Перейти к содержимому

Нишоне шоиста барои фарде шоиста

Хабари эътои нишони тиллоии “Ваҳдат” ба донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ҷаноби Сафар Абдуллоҳ аз сӯи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури ин кишвар, бе тардид ҳар тоҷикеро хурсанд ва мӯҷиби ифтихор ва боландагии ӯ мешавад.

Ба гузориши хабаргузории TojNews, дар Қазоқистон бо фармони раисиҷумҳури ин кишвар ба донишманди тавонои тоҷик Сафар Абдуллоҳ нишони тиллоии “Ваҳдат” эъто кардаанд.

Бар пояи ин гузориш, нишони тиллоии “Ваҳдат”-и Анҷумани мардуми Қазоқистонро ба Сафар Абдуллоҳ барои саҳми пурарзишаш дар рушди фарҳанг ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни мардум сазовор донистаанд.

Насибҷон Амонӣ, як масъули Хабаргузории телегрофи Тоҷикистон (ТоҷикТА), ки дар Қазоқистон фаъолият мекунад, гуфт, ки нишони мазкур ба донишманди тоҷик дар ҳамоише, ки бо ҳузури аъзои Шӯрои Анҷумани мардуми Қазоқистон ва нухбагони шаҳри Алмаато дар Кохи дӯстии ин шаҳр баргузор шуд, эъто карданд. Дар ин ҳамоиш ба чеҳраҳои маъруфи ин кишвар аз миллатҳои дигар нишони ҷашнии 20 солагии Анҷумани мардуми Қазоқистонро супурдаанд.

Сафар Абдуллоҳ дар суханронии худ дар ин ҳамоиш аз Ҳукумати Қазоқистон ва раҳбарияти Анҷумани мардуми ин кишвар барои арҷгузориашон изҳори сипос карда, мисраҳои Мавлонои бузургро қироат кардааст:

Эй басо ҳиндиву туркӣ ҳамзабон, 

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас забони ҳамдилӣ бас дигар аст, 

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Бар асоси гузориши TojNews, Бекпӯлод Тошпӯлодов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Алмаато ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки низ дар ин маҳфил ҳузур дошт, гуфт, ки бо нишони тилло қадр гардидани Сафар Абдуллоҳ, ки зери он фармон сарвари кишвар Нурсултон Назарбоев имзо гузоштааст, на танҳо барои донишманд, балки барои ҳама тоҷикони муқими ин кишвар рӯйдоди фараҳбахш ва ёдмон аст.

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) Устод Сафар Абдуллоҳро ба хотири дарёфти ин нишони пурифтихор ва шоиста табрик ва таҳниат мегӯям ва барояш комёбиҳо дар зиндагӣ ва фаъолиятҳо орзу мекунам.

Ин нишони шоиста барои шахсияте шоиста чун Шумо Устод Сафар Абдуллоҳ гиромӣ бошад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: