Ахлоқи зишт

Гуноҳонро чӣ гуна маҳв кунем?

Ҳамон гуна ки амалҳои нек ва солеҳи инсон ба воситаи бархе гуноҳон табоҳ мешаванд, ҳамин тавр баъзе аз аъмоли нек низ сабаби аз байн рафтани гуноҳон мешаванд.

Дар Қуръони Карим ва ривоёт роҳҳои фаровоне, ки мӯҷиби аз байн рафтани гуноҳон ва осори онҳо ва балки табдили онҳо ба некиҳо мешавад, баён шудааст.

Аз маҷмӯи ин оёт ва ривоёт ин матлаб ба даст меояд, ки имон, амали солеҳ, тавба ва тарки гуноҳони кабира, роҳҳои аз байн бурдани гуноҳон будааст.

Хондани намозҳои нофила, махсусан намози шаб

Худованди Таъоло дар Қуръон мефармояд:

وَأَقِمِ الصَّلاَةَ طَرَفَیِ النَّهَارِ وَزُلَفًا مِّنَ اللَّیْلِ إِنَّ الْحَسَنَاتِ یُذْهِبْنَ السَّـیِّئَاتِ

Дар оғоз ва анҷоми рӯз ва посе аз шаб, намоз бапо дор, ки ҳасанот (некиҳо) сайиот (бадиҳо)-ро аз миён мебарад.” (Ҳуд, 114)

Имом Содиқ (а) дар зайли тафсири ҳамин оят фармудааст:

صلوة المؤمن باللیل تذهب بما عمل من ذنب النهار

Намози шаби мӯъмин, гуноҳони рӯзи ӯро маҳв ва нобуд месозад.”

Имон ва амали солеҳ

Қуръони Карим мефармояд:

إِن تَجْتَنِبُوا كَبَآئِرَ مَا تُنْهَوْنَ عَنْهُ نُكَفِّرْ عَنكُمْ سَیِّئَاتِكُمْ

Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз онҳо наҳй шудаед, дурӣ гузинед, бадиҳои шуморо аз шумо мезудойем.” (Нисо, 31)

Пас бояд кӯшид, то аз тариқи тақвияти маърифат ва шинохти Худо ва огоҳӣ аз неъматҳои моддӣ ва маънавии Ӯ ва анҷоми амалҳои солеҳ, имонро тақвият кард.

Тавба

Тавба (бозгашт аз гуноҳон) сабаби маҳв ва аз байн рафтани ҳамаи гуноҳони кабира ва сағира мешавад. Оятҳои 68 ва 69 сураи Фурқон, ба анҷомдиҳандагони бархе гуноҳони кабира ваъдаи азоби дучанд ва ҷовидона мондан дар ҷаҳаннам дода, сипас фармудааст: магар касе ки тавба кунад ва имон биёварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, ки дар ин сурат Худованд на танҳо гуноҳони ӯро мебахшад, балки онҳоро ба ҳасанот ва некиҳо табдил мекунад.

Истиғфор

Яке дигар аз умуре, ки сабаб мешавад гуноҳон маҳв шаванд, истиғфор (талаби бахшиши гуноҳон) аст, ки дар ривоёти фаровоне ба он ишора шудааст. Имом Содиқ (а) мефармоянд:

Инсон вақте муртакиби гуноҳе мешавад, аз субҳгоҳон то ҳангоми шаб ба ӯ мӯҳлат медиҳанд, пас агар истиғфор кард, амали ӯ нодида гирифта мешавад.”

Дар ривояти дигаре мефармоянд:

Ҳафт соат ба ӯ мӯҳлат медиҳанд, агар аз гуноҳ тавба кард, чизе барои ӯ наменависанд. Ва агар ҳафт соат гузашт ва аз гуноҳ пушаймон нашуд, барояш менависанд.” Ва дар идома мефармоянд:

Шахси мӯъмин гоҳе баъд аз 20 сол гуноҳаш ба ёдаш меояд, вале кофир ҳамон лаҳза баъд аз анҷоми гуноҳ, фаромӯш мекунад.”

Ва дар ривояти дигаре нақл шуда, ки Имом Содиқ (а) фармуд:

Барои ҳар дарде доруест, ва доруи гуноҳон истиғфор аст.”

Тарки гуноҳони бузург

Тарки гуноҳони бузург (кабира), сабаби аз байн рафтани осори гуноҳони кучак (сағира) мешавад:

إِن تَجْتَنِبُوا كَبَآئِرَ مَا تُنْهَوْنَ عَنْهُ نُكَفِّرْ عَنكُمْ سَیِّئَاتِكُمْ وَنُدْخِلْكُم مُّدْخَلاً كَرِیمًا

Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз онҳо наҳй шудаед дурӣ гузинед, бадиҳои шуморо аз шумо мезудоейм ва шуморо дар ҷойгоҳе арҷманд дармеоварем.” (Нисо, 31)

Ҳар кори хуб ва шоиста

Ҳар кори хуб ва шоиста ва ҳар амале, ки мисдоқи ҳасана бошад, омиле барои аз байн рафтани бадиҳо мебошад:

انّ الحسنات یذهبن السیئات ذلك ذكری للذاكریم

Ҳасанот (хубиҳо) сайиот (бадиҳо)-ро бартараф месозанд. Ин матлаб тазаккур ва ёдоварист барои онҳое, ки тазаккур пазиранд.”

Ҳасанот мутлақ аст ва шомили ҳамаи ибодатҳо ва ҳар кори арзишманде, ки шаръиат онро таъйид ва таъйин карда ва ба қасди тақарруб ва наздикӣ ба Худо анҷом гирад, мешавад.

Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:

انّ اللَّه یكفّر بكل حسنةٍ سیئةً

Бо анҷом додани ҳар ҳасана, Худованд як гуноҳ ва сайиаро мепӯшонад ва маҳв месозад.”

Таҳорат ва ҳузури қалб

Пайваста бо таҳорат (вузӯ) будан ва ҳамчунин иқомаи намозҳои панҷгона бо ҳузури қалб, мӯҷиби аз байн рафтани гуноҳон мешавад. Ҳазрати Салмони Форсӣ мегӯяд:

Рӯзе бо Паёмбари Акрам (с) зери дарахте нишаста будем. Ҳазрат шохаҳои хушки он дарахтро такон дод, тамоми баргҳои он фурӯ рехт. Сипас рӯ ба ман кард ва фармуд: суол накардӣ чаро ин корро кардам? Гуфтам: шумо бифармоед, манзуратон чӣ буд? Фармуд:

Ҳангоме ки мусалмон вузӯ бигирад ва хуб вузӯ бигирад сипас намозҳои панҷгонаро баҷо оварад, гуноҳони ӯ фурӯ мерезад, ҳамон гуна ки баргҳои ин шоха фурӯ рехт.

Сипас ояти

انّ الحسنات یذهبن السیئات

-ро тиловат карданд.”

Tebyan

1 ответ »

  1. ЧӢ ГУНА АЗ ГУНОҲ ДУРӢ КУНЕМ?
    Марде назди Имом Ҳусейн(а) омад ва гуфт: Ман марди гунаҳкоре ҳастам ва неруи муқовимат дар баробари гуноҳ надорам. Маро мавъиза ва панд бидиҳед.
    ИМОМ ҲУСЕЙН(р) фармуд: Панҷ корро анҷом бидеҳ ва пас аз он ҳарчи мехоҳӣ, гуноҳ кун:
    1 – Рӯзии Худоро махӯр ва он гоҳ ҳарчи мехоҳӣ, гуноҳ кун.
    2 – Аз қаламрави ҳукумати Худо берун бирав, он гоҳ ҳарчи хоҳӣ, гуноҳ бикун.
    3 – Ба ҷое бирав, ки Худо туро набинад ва онҷо ҳарчи хоҳӣ гуноҳ кун.
    4 – Ҳар гоҳ фариштаи марг назди ту омад, то руҳатро қабз кунад, ӯро аз худ бирон ва он ҳангом ҳарчи хоҳӣ гуноҳ бикун.
    5 – Ҳангоме ки молики дӯзах туро равонаи дӯзах кард, аз рафтан ба дӯзах сарпечӣ кун ва он гоҳ ҳарчи хоҳӣ гуноҳ кун.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.