Машоҳир

Худо бароят шифо диҳад!

Ёддошти ахири дӯсти азизамон Додоҷон Атовуллоев дар сафҳааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, дар торихи 18 май, бо нашри аксе дар бистари беморӣ, чунин буд: “Я много раз падал с седла, но никогда не падал духом. Дуо кунед…

Зоҳиран, ин муборизи хастагинопазир, имрӯзҳо бистарӣ аст. Албатта, бо шинохте, ки ман аз ин мард дорам, ӯ иншоаллоҳ ин марҳиларо низ пушти сар мегузорад ва ба майдони набард хоҳад баргашт…

Додоҷон Атовуллоев, бо таваҷҷӯҳ ба шахсияти мунҳасир ба фарди худ дар роҳи мубориза ва талош барои озодӣ ва демукросӣ дар Тоҷикистон — он ҳам муборизаи наздик ба 30-солааш — имрӯза барои ҷавонон рамзе аз як инсони мубориз ва касе ки дар ин роҳ ҳама чизи худро фидо ва қурбон кардааст, табдил гардида…

Бале, ӯ душманоне дорад ва кам ҳам нестанд. Мунтақидоне дорад ва андак ҳам нестанд. Ва албатта, баъзе аз он интиқодҳо баҷо ва муваҷҷаҳ ҳам ҳастанд. Вале, бо ин ҳама, итминон дорам, ки ҳам душманони вай ва ҳам мунтақидонаш, гузашта аз дӯстон ва ҳаводоронаш, ҳамагӣ қабул доранд, ки ӯ як уъҷуба аст. Инсоне аст, ки ҳадаф барояш муқаддам аз ҳар чизе дигар аст ва ҳатто аз шахси худаш.

Уъҷуба аз ин назар, ки муборизаро барои мубориза мехоҳад. Ин, ба назар аҷиб мерасад, вале воқеияти ӯ ҳамин аст. Мегӯяд, агар ҳам ба ҳадафам расидам, на ба дунболи ҷойгоҳ хоҳам буд ва на дар пайи мансабе хоҳам шуд. Яъне, агар ин ҳукумат рафт ва ҳукумате дигар сари кор омад, боз дар мақоми мунтақид нишаста ва ба истилоҳ, опозисиюни он хоҳам шуд. Зеро, аз назари вай, ҳукумате, ки мухолиф ва мунтақиди ҷиддӣ ва сарсахт надошта бошад, дер ё зуд ба диктотурӣ мунҷар хоҳад шуд.

Шояд беҳтарин таърифе, ки аз Додоҷон Атовуллоев шуда, таърифе аст, ки бародари азизамон ҷаноби оқои дуктур Муҳиддин Кабирӣ аз ӯ карда, замоне ки бо интиқодҳои бисёр сахти Додоҷон рӯ ба рӯ шуда буд. Кабирӣ Додоҷонро ба “будильник” ташбеҳ кард ва гуфт: “Касоне мисли ӯ дар ҳар ҷомеа лозиманд, онҳоро ман ба соати зангдор ташбеҳ мекунам. Ҳамаамон ниёз ба чунин соат дорем, то дар ғафлат намонем, вале касе ин соатҳоро дӯст намедорад. Гоҳо мехоҳем аз тиреза берун партоем, чун асабӣ мекунад, вале боз ҳам зарурат дорем, бояд дер накунем. Соат барои президент ҳам як хел занг мезанаду барои деҳқон ҳам ва парво ҳам надорад, ки касе аз ӯ нороҳат мешавад ё не...”

Ба ҳар ҳол, барои ин азиз дуо мекунем. Дуо мекунем, ки Худованд ҳар чӣ зудтар шифояш диҳад ва ба майдон баргардад. Аз азизон ҳам – чӣ дӯстони вай ва чӣ мунтақидон ва ҳатто руқабои сиёсиаш – мехоҳам барои ин мард дуо кунанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.