ҳадафи фароҳам шудани заминаи судури ҳукми эъдом барои онон, ибрози нохурсандӣ кард.

Ардуғон ҳамчунин аз сукути Ғарб дар қиболи тасмим барои эъдоми Мурсӣ интиқод кард ва гуфт: “Эъдом дар Иттиҳодияи Урупо мамнӯъ буд, пас эй кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо! Чаро акнун фарёди эътироз сар намедиҳед?

Вай дар бораи масъулони Иттиҳодияи Урупо гуфт, ки онон ҳарфе намезананд ва суханони онон фоқиди муҳтавост.

Додгоҳи кайфарии Қоҳира рӯзи шанбе дастур дод, то мадорики Муҳаммад Мурсӣ, аввалин раисиҷумҳури ғайринизомии Миср, ба ҳамроҳи 121 нафар аз маҷмӯи 166 муттаҳам, ба муфтии ин кишвар ирҷоъ шавад, то назари ӯро дар бораи эъдоми онон пас аз маҳкумият дар хусуси ду мавзӯи “ҷосусии бузург” ва “юриш ба зиндонҳо” ҷӯё шавад.

Ин додгоҳ рӯзи 2-уми июнро ба унвони эълони ҳукм эълом кард.

Бар асоси Қонуни Асосии Миср, ирҷоъи мадорик ва аснод ба муфтӣ, гоме барои заминасозии судури ҳукми эъдом ба шумор меравад ва назари муфтӣ машваратӣ хоҳад буд ва барои қозӣ илзомовар нест, ба шакле, ки дар сурати мухолифати муфтӣ, қозӣ метавонад ҳукми эъдоми муттаҳамонро содир кунад.

Бар асоси Қонуни Асосии Миср, ҳукмҳое, ки авоили моҳи июн содир мешавад, дар назди мароҷеъи олии қазоӣ қобили эътироз хоҳад буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.