Ислом

Ислом дини ҷангу куштор нест

Абдулқуддус Маҳмудзода

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Худованди ному Худованди ҷой,

Худованди рузидеҳи раҳнамой.

Имрӯз мо дар асре зиндагонӣ мекунем, ки Исломи азиз аз ҳар тараф – чи аз ҷониби душманони бурунмарзӣ бошад ё дарунмарзи — бо тири тӯҳмат ва таҳқиру иҳонат ҳадаф қарор мегирад. Имрӯз дини Ислом аз тарафи душманони лаҷуҷ ва сарсахт ба як деви ғулпайкаре тасвир мешавад, ки гӯё аз чанголҳояш хун ҷорӣ мебошад. Муғризон мехоҳанд чунин вонамуд бикунанд, ки Ислом ҷуз дини куштору ваҳшат, «тероризм», «экстремизм» чизи дигаре намебошад. Гуё ин ки Ислом пайравонашро ҳамеша ба ваҳшигарӣ ва хунхорӣ амр мекарда бошад, ва аз сулҳу адлу раҳму шафқат хабаре нест.

Бадбахтии кор дар он аст, ки душманон барои ин ҳарзагӯии худ аз Қуръони азимушшаън, ки зомини ҳидояти башар аст «далел» ва «ҳуҷҷат» меоранд. Дуруст аст, ки бояд барои қазоват кардан ё интиқод гирифтан роҷеъ ба як дин ё мазҳаб, бояд аз сарчашмаҳои аслии он далел ҷусту сухан гуфт ва хулосаи худро аз он баровард, аммо аксари он чизе ки ин танқидгарон ё таҳқиргарон ба Ислом аз Қуръон далел меоранд, ношӣ аз ҷаҳл ва фаҳми ғалати эшон нисбат ба ин дину китоб мебошад.

Инро ҳам бояд гуфт, бештари он интиқодоте, ки ба истилоҳ рӯшанфикрону пажӯҳишгарони дунявӣ — махсусан баъзе он миллатгароёне, ки ба бемории шовинизм мубтало ҳастанд — аз Ислому Қуръон мегиранд, аз навиштаҳои ғарбиҳо ба зеҳну фикри эшон талқину илқо карда мешавад. Он интиқодот аз раҳгузари тафаккур дар натиҷаи андешаронии шахсии худашон ба зеҳнашон роҳ наёфтааст. Ҳар чи ҳаст аз хориҷ ба мағзи эшон ворид карда мешавад.

Чун ин рӯшанфикрон, ки пойгоҳи фикрии мушаххасе надоранд ва аз таҳлил ва таҳқиқи рӯшантарин масъалаи иҷтимоъӣ ва дарки соддатарин дастуроти исломӣ оҷизу нотавонанд, ҳар гуна ирод ва интиқодро дар бораи Ислом бишнаванд бо ифтихори томм ва хушҳолии комил истиқбол мекунанд, то собит намоянд, ки эшон комилан рӯшанфикранд.

Чӣ гуна ки пештар тазаккур додем, ин табақаи ба истилоҳ муҳаққиқон ё зиёиён, барои Исломро дини сарнавиштсӯз ва Қуръонро китоби ваҳшатангез нишон додан, бо чанд ояҳое аз Қуръони Карим истидлол мекунанд, ки гуё Қуръон фақат аз ҷангу куштор суҳбат мекарда бошад, ва заррае раҳму шафқат нисбат ба инсоният қоил намебошад. Вале маалъасаф маълум аст, ки бар мағзи шусташудаи баъзе аз ин муҳаққиқон аз Қуръон ҷуз ҳамон чанд вожаи «ҷиҳод» ва «қитол» чизи дигаре хутур накардааст. Эшон ояҳоеро ки дар бораи сулҳ, тасомуҳ, мусоламат, адл, эҳсону некӣ ва зиндагии мусоламатомез суҳбат мекунад, намебинанд. Тавре вонамуд мекунанд, гуё ин ки Қуръон аслан дар ин бора ҳарфе назадааст. Чун онҳо ба Қуръон бо айнаки сиёҳ ва муғризона назар мекунанд. Ин ояҳоро намебинанд ё мебинанд, аммо худро ба нодонӣ мезананд.

