Салафият

“Висоли ҳақ” хиёли ҳукумати Тоҷикистонро роҳат кард

Ба назар мерасад, нигаронии давлатмардони Тоҷикистон – чӣ худи ҳукумат бошад ё Маркази исломӣ ва ё Кумитаи дин – аз барномаҳои “вижаи Тоҷикистон”-и шабакаи телевизиюнии “Висоли ҳақ”, ҷо надошта бошад. Зеро агар андаке дар муҳтавои ин барномаҳо ва паёме, ки ин шабака бо иҷрои барномаҳояш мехоҳад ба ҷомеаи Тоҷикистон бирасонад, таъаммул бишавад, комилан равшан ва возеҳ аст, ки ин барномаҳо, на ин ки ба зарар ва зиёни ҳукумати феълӣ, ки баръакс ба суд ва нафъи ӯ дар ҳоли анҷомидан аст.

Тавзеҳ ин ки: пеш аз иҷрои ин барномаҳо, агар дағдағаи фикрии мунтақидони ҳукумати феълӣ ва ба хусус ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия, бештар ҳавли меҳвари мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар мечархид ва онон бештар рӯи ҳамин масоил мутамаркиз буданд, вале алъон, ва ба баракати барномаҳои ин шабака, дигар барояшон ин масоил муҳим ҷилвагар намешавад, ва ё лоақал, дар авлавияти барномаҳояшон қарор надорад.

Балки имрӯз, бо як “ғул” ва як “душмане ҷадид ва хатарнок” мувоҷеҳ ҳастанд, ки бояд тамоми талош ва кӯшиши худро харҷ кунанд, то ин “душман” ва ин “ғул” аз сари роҳашон бардошта бишавад. Хуб, ҳоло ин “ғул” ва ин “душман” кист? Муҷрии шабакаи “Висоли ҳақ” мегӯяд, бузургтарин хатаре, ки тоҷику тоҷикистонӣ имрӯза бо он рӯ ба рӯст, ин шиъа ва хатари он аст; ба ҳадде ки агар ҳамин имрӯз даст ба кор нашаванд, ин “ғул” ҳамаи онҳоро хоҳад балъид.

Бо ин ҳисоб, барномаҳои ин шабака, барои давлатмардони тоҷик чунон ҳам набудааст, ки аз он чандон нигарон ва сару садо роҳ биандозанд, балки баръакс, ба назарам бояд хушҳол ҳам бошанд. Магар сиёсати ин ҳукумат ин набуд, ки коре бикунад, то мухолифонаш ё дар ҷомеа беарзиш ва ё ҳаддиақал, ба умуре дигар андармон бишаванд; ба гунае ки дигар вақте кофӣ барои интиқоди сиёсатҳои ҳукумат барояшон боқӣ намонад? Хуб, ҳоло “Висоли ҳақ” барояшон ин андармонӣ ва ин саргармӣ ва ин “душман”-ро эҷод карда.

Ба назарам, агар ҳукумати кунунии Тоҷикистон барои ёфтани як андармонӣ барои мунтақидонаш ва ё сохтани “душмане ҷадид” барояшон, милюнҳо дулор ҳам харҷ мекард, наметавонист коре, ки имрӯз барномаҳои шабакаи “Висоли ҳақ” барояш ба сурати ройгон анҷом медиҳад, анҷом бидиҳад. Бинобар ин, ин ҳукумат бояд шукргузори масъулони ин шабака ва барномаҳояш бошад, на нафринкунандаи он!

Ҷаноби муфтӣ пештар танҳо дағдағае, ки дошт ин буд, ки масоили шиъа ва суннӣ дар ҷомеа матраҳ ва мардумро аз хатари “шиъа” биҳаросонад. Ба назарам, ҳоло ӯ ба ин орзуяш расида. Дар яке аз барномаҳои шабакаи “Висоли ҳақ” (як ҳафта пеш), яке аз муллоҳо аз дохили Тоҷикистон тамос гирифт ва хитоб ба муҷрии ин барнома гуфт, ки лутфан шумо коре ба кори ҳукумат ва мушкилоти мавҷуд надошта бошед, балки бештар масоили шиъа ва хатари онро матраҳ бикунед. Дар барномаи дирӯз ҳам як нафар – ки собиқан давлат аз ӯ барои сиёҳ кардани мухолифонаш баҳра меҷуст – зимни тамос, масоилеро матраҳ кард, ки шунаванда фикр мекунад, мардуми Тоҷикистон агар ҳамин ҳоло даст ба кор нашаванд, ҳамаи фарзандонашон ба “шиъа” табдил хоҳанд шуд.

Албатта, лозим аст ёдовар бишавам, ки Оли Сауд – ки дар пушти ин шабака истодааст ва онро сармоягузорӣ мекунад – танҳо коре, ки дар тӯли ҳаёти мамлакатдорияш муваффақ ба анҷоми он шуда, ин эҷоди “душман” барои мусалмонон аз дохили худи мусалмонон аст. Инҳо аз ҳамон оғози зуҳурашон корашон ҳамин буд. Хилофати Усмонӣ ба дасти ҳамин хонадон дар Ҳиҷоз суқут кард. Довудуғлу, нахуствазири Туркия, чанд рӯз пеш ҳарфи дурусте зад. Ӯ, ки ба манзури анҷоми таблиғоти интихоботии моҳи оянда ба устони Бурсо сафар карда буд, бо ишора ба хонадони Оли Сауд ва тавсифи онҳо “ба касоне ки камари демукросӣ дар Мисрро шикастанд”, гуфт: “Онҳо масъули тамоми нооромиҳо ва даргириҳои мазҳабии ҷорӣ дар Ховари Миёна мебошанд. Баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури мунтахаб, ҷангҳои фирқаӣ ҷойгузини демукросӣ шуд ва кудатогарон бо ҷиддияти тамом талош мекунанд, то кишварро ба даврони Ҳусни Муборак баргардонанд.” (Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии World Bulletin)

Шояд ин ҳарфҳо, ки алъон гуфтам, ба мазоқи бархеҳо хуш наояд, вале инро барои торих мегӯям ва чанд соли баъд — агар ин барномаҳо ба ҳамин минвол идома пайдо бикунанд – худашон бо чашмони худ шоҳид хоҳанд буд, ки Оли Сауд чӣ барномае шайтонӣ барои Тоҷикистон тадорук дидааст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

1 ответ »

  1. Оқои Сайдюнус дуруст астки номи шуморо бурда буд вале набояд вокуниш нишон медодед зеро аксуламали шумо сабаби калон шудани баҳс ва вокуниши дигарбораи онҳо мегардад. Ба хусус вақтеки шиаро хатари Ҳукумат медонед дигар мегуянд нагуфтемки ин шиа аст агар намешуд тефи худро душмани ҳукумат намедонист. Ба назари ман агар сухан намегуфтед баъди чанд руз пақ-пақ хомуш мешуданд ҳоло дигар мунтазири вокуниши онҳо бошед.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.