Сиёсат

“Эй кош дуо намекардам!”

Танҳо дуои ман дар намозҳо ин буд, ки аз Худо мехостам, парчами “Давлати Исломӣ” ҳар чӣ зудтар бар болои биноҳо ва сохтмонҳои давлатии шаҳри Рамодӣ низ чунон ки дар Мусил барафрошта шуд барафрошта бишавад. Аммо эй кош ин дуоро намекардам! Акнун ин ман ва ин бақоёи хонаводаам ва ин саргардониҳоям! Писарамро дар ҷилави чашмонам сар буриданд, бе ҳеч гуноҳе, фақат ин ки ҳозир нашуд, бо “Халифа” байъат кунад. Ду писари бародарам низ ба ҷое номаълум бурда шуданд, намедонам акнун куҷоянд?! Умедворам зинда бошанд… Дуо мекунам, ҳар чи зудтар нерӯҳои давлатӣ ва шиъаён ин авбош (ишора ба ДОЪИШ)-ро аз Рамодӣ дур биронанд, ва аслан дуо мекунам, решаашон дар Ироқ ва Сурия ва ҳар ҷо, ки пояшон ба он ҷо расида, хушк бишавад…

Инҳо суханони як руҳонии аҳли тасаннун ва имом ҷамоати яке аз масоҷиди Рамодии Ироқ ба номи Шайх Холид Аҳмад ал-Аввод дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ройтерз аст, замоне ки ҳамроҳ бо бақоёи хонаводааш, аз дасти доъишиҳо, ки чанд рӯз пеш шаҳри Рамодиро тасарруф кардаанд, ба тарафи Бағдод фирор мекард.

Имрӯзҳо, баъид нест, дар бисёре аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Тоҷикистони худамон, афроде ёфт бишаванд, ки якчунин дуоеро – яъне ҳамин дуое, ки ин руҳонӣ мекарда ва аз Худо мехоста, “парчами “Давлати Исломӣ” ҳар чӣ зудтар бар болои биноҳо ва сохтмонҳо барафрошта бишавад” – ро замзама бикунанд; касоне ки “ташнаи барпоии адолати Халифаи худхонда Абӯбакри Бағдодӣ ҳастанд”. Зеро бандаҳои Худо, ки бо моҳияти аслии ин авбошҳо ошно нестанд ва намедонанд, ин мавҷудот чӣ мавҷудоте ҳастанд. Огоҳиашон аз онон, танҳо ба ҳамин миқдор аст, ки ба гӯшашон хӯрда, дар Ироқ ва Сурия “Хилофати Исломӣ” барпо шуда. Ва аз сӯе ҳам, тасаввурашон аз “Хилофати Исломӣ”, ҳамон тасаввуроте аст, ки аз Хилофати Исломӣ дар гузашта ва дар торих дар зеҳнашон нақш баста. Абӯбакри Бағдодӣ дар назарашон касе шабеҳи Умар ибни Абдулазиз аст (билоташбеҳ), ки давроне, ниме аз кураи хокиро бо адолаташ пур карда буд.

Агар як нафар ҷавон аз Тоҷикистон ва ё Ӯзбакистон ё ҳар кишваре дигар, баланд мешавад ва ба сӯи Ироқ ё Сурия рахти сафар бармебандад ба ин қасд, ки ба саффи “муҷоҳидон” дар ин ду кишвар бипайвандад, ӯ бо ҳамин тасаввурот роҳии ин ду кишвар мешавад ва фикр мекунад, ҷузъи сипоҳи лашкари “Умар ибни Абдулазиз” хоҳад шуд. Аммо вақте меравад ва бо чашмони худ мебинад ва аз наздик бо моҳияти он авбошҳо ошно мешавад, дигар барояш дер шудааст, ки қасди баргаштан намояд. Зеро рафтани ӯ бо ихтиёри худаш буд, вале баргаштанаш дар ихтиёри худаш нест. Қасди баргаштан аз он ҷо барои вай баробар аст бо марг.

Аммо гузашта аз инҳо, суоле, ки барои ҳар як аз мо имрӯзҳо матраҳ аст ин аст, ки оё метавон ҷилави ин авбошро гирифт? Посух мусбат аст ва роқими сутур дар мақолае таҳти унвони “Дарди саре ҷадид ба номи ДОЪИШ барои Тоҷикистон”, филҷумла ба посухи ин пурсиш пардохтаам.