Пеш аз он ки он оётро яке пас аз дигаре зикр кунем, мехоҳем аввалан ҳадаф аз даъвати Исломро дар ин ҷо тазаккур бидиҳем, баъдан ба баҳси худ идома хоҳем дод.

Ислом динест, ки дар роҳи тасбити миқёсҳо ва арзишҳои башарӣ набард мекунад ва адолату иззату сарбаландиро бароии башар ба армуғон меорад.

Ислом хайр ва суди умуми мардумро мехоҳад ва мехоҳад асбоби фасод ва авомилеро, ки сабаби аз кор афтодани хайри умум мешавад, аз миён бибарад, бидуни ин ки нафъи хосеро дар назар бигирад.

Он ояҳоеро, ки тарафи муқобил аз Қуръони Карим меорад, мо бахше аз он ояҳоро дар ин навиштаи худ зикр мекунем ва ба кумаки Худованд (ҷ) ва ақволи уламо ҳадаф аз он оётро баён мекунем, то бибинем ки он ояҳо дар кадом мавқеъ гуфта шудааст ва ҳадаф аз ҷангу ҷиҳод чист?

1) Худованд дар Қуръон дар сураи Тавба, ояи 5 чунин мефармояд:

فَإِذَا انْسَلَخَ الْأَشْهُرُ الْحُرُمُ فَاقْتُلُوا الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدْتُمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ وَاحْصُرُوهُمْ وَاقْعُدُوا لَهُمْ كُلَّ مَرْصَدٍ

Пас аз он, ки моҳҳои ҳаром ба поён расид, мушриконро ҳар куҷо ки ёфтед бикушед, ва ононро бигиред, ва дар муҳосара (ва зиндон) қарор диҳед, ва дар ҳар камингоҳе барои эшон камин кунед…”

2) Ва дар ҳамин сура ояи 14 мегӯяд:

(قَاتِلُوهُمْ يُعَذِّبْهُمُ اللَّهُ بِأَيْدِيكُمْ وَيُخْزِهِمْ وَيَنْصُرْكُمْ عَلَيْهِمْ وَيَشْفِ صُدُورَ قَوْمٍ مُؤْمِنِينَ

Бо мушрикон биҷангед, ки Худованд ононро ба дасти шумо муҷозот мекунад ва ононро русво месозад ва қалби гурӯҳи мӯъминонро шифо мебахшад.”

3) Ва боз дар ҳамин сура ояи 73 мегӯяд:

(يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ جَاهِدِ الْكُفَّارَ وَالْمُنَافِقِينَ وَاغْلُظْ عَلَيْهِمْ

Ай паёмбар! Бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод кун, ва бар онҳо сахт бигир!

4) Ва боз Худованди якто дар сураи «Тавба, ояи 29» мегӯяд:

قَاتِلُوا الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَا بِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَلَا يُحَرِّمُونَ مَا حَرَّمَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَلَا يَدِينُونَ دِينَ الْحَقِّ مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حَتَّىٰ يُعْطُوا الْجِزْيَةَ عَنْ يَدٍ وَهُمْ صَاغِرُونَ

Бо касоне аз аҳли китоб ки на ба Худо ва на ба рузи қиёмат имон доранд ва на он чиро Худо ва Расулаш таҳрим карда ҳаром мешуморанд ва на оини ҳақро мепазиранд, биҷангед! То замоне ки бо хузуъ ва таслим, ҷизяро ба дасти худ бипардозанд.”

Акнун зеҳни шуморо ба мантуқ ва мафҳуми ояҳои собиқуззикр ҷалб мекунем. Албатта, ҳар кас Қуръонро бо тадаббур ва тафаккури амиқ ва холӣ аз ҳар гуна кинаву ғараз бихонад, дар ҳеч яке аз ин ояҳо хуни ба ноҳақ рехтан ва ё он қатлу куштору ваҳшатеро, ки муғризон вонамуд мекунанд, намебинад.

Ояи аввал ва дуввум, ки оварда шуд, Худованд (ҷ) роҷеъ ба иддае аз мушрикин сухан мегӯяд, ки онон ҷанг ва душманӣ бо Расули Худо (с) ва мусалмононро оғоз намуда ва бар алайҳи онон даст ба дасти якдигар карда ва аҳду паймонеро, ки бо эшон баста буданд зери по намуданд. Чун Худованди якто дар ояи қаблӣ ва баъдии он ду ояи зикр шуда чунин мегӯяд:

أَلَا تُقَاتِلُونَ قَوْمًا نَكَثُوا أَيْمَانَهُمْ وَهَمُّوا بِإِخْرَاجِ الرَّسُولِ وَهُمْ بَدَءُوكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ

Оё шумо бо он қавми мушрике, ки аҳду паймони худро шикастанд ва тасмим ба берун кардани Паёмбар (с) гирифтанд, ҷанг намекунед? Дар ҳоле ки онҳо нахустин бор ҷанг бо шуморо оғоз кардаанд.”

