Сиёсат

Сарнавишти Укройн, сарнавишти Урупост

Мақолае аз Юлию Тимошенко, нахуствазири собиқи Укройн, дар Project-Syndicate

Барои чандин сол, ба назар мерасид, ки густариши Иттиҳодияи Урупо ба сӯи шарқ, ғайри қобили таваққуф аст. Аммо бо ишғоли Укройн тавассути Русия, ба назар мерасад, ки раисиҷумҳур Владимир Путин дар мутаваққиф кардани талоши Урупо барои густариши демукросӣ, ҳукумати қонун ва бозорҳои боз дар саросари қорра муваффақ шудааст. Иттиҳодияи Урупо набояд ба дархостҳои вай сари таъзим фуруд оварад. Сарнавишти Укройн, сарнавишти Урупост.

Дар воқеъ, Путин намехоҳад танҳо равандҳои сиёсӣ, маданӣ ва иҷтимоии урупоиҳоро аз тариқи Укройн мутаваққиф кунад, балки мехоҳад авзоъ дар Болтик, Болкон ва ҳар ҷойи дигаре дар қорраи Урупо — ки аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ё популизми авомфиребона бо бӯҳрон рӯ ба рӯст — ро ба ақаб бозгардонад. Нишасти Ҳамкориҳои шарқи Иттиҳодияи Урупо дар Риго (ки дар 21 ва 22 май баргузор мешавад), метавонад ва бояд азми росихи Урупоро дар дифъ аз ваҳдат, амният ва арзишҳои Урупо дар баробари таҳоҷуми Русия нишон диҳад. Ин иқдомот боисте бо равишҳои айнӣ сурат пазирад, на ин ки фақат бо як баёнияи расмӣ таҷовузи Кремлин маҳкум бишавад.

Болотарин аҳаммияти ин масъала, эҷоди сиёсати ҷадид дар бораи ҳамкории воқеӣ дар миёни мардум аст. Дар сурате ки ин ҳамкориҳо таъсиргузор бошанд, шаҳрвандони ин кишварҳо зинафъи воқеии ин иттифоқ хоҳанд буд. Таъаҳҳудот (ӯҳдадориҳо)-и саховатмандонаи Иттиҳодияи Урупо дар таҳаррук, кӯмак ба ширкатҳои миёна ва корофаринон ва афзоиши фурсатҳои омӯзишӣ, мавориди калидие ҳастанд, ки метавонанд чунин ҳамкориҳои сиёсиро барои аксарияти мардум ҷаззоб кунад.

Укройн бояд меҳвари ҳар гуна талош барои эҳёи мушорикати шарқӣ дар Урупо бошад. Бале, хабарҳое, ки аз кишвари ман мунташир мешавад, ҳамчунон бад аст. Ҳазорон тан аз шаҳрвандони мо мурдаанд, садҳо ҳазор нафар ҳамакнун дар кишвари худашон овора шудаанд. Тавофуқи оташбаси Минск-2 ҳам дар маҳори нерӯҳои рӯсӣ ва ҷудоиталаб шикаст хӯрдааст.

Дар ҳоле ки иқтисоди Укройн муддати замони зиёде нест, ки дучори суқут шудааст, яъне аз зимистони гузашта (феврали 2014), ки нерӯҳои русӣ барои аввалин бор кишварро ишғол карданд, тавлиди нохолиси дохилӣ беш аз як чаҳорум суқут доштааст. Бекории расмӣ аз 7.3 дарсад дар пеш аз ишғол ва пайвастани Кирима, ба беш аз 10 дарсад дар ҳоли ҳозир расидааст. Бадеҳии миллии мо рӯз ба рӯз бештар мешавад, то ҷое ки нашрияи “Экономист” эҳтимол дода, ки мумкин аст мо “Юнони шарқ” шавем. Илова бар ин, қисмати умдае аз иқтисоди мо ҳамчунон дар дасти ҷудоиталабон аст ва бидуни ҳеч гуна ибое онҳо дороиҳои моро медузданд.

Давлати Укройн дар мувоҷеҳа бо чунин шароити фоҷеъаборе, шабеҳи писари рустоии ҳуландие аст, ки ангуштонашро барои ҷилавгирӣ аз нишасти оби баҳр ба даруни сӯрохи як садд, гузошта буд. Бо вуҷуди талошҳои бисёр зиёд, ба назар мерасад, ки ин нишасти об ҳамчунон идома дорад. Ҳақиқати сода ин аст, ки Урупо бояд дарк кунад, ки Укройн ангушти кофӣ барои пур кардани тамоми сӯрохиҳои ин садд надорад.

Бо тамоми ин тавзеҳот, агар Путин муваффақ шавад, ки Укройнро табдил ба як кишвари шикастхӯрда бо даргириҳои бепоёне кунад, дар натиҷа метавонад иқдомоти мушобеҳеро дар тамоми марзҳои Иттиҳодияи Урупо, аз Эстунӣ гирифта то Юнон, анҷом диҳад.

Танҳо роҳи мушаххасе, ки Урупо метавонад нишон диҳад, ки ваҳдати вай бо Укройн ҳамчунон зинда аст, ташвиқ ба сармоягузорӣ дар кишвари ман аст. Аз замони ишғоли Русия, сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар Укройн нобуд шудааст. Ин чизе буда, ки Путин мехост. Иттиҳодияи Урупо метавонад бо эҳёи иқтисоди Укройн аз тариқи сармоягузориҳои бонкҳои урупоӣ дар пружаҳои зерсохтӣ, шомили иттисоли хатти роҳи оҳан ба Урупо, таъаҳҳудаш дар ин заминаро нишон диҳад.

Имрӯз Иттиҳодияи Урупо бо як интихоби ҳассос рӯ ба рӯст: эҳёи ҳамкориҳои шарқӣ ё эҳёи тақсими Урупо. Ин тасмим метавонад дар нишасти Риго гирифта шавад; нишасте, ки сарнавишти Урупоро барои чандин даҳа мушаххас мекунад.

Project-Syndicate

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.