Салафият

Арабистон ҳувияти омили инфиҷори масҷиди шиъаён дар ин кишварро эълом кард

Пас аз он ки гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ҳодисаи рӯзи гузашта дар масҷиди шиъаён дар минтақаи Қатифи Арабистонро бар ӯҳда гирифт, сухангӯи Вазорати кишвари Арабистон эълом кард: “Омили интиҳории масҷиди шиъаён дар Қатиф, Солеҳ Абдураҳмон ал-Қашъамӣ ном дорад.”

Ба гузориши шабакаи Аларабия (вобаста ба Оли Сауд), сухангӯи Вазорати кишвари Арабистон афзуд: “Ин омили интиҳорӣ дар ҳодисаи теруристии масҷиди Қатиф аз моддаи мунфаҷираи RDX истифода кардааст, ки қудрати инфиҷории зиёде дорад.”

Лозим ба ёдоварист, дар ин ҳодисаи теруристӣ, 22 нафар аз намозгузорон шаҳид ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд. Дар маросими Ошурои соли гузашта низ дар пайи тирандозӣ муқобили яке аз масоҷиди шиъён дар минтақаи Эҳсои Арабистон, 7 нафар шаҳид ва беш аз 30 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бо вуқӯи ин ҳодисаи дилхарош, баҳсҳо ва ҷадалҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ авҷ гирифтааст. Абӯаҳмад ал-Қаранӣ, яке аз асотиди донишгоҳ дар Арабистони Саудӣ, бо интишори яке аз сафаҳоти кутуби дарсии донишомӯзон дар ин кишвар, ки номи шиъа дар ин китоб “мушрик” унвон шудааст, дар сафҳаи худ дар Твиттер менависад:

Таваққӯъ надошта бош аз донишомӯзон, ки ихтилофоти мазҳабиро раҳо кунанд, дар ҳоле ки дар кутуби дарсии худ ин гузораро мехонанд.”

Воқеан ҳам ин фарди саудӣ дуруст мегӯяд. Чӣ гуна мумкин аст, ки муфтиҳои ваҳҳобӣ субҳ то шаб ва ба таври мустамир алайҳи мусалмонони шиъа ва Эрон дар расонаҳо таблиғ кунанд ва баъд интизор дошта бошанд, шаҳрвандони шиъаи ин кишвар дар амну амон бошанд?

Албатта, дар миёни худи мо тоҷикон низ “косаҳои доғтар аз ош” ҳам пайдо мешудаанд, ки ин амали теруристиро муваҷҷаҳ медонанд. Нигоҳе ба навиштаҳои шуморе аз онон ҳар соҳиби замиреро ба ҳайрат вомедорад. Дар зайл баъзе аз ин навиштаҳоро мурур мекунем:

Бобо Аламов: дар масчид сунихо ё шиьахо инфичор шд?

Алишер Сеюм Сахифа Душанбе: Масчиди шиьахо буд.

Алишер Сеюм Сахифа Душанбе: лаьнати Худову малоикахо бар шиьахо.

Салом Салом: Дар масчиди рофизихо таркиш шуд, ва васфи шахид додан ба рофизихо хатост, чун онхо мушриканд, шахри катиф дар шарки арабистон аст, ки ончо рофизихо зиндаги мекунанд.

Абдулло Давлатов: Агар рофизихо бошанд Худо хорашон кунад.

Алишер Сеюм Сахифа Душанбе: Омин.

Абдулло Давлатов: Паембар (алайхиссалом) фармудаанд: Чиход хамеша гуворову сабз аст модоме ки катра аз осмон мерезад. Бар мардум замоне меояд, ки кориени онон мегуянд, ки ин замони чиход нест. Пас касе он замонро даребад, замони хубе барои чиход аст. Асхоб пурсиданд: Эй расули Худо! магар касе чунин мегуяд? (Яъне чиходро инкор мекунад?) Фармуданд: Оре! он шахс, ки уро Худову малоика ва мардумон лаънат карда бошанд, инро мегуянд» (ривояти Ибни Асокир)…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.