Хулоса, аз сиёқи ин ояҳо сароҳатан рӯшан мегардад, ки он қавме ки Худованд (ҷ) мусалмонҳоро бо эшон ба ҷангу пайкор мехонад, қавми паймоншикан ва хиёнатпеша ва таҷовузгар буданд, ки шурӯъи ҷанг аз ҷониби онҳо бидоят ёфтааст. Он қавми мушрик мардуми сулҳталаб набуданд, ки ба мусалмонон барои ҳамла ба эшон дастур дода шуда бошад. Зеро чунин чизе дар Ислом ба ҳеч ваҷҳ ҷоиз нест. Пас маълум мегардад, ки ҳадаф аз ҷиҳоду пайкор дар он ду оя дафъи шарр ва таҳоҷуми қавми таҷовузгар ва хиёнатпеша мебошад. Чунон ки қавми мушрик ҳамеша дар фикри нобудсозии мусалмонҳо буданд.
Ба ибораи дигар: амсоли ин ояҳо дар мавқеъи дифоъ аз ҳарими Ислом ва хуну молу сарзамини мусалмонон нозил шудааст, на барои таҷовузу истилои сарзамине. Албатта дифоъ кардан аз хуну молу номус, яке аз аъмоли машрӯъе аст, ки тамоми инсоният «қавлан ва амалан» дар он иттифоқи назар доранд.

Аммо ояи саввум ва чаҳорум — ва ҳар ояи дигаре, ки дар Қуръон ба ҳамин мабно ва маъно аст — агар ба зоҳири ин ояҳо назар бикунем, мебинем, ки Худованд (ҷ) дар ин ояҳо мусалмонҳоро мутлақан ба ҷанги алайҳи кофирону мунофиқон, сарфи назар аз ин ки эшон аҳли ҷанг ҳастанд ва ё не, фаро мехонад. Яъне агар мо ҳам монанди муғризони Ислом фақат ба зоҳири чунин ояҳо бингарем ва аз мантуқ ва мафҳуми дигар ояҳо, ки тафсиркунандаи ин оёт аст, сарфи назар бикунем, пас ҳар куҷо кофире ёфт шуд, бояд мусалмонҳо ӯро аз дами теғ гузаронанд ва ҳамеша бо кофирон дар сари ҷанг бошанд. Дар ин сурат сухани интиқодгарон дуруст аст ва интиқоди эшон ба ҷо мебошад. Вале агар ба соири оёти қуръонӣ таваҷҷӯҳи дуруст бикунем ва мунсифона ба он назар афканем, дармеёбем, ки ояҳои боло муқайяд ба дигар оёт мебашанд. Монанди ояи 190 сураи Бақара, ки Худованд мефармояд:

وَقَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ

Ва биҷангед шумо бо он касоне ки бо шумо меҷанганд! Ва аз ҳадди муайяннамудаи Худо таҷовуз накунед. Зеро Худо таҷовузгаронро дӯст намедорад.”

Мафҳуми мухолифи ин оят чунин аст яъне: касоне (аз яҳудиҳо, масеҳиҳо ва пайравони ҳар дину маслаке), ки бо шумо дар ҳолати ҷанг нестанд ва алайҳи шумо тавтиъа накардаанд, наҷангед! Чун иҳтиёҷе ба ҷнги эшон нест.

Муфассирини киром дар зимни тафсири ин ояи карима ҳадисеро аз Паёмбари Ислом (с) меоранд, ки он Ҳазрат (с) ҳамвора асҳоби худро дар вақти мубораза бо душман аз куштани пиронсолон, занон, кӯдакон ва касоне ки дар ибодатхонаҳо машғули ибодатанд манъ мекарданд. (Ривояти Имом Аҳмад ва Абудовуд)

Дар ҷанги Қодисия вақте лашкари Ислом бо сипоҳи Эрон рӯ ба рӯ шуд, Рустами Фаррухзод мардеро аз тарафи мусалмонҳо барои сухан гуфтан хост. Ҷониби мусалмонҳо марде бо исми Муғира ибни Шуъбаро барои сухан гуфтан фиристод. Чун Рустами Фаррухзод ҳадаф аз омадани мусалмонҳоро ба хоки Эрон фаҳмидан хост, аз Муғира пурсид, ки бо чӣ ҳадаф ба сарзамини мо омадаед ва дар муқобили мо истодаед? Муғира дар ҷавоб чунин гуфт: «Мо омадаем, то ин ки бандагони Худоро аз бандагии инсонҳо берун орем ва ба бандагии Худои якто ҳидоят намоем.» (Таърихи Табари: 4/ 92-93) Чун ҳадаф ва манзур фақат даъват ва рафъи зулм аз дӯши бечорагон ва мазлумон буд, Муғира ҳам чунин посухи ҳакимона дод.

Фирдавсӣ ҳам дар китоби худ «Шоҳнома» — ки Қуръони баъзе миллатгароёни мутаассиби мо мебошад — ин достонро чунин меорад:

Ба тозӣ яке нома посух навишт,

Падидор кард андар-ӯ хубу зишт.

Зи ҷиннӣ сухан гуфту аз одамӣ,

Зи гуфтори Пайғамбари Ҳошимӣ.

Зи тавҳиду Қуръону ваъду ваъид,

Зи таъйиду зи расмҳои ҷадид…

Агар шоҳ бипазирад ин дини рост,

Ду олам ба шоҳию шодӣ варост.

Ҳамон тоҷ дорад ҳамон гӯшвор,

Ҳама сола буйву рангу нигор.

Шафеъ аз гуноҳаш Муҳаммад бувад,

Танаш чун гулоб мусаъъад бувад…

Ба Рустам чунин гуфт, к-ъй некном!

Агар дин пазирӣ алайкассалом!

Фирдавсӣ дар ин байтҳо мақсад ва ҳадафи набардҳоеро, ки аз ҷониби мусалмонҳо бо дигар миллатҳо сурат мегирифт, возеҳу рӯшан месозад, ки аз он лашкаркашӣ на ба хотири симу зар буда, ва на ба хотири тахту тоҷи шоҳӣ.

Ислом ҳеч гоҳ пайравонашро ба ҷанг алайҳи куффор ба иллати он ки онҳо кофиранд, ё ба хотири чашм дӯхтан ба молу сарвати эшон намехонад, Ислом фақат ба хотири дифоъ аз ҳаққ ва рафъи зулм аз болои мустазъафон иҷозаи ҷанг медиҳад. Ҷанге, ки дур аз ҳама навъи ҳавасҳо ва зургӯиҳо аст.

Гар нагардад ҳақ зи теғи мо баланд,

Ҷанг бошад қавмро ноарҷуманд.

Ҳар ки ханҷар баҳри ғайруллоҳ кашид,

Теғи ӯ дар синаи ӯ орамид.

(Иқбол)
Нахуст Ислом тарафдори ҷангу куштор намебошад. Ислом омада, то ин ки ҷангу хунрезиро маҳкум бикунад ва зиндагии мусоламатомезро дар байни башарият ҷори созад. Ҳатто агар душмани таҷовузгар дар ҳолати ҷанг эълони оташбас бикунад ва тарафдори сулҳ бишавад, Ислом пайравони худро ҳам амри ба сулҳу мусоламат мекунад ва аз идома додани ҷанг наҳй мекунад. Чун ки мақсади Ислом ҷилавгирӣ аз куштор аст. Худованд дар ин бора мегӯяд:

وَإِنْ جَنَحُوا لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لَهَا وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

Ва агар душманон тамоюли ба сулҳ нишон диҳанд, ту низ ба сулҳ моил бош! Ва эътимод бар Худо кун! Яқинан Ӯ шунаво ва доност.” (Сураи Анфол: 61)

Ва боз ҷой дигар мегӯяд:

فَإِنِ اعْتَزَلُوكُمْ فَلَمْ يُقَاتِلُوكُمْ وَأَلْقَوْا إِلَيْكُمُ السَّلَمَ فَمَا جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ عَلَيْهِمْ سَبِيلًا

Пас агар кофирон аз шумо каноргирӣ карда, бо шумо пайкор нанамуданд ва пешниҳоди сулҳ карданд, Худованд (ҷ) ба шумо иҷоза намедиҳад, ки мутаъарризи онон шавед.” (Сураи Нисоъ: 90)

Ҳатто агар як нафар аз муҷоҳидин дар ҳолати ҷанг бо душман муъоҳадае мунъақид созад ва ё ба ӯ амон диҳад, барои бузургтарин мақоми исломӣ ҷоиз нест ин муъоҳадаро бишканад.