Панҷ силоҳи маргбори ДОЪИШ

Яке дигар аз пурсишҳо дар ҳамин росто, ки ёфтани посух барои он ҳам муҳим аст, ин аст, ки сабаб ва иллати пешравиҳои бевақфаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар чист? Ахиран мақолае аз Дониёл ДеПетрис (Daniel R. DePetris) таҳти унвони “Панҷ силоҳи маргбори ДОЪИШ” (ISIS’s 5 Most Lethal Weapons of War) дар пойгоҳи The National Interest мунташир шуд, ки ба назарам, посухи он пурсишро метавон дар ҳамин мақола пайдо кард. Ӯ менависад:

Аз нуқта назари низомӣ, бо ин ки гурӯҳи ДОЪИШ хасоратҳои зиёде дарёфт карда ва бисёре аз аъзо ва адавоти низомияшро аз даст додааст, вале ин гурӯҳ ҳамчунон қудратманд аст. Дар идома, ба панҷ силоҳи маргбори ДОЪИШ дар ҷанг ишора мешавад:

  1. Бомбгузории интиҳорӣ:

ДОЪИШ барои мутеъ сохтани як русто фақат кофӣ аст аз як бомбгузори интиҳорӣ истифода кунад. Ин гурӯҳ дар тӯли ҳаёти 25 моҳааш ба ҳеч ваҷҳ бо камбуди мардони ҷавони интиҳорӣ, ки бо истифода аз ҷалиқаҳои инфиҷорӣ ва ё бо савор шудан бар мошин, бомбгузорӣ мекунанд, рӯ ба рӯ нашудааст. Сипоҳи интиҳории ДОЪИШ бо анвоъи бомбгузориҳо дар масҷиди пур аз намозгузори шиъа гирифта то пойгоҳи низомии давлати Ироқ дар устони Аланбор, мавҷе аз ваҳшат ба дили мардум меандозад;

  1. Таслеҳоти шимиёӣ:

Ҳаддиақал як намуна аз истифодаи ДОЪИШ аз силоҳи шимиёӣ вуҷуд дорад ва он марбут ба либосҳои боқимонда аз ҷангҷӯёни ДОЪИШ дар ҳамлаи 23 январ дар шимоли Ироқ алайҳи нерӯҳои курд мешавад, ки озмоиши ба амал омада аз либосҳои онҳо нишондиҳандаи вуҷуди гози саммӣ будааст. Хушбахтона ДОЪИШ дорои захоири таслиҳоти шимиёӣ нест, аммо ҳамлаи 23 январ нишон дод, ки эҳтимолан онҳо дорои як бомби шимиёии клор ҳастанд;

  1. Таҷҳизоти инфиҷорӣ:

ДОЪИШ ин силоҳро аз Алқоъидаи Ироқ ба даст овардааст ва аз он алайҳи нерӯҳои ироқӣ ва шибҳинизомиёни шиъа истифода мекунад. Бо ин вуҷуд, ин гурӯҳ бо тағйироти андаке, ки дар ин силоҳ дода, аз он ба унвони таҷҳизоти дифоъӣ истифода мекунад: онҳоро дар хонаҳо қарор медиҳад, то кори поксозии минтақа замони бештаре аз нерӯҳои амниятии ироқӣ бибарад (монанди Тикрит). Ин гурӯҳ ҳамчунин ин бомбҳоро дар канори ҷодаҳо ҳам қарор медиҳад, то суръати пешравии нерӯҳои низомии ироқӣ кунд шавад;

  1. Таҷҳизоти сангин: тонк ва нафарбар:

Гурӯҳҳои теруристии зиёде дар саросари ҷаҳон вуҷуд доранд, аммо ДОЪИШ як тафовути муҳим бо онҳо дорад: дастрасӣ ба таслиҳоти сангин ва мудерни артиши кишварҳо. Фатҳи Мусил ва Тикрит дар тобистони гузашта ва ақибнишинии шитобзадаи даҳҳо ҳазор нафар аз сарбозони ироқӣ, имтиёзи густардае барои ДОЪИШ буд, чун тавонист бисёре аз таслиҳоте, ки Иёлоти Муттаҳида ба артиши Ироқ дода буд-ро ба даст биёварад;

  1. Ваҳшигарӣ ва эҷоди тарсу ҳарос:

Форк, Алқоъида, Толибони Покистон ва шабакаи Ҳаққонӣ ҳамагӣ бо эҷоди тарси мардум қаламрави худашонро контрол мекарданд. Ин як токтики ҷавобдода барои гурӯҳҳои теруристӣ аст. Яке аз токтикҳои аслии ДОЪИШ, эъдомҳои дастаҷамъӣ аст. ДОЪИШ мардумро ба хотири вобастагиҳои мазҳабӣ ва ё идеулужии сиёсӣ мекушад. Аз Либӣ то Сурия ва Ироқ, шибҳинизомиёни ДОЪИШ ҳазорон нафар аз мардумро куштаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.