Машоҳир

Бен Лодан: “Мехоҳам дар биҳишт ҳам зани ман бошӣ!”

Ахиран Иёлоти Муттаҳидаи Омрико тарҷумаи охирин мукотиботи Усома Бен Лодан, раҳбари собиқи гурӯҳи теруристии Алқоъидаро мунташир кард.

Ба гузориши рӯзномаи The New York Times, ин номаҳо ва мукотибот аз миёни 80 санади муҳим (103 сафҳа) шомили дастнавиштаҳои Бен Лодан аст, ки пас аз куштани ӯ дар хонааш дар минтақаи Аббатободи Покистон ба дасти нерӯҳои омрикоӣ афтода буд.

Бен Лодан дар яке аз номаҳо, ки дар торихи 15 августи соли 2008 хитоб ба яке аз ҳамсаронаш навиштааст, тавсияҳое ба ӯ карда. Ӯ навиштааст:

Агар ман кушта шудам ва ту хостӣ пеши хонаводаат баргардӣ, аз назари ман эроде надорад, фақат муроқиби фарзандонамон бош ва аз онон ба хубӣ муроқибат кун… Ҳамон тавр ки худат ҳам медонӣ, туро мисли тухми чашми худ медонам ва боарзиштарин чизе ҳастӣ, ки ман дар ин дунё дорам. Агар баъд аз ман хостӣ бо фарди дигаре издивоҷ кунӣ, аз назари ман эроде надорад, аммо бидон ман воқеан дӯст дорам, ки ту дар биҳишт ҳам ҳамсари ман бошӣ ва заноне, ки ду бор издивоҷ кардаанд, дар рӯзи қиёмат Худо ба онҳо танҳо ҳаққи интихоби зиндагӣ бо яке аз ҳамсаронро медиҳад.”

Бен Лодан дар номае дигар, ки дар торихи 7 августи соли 2010 ва пас аз моҷарои ифшогариҳои сойти Викиликс навиштааст, аз аъзои Алқоъида дар Афғонистон ва Покистон, ки ба забони ангилисӣ тасаллут доранд, хоста, то матни ин асноди ифшошударо ба диққат тарҷума кунанд. Ӯ навиштааст:

Ин аснод баёнгари истротежии душман (Омрико) барои муқобила бо мо дар минтақае, ки дар он зиндагӣ мекунем (Афғонистон ва Покистон) аст. Вазири дифоъи Омрико гуфта, интишори ин аснод таъсири манфӣ дар ҷанги онҳо (бо Алқоъида) хоҳад дошт.”

Ӯ ҳамчунин дар ҳамин нома, ба шиддат таъкид карда, ки иттилооти муҳим ва ҳассос аз тариқи эмайл радду бадал нашавад ва танҳо аз тариқи пайкҳои мутмаинни Алқоъида бошад. Бен Лодан навиштааст:

Мо бояд фарз кунем, ки душман ҳамаи ин мукотиботи мо аз тариқи эмайлро мебинад ва мехонад. Аз ин рӯ, бояд танҳо иттилоотеро аз тариқи эмайл радду бадал кунем, ки бо хонда шудани он тавассути душман зарбае ба мо ворид нашавад. Набояд ба эмайл эътимод дошт… Душман ба роҳатӣ метавонад ҳамаи иттилооти радду бадалшуда аз тариқи эмайл дар минтақаи зиндагии муҷоҳидонро расад кунад.

Илми компютер ва интернет илми мо нест ва мо онро ихтироъ накардаем, балки ихтироъи душман аст. Аз назари ман, эътимод ба ин систем (интернет) риски бисёр бузурге аст. Ин систем бо мардуми оддӣ кор мекунад, аммо на алайҳи касоне ки системи интернет ва эмайлро поягузорӣ кардаанд. Ҳамаи иттилооти муҳим ва ҳассос бояд аз тариқи пайкҳои мутмаин мунтақил шавад.”

Бен Лодан дар торихи 2 майи соли 2011 дар як амалиёти фавқи сиррии нерӯҳои вижаи омрикоӣ дар хонаи амни худ дар минтақаи Аббатободи Покистон кушта шуд ва ҷасади ӯ пас аз амалиёт ба уқёнуси Ҳинд андохта шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.