Дар ин робита мо достони саҳобии ҷалил Абӯъубайда ибни Ҷарроҳ (р) бо Ҷобон, яке аз сардорони лашкари Эронро аз сурудаҳои Аллома Иқболи Лоҳурӣ меорем, ки мегӯяд:

Шуд асири муслиме андар набард,

Қоиде аз қоидони Яздуҷард.

Аз мақоми худ хабардораш накард,

Ҳам зи номи худ хабардораш накард.

Гуфт мехоҳам ки ҷон бахши маро,

Чун мусалмонон амон бахши маро.

Кард муслим теғро андар ниём,

Гуфт хунат рехтан бар ман ҳаром.

Ошкоро шуд, ки Ҷобон аст ӯ,

Мири сарбозони Эрон аст ӯ.

Қатли ӯ аз мири аскар хостанд,

Аз фиреби ӯ сухан оростанд.

Бӯъубайд он сайиди фавҷи Ҳиҷоз,

Дар вағо азмаш зи лашкар бе ниёз.

Гуфт ай ёрон мусалмонем мо,

Тори чангему якоҳангем мо.

Гар чи Ҷобон душмани мо будааст,

Муслиме ӯро амон бахшудааст.

Хуни ӯ ай маъшари хайрулъаном,

Бар дами теғи мусалмонон ҳаром.

Ин аст мафҳуми ҷангу ҷиҳод аз назари Ислом ва ин буд муносибати сарлашкари муслимин бо душмане, ки аз фарти кибру ғуруру мастӣ барои миллати мусалмон ҳатто ба андозаи пашизе мақому манзилат қоил набуд.

Ислом ҳаргиз пайравонашро аз риояи адолат ва эҳсону некӣ кардан нисбати кофироне, ки бо мусалмонҳо дар сари ҷанг нестанд, манъ намекунад. Қуръон мегӯяд:

لَا يَنْهَاكُمُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فِي الدِّينِ وَلَمْ يُخْرِجُوكُمْ مِنْ دِيَارِكُمْ أَنْ تَبَرُّوهُمْ وَتُقْسِطُوا إِلَيْهِمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطِينَ

Худованд шуморо аз риояти адолат ва эҳсону некӣ кардан нисбат ба касоне ки бо шумо наҷангидаанд ва шуморо аз хонаҳоятон берун накардаанд, манъ намекунад. Зеро Худованд адолатпешагонро дӯст дорад.” (Сураи Мумтаҳана, ояи 8).

Паёмбари Ислом (с), ки дар эҳсону некӣ ва ҷавонмардию бузургворӣ назир надоштанд, вақте ғуломи яҳудии эшон ба сабаби беморие бистарӣ шуд, он Ҳазрат (с) — тибқи таълимоти Қуръон — ҳамеша ба аёдати ӯ мерафтанд ва ба ӯ пешниҳоди Ислом мекарданд ва саранҷом ғулом ба Ислом мушарраф шуд ва мусалмон аз дунё рафт. (Ривояти Бухорӣ)

Имом Муҳаммад, шогирди Имом Абӯҳанифа ривоят мекунад: “Вақте ки бар аҳли Макка ки ҳанӯз мушрик буданд ва бо аҳли Мадина дар ҳолати ҷанг буданд қаҳтию гуруснагӣ омад, Паёмбар (с) ба эшон як миқдор озуқа фиристод, то дар миёни фақиронашон тақсим карда шавад.” (Шарҳи Ассиярул-кабир/ ҷ 1 с 144)

Ин аст таълимоти Қуръон ва иршодоти Паёмбари Ислом (с) барои уммат нисбат ба пайравони дигар динҳо.

Ҳамин муомала ва муносабати хуби Ислом сабаб шуд, ки аксари инсонҳо Исломро бо оғӯши гарм ва бо хотири хуш бипазиранд. Паёмбари Ислом (с), ки пайкари зиндае аз Исломи ноб буданд, ҳамеша меҳрубонию шафқат ба маънои воқии калима нисбат ба инсоният доштанд ва уммати худро ҳамвора ба мулотафати инсонҳо мехонданд. Чуноне ки дар ҳадис омадааст: «Шумо ба аҳли замин мушфиқу раҳмдил бошед, то Худованд (ҷ) шуморо раҳмат бикунад.» (Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ)

Он Ҳазрат (с) ҳатто ба ҳайвонҳо раҳму шафқат доштанд ва аз таъзибу шиканҷа додани онҳо наҳй мекарданд. Дар ҳадис омадааст: “Рӯзе Паёмбар (с) аз назди як улоғ ва ё харе гузаштанд, ки рӯйи он улоғ доғ карда шуда буд. Паёмбар (с) баъд аз дидани ин моҷаро гуфтанд: Худо лаънат кунад касеро, ки ин доғро бар рӯйи ин улоғ ниҳодааст!» (Ривояти Имом Муслим)

Ва боз дар як ҳадиси дигар гуфтаанд: «Худованд (ҷ) як занро дар дӯзах азоб кард ба хотири гурбае, ки ин зан онро зиндонӣ карда буд; на ба он таъом дод ва на онро раҳо кард, то ин ки аз мавҷудоти рӯйи замин бихӯрад.» (Ривояти Имом Муслим).

Ин меҳрубонию дилсузӣ нисбат ба инсоният ва ҳатто ҳайвонот, аз қалби Паёмбари мушфиқу дилсӯзе баромадааст, ки имрӯз нобихрадони бе инсоф номи ӯро дар радифи сиёҳшудагони тарих зикр мекунанд.

Расули Акрам (с) ҳамеша кӯшиш мекарданд, то ҳаддал-имкон хуне дар руйи замин рехта нашавад ва аз ҷангу куштори бемаврид ҷилавгирӣ карда шавад. Ривоят мекунанд: «Вақте Паёмбари Ислом (с) Маккаи Мукаррамаро фатҳ карданд, дар роҳ бо касе вохӯрданд, ки ҳамеша Паёмбарро фаҳшу дашном медод ва дар вафоти духтари эшон (Зайнаб) сабабгор буд. Он шахс Ҳаббор ибни Асвад буд. Вақте ӯро дастгир карданд ва назди Ҳазрат оварданд Паёмбар (с) аз ӯ пурсид: ба куҷо меравӣ эй Ҳаббор? Гуфт: аз ту мегурезам, то маро накушӣ. Ҳазрат гуфтанд: баргард эй Ҳаббор, зеро ман аз гуноҳат гузаштаам.» (Ал-исоба фи тамйизиссаҳоба/ ҷ 6, с 280)

Ин бахшишу ҷавонмардиро Паёмбар (с) ҳамон лаҳзае карданд, ки Ҳаббор ҳануз мушрик буд ва ба Ислом нагаравида буд ва ҳамин лутфу карами Паёмбар (с) сабаб шуд, ки Ҳаббор ба Ислом мушарраф гардад.

Инчунин дар ҳамон фатҳи Макка вақте Расули Акрам (с) вориди Маккаи Мукаррама шуданд, мардуми Макка дар атрофи ӯ гирд омаданд, Паёмбар (с) ба мардум нигоҳ мекард, чеҳраҳоеро медид, ки 20 сол бо ӯ душманию инод дошт ва ӯро азобу шиканҷа додаву аз хонаву шаҳр берун карда буд. Расули Акрам (с) ба як ишораи ангушт метавонист кӯчаҳои Маккаро аз хуни ин душманон ҷорӣ созад, аммо чун дар вуҷуди он Ҳазрат (с) буғзу кина ва майл ба хунрезию куштор ҷой надошт, бо як ҷумла ҳамаи онҳоро бахшиду озод намуд. (Сирати Ибни Ҳишшом/ ҷ 4, с 54 55)

Хулоса, ин аст равиши инсонӣ ва ҷавонмардии Паёмбаре, ки имрӯз душманони бе инсоф номи ӯро дар радифи Чингизҳову Гитлерҳо зикр мекунанд; гуё он Ҳазрат (с) ҳазорҳо ё миллиёнҳо инсонро монанди Гитлер қатли омм намуда бошад. Вале он бахшишҳо ва гузаштҳое, ки мо аз он Ҳазрат (с) нақл кардем, кизбу дурӯғҳои ин бе инсофонро ошкор месозад.
Професор Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, устоди Донишгоҳи Порис дар китоби худ чунин менависад:

«Муҳаммад (с) бар бештар аз як милиён мили мураббаъ ҳукумат мекард. Ва ба таври қатъ дар он рузҳо ин қаламрав маскани милюнҳо ҷамъият буд. Дар зимни тасхири ин минтақаи васеъ, фақат яксаду панҷоҳ нафар аз афроди мухолиф, дар майдонҳои ҷанг аз байн рафта буданд. Талафоти муслимини рӯйи ҳам рафта барои муддати даҳ сол дар ҳар моҳ як нафар шаҳид буд, ин андоза эҳтиром ба хуни башар, дар достонҳои башарӣ амрест беназир.» (Расули Акрам дар майдони ҷанг/ с 9).

Ҳамин равиши инсонии Паёмбари Ислом (с) ва асҳоби фарҳехтаи ӯ ва умуман мусалмонони ҳақиқӣ нисбати дигар миллатҳо сабаб шуд, ки ҳар куҷо қадам мегузоштанд, афкори умум аз онон истиқбол мекард ва ҳусни рафторашон дилҳои мардумро мерабуд. Дар он замон мардуми сарзамини Ҳимс (Сурияи кунунӣ) дарвозаҳои шаҳрро бар рӯйи артиши Рум бастанд, вале дар муқобил ба мусалмонон паём фиристоданд, ки ҳукумату адлу додгустарии шумо аз зулму зургӯии румиён бароямон маҳбубтар аст.

Шарқшиноси маъруф Филипп ҳатто менависад: “Лашкари Ислом ба ҳар нуқтае, ки қадам мегузориданд, мардум онҳоро бо оғӯши боз мепазируфтанд ва барои онҳо озуқа ва об фароҳам мекарданд ва сангарҳои худро яке пас аз дигарӣ тахлия менамуданд.
Фалсафаи ин амал низ, барои касоне ки аз ҷиноёт ва ситамгариҳои салотини Визгут иттилоъи дурусте доранд, басе возеҳу ошкор аст.» (Таърихи араб/ ҷ 2 с 638
)

Устоди донишгоҳ дуктур Воглер мегӯяд: “Аъроби фотеҳ дар авҷи қудрат ва пирузӣ ҳамеша ҳозир буданд ба душманони худ бигӯянд: даст аз ҷанг бардоред ва як молиёти муътадиле бипардозед, он гоҳ аз ҳимояти комили мо бархӯрдор бошед ва ҳамон ҳуқуқеро хоҳед дошт, ки худамон дорем! Агар ба гуфтаҳои Муҳаммад (с) ва ё ба футуҳоти муслимини садри Ислом таваҷҷӯҳ кунем ба суҳулат хоҳем дид, ки тӯҳмати таҳмили Ислом бо зӯри шамшер чӣ қадр кизбу норавост. Қуръон мегӯяд: дар амри дин набояд икроҳ ва иҷборе бошад.” (Симои тамаддуни Ғарб/ 256, Сайид Муҷтабои Мӯсавӣ).

Дуктур Густов Лубон, муъаррих ва донишманди боинсофи фаронсавӣ чунин мегӯяд: «Сулуки онон (мусалмонон) бо ақвоми мағлуб то ин қадр мулойим буд, ки руасои асоқифа (попҳои масеҳӣ) иҷоза доштанд, барои худ маҷолиси мазҳабӣ ташкил диҳанд. Чуноне ки дар Ишбилия дар соли 872 милодӣ, дар Қуртуба соли 852 милодӣ маҷолиси таҳқиқ ва баррасии мазҳабӣ доир карда буданд. Аз калисоҳои зиёде ҳам, ки дар давраи ҳукумати исломӣ бино шуда, метавон пай бурд, ки онҳо (мусалмонҳо) диёнати ақвоми мағлубро то чи андоза эҳтиром мекарданд. Бисёре аз масеҳиён Исломро пазируфтанд, дар сурате ки барои ин кор зарурате дар кор набуда аст. Дар ҳукумати муслимин, насоро ва яҳуд, дар ҳуқуқ бо муслимин шарик ва баробар буда ва дар дарбори хилофат метавонистанд ҳар шуғл ва мақомеро доро бошанд.» (Тамаддуни Ислом ва араб с, 345)

Як вазири собиқи румонӣ Констон Гиоргӣ менависад: “Ҳеч як аз бониёни адёни гузашта ба андозаи Муҳаммад (с) нисбат ба соири адён қоил ба мудоро нашудааст.
Чун Муҳаммад (с) медонист, ки дини ӯ, ки бар асоси озодӣ ва мусовот устувор шуда, аз динҳои дигар набояд бим дошта бошад ва мумкин аст, ки дини Ислом динҳои дигарро таҳташшуъоъ қарор бидиҳад, вале динҳои дигар наметавонад дини Исломро ақаб биронад
.» (Муҳаммад; паёмбаре, ки аз нав бояд шинохт, с 184)

Дар таърихи Табарӣ дар бораи амон бахшидани калисоҳои масеҳиён аз ҷониби ҳазрати Умар (р) чунин омада аст: «Ин номаи амонест, ки Умар амири мӯъминон ба мардуми Илиё (Байтул-муқаддас) медиҳад: худашон ва авмолашон ва калисоҳояшон ва салибҳояшон, солиму беморашон ва дигар мардумашонро амон медиҳад, ки калисоҳояшон ҷои сукунат барои дигарон нашавад ва вайрон нашавад ва аз он чизе накоҳанд ва ҳудуди онро кам накунанд. Аз салибу амволашон низ ва дар кори динашон музоҳамат набинанд.» (Таърихи Табари/ ҷ 5 с 1789)

Уламои Ислом иҷмоъ доранд бар ин ки дар радифи яҳудиёну масеҳиён, зардуштёни Эрон ҳам дохил мебошанд ва аз ҳуқуқи вижае ҳам эшон бархурдор ҳастанд ва дар гузашта бо онҳо чун аҳли китоб муносибат мекарданд.

Муаррихоне монанди Масъудӣ ва Мақдисӣ ва ғайри онон навиштаанд, ки то замони онҳо (дар ҳудуди қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ) ҳануз оташкадаҳое боқӣ ва побарҷо буда ва ҳатто номи мӯбади (пешвои бузурги зардуштиён) замони худро мебаранд. Умарои мусалмон зимни паймони аҳд вазифадор буданд, ки маъобиди аҳли китоб аз он ҷумла оташкадаҳои зардуштиёнро ҳифз кунанд. (Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон/ 162)

Хулоса, ин буд муносибати мӯҳтарамонаи Ислому мусалмонон бо пайравони дигар адён, ки ҳатто ҳуқуқи онҳоро бо ҳуқуқи дигар мусалмонон мусовию баробар медонистанд ва аз маъобиду маросими динии хеш комилан бо насиб буданд; муносибате, ки таърих назирашро надида буд.

Пас, оё баъд аз ин ҳама бузургворию инсонпарварӣ, мешавад Исломро ҳамчун дини ваҳшату куштор номид?

Оё баъд аз ин ҳама муомалаи инсонӣ ва самоҳату адлу гузаштҳо, шарти инсоф аст, ки муғризон вуруди Исломро ба дигар манотиқ бо ҳамлаи Искандару муғул баробар кунанд?

Хуб аст мо дар ин ҷо ҷавонмардию озодагии мусалмононро бо аъмоли нангини пайравони дигар оину маслакҳо, ки сиёҳ кардани Исломро ҳадафи худ қарор додаанд, муқоиса бикунем, то ба мафҳуми воқеии ҷанг аз назари Ислом воқиф гардем.

Имрӯз аз ҷумлаи он касоне, ки Исломро дини шамшеру ваҳшат мегӯянд, баъзе афроде ҳастанд, ки гароиш бо дини зардуштият доранд, эшон ҳамвора вуруди Исломро ба хоки Эрон як фоҷеъае назири фоҷеъаи ҳамлаи Искандару муғул арзёбӣ мекунанд ва чунин вонамуд мекунанд, ки Ислом фарҳангу номус, дину дониши моро ба фано бурд, мӯбадону ҷавонмардони моро аз дами теғ гузаронид ва занону кӯдакони моро ба банди бардагӣ кашид. Хулоса, дар навиштаҳои худ ҳамеша аз ин қабил ҳарфҳо дар сампошию заҳрпошӣ нисбати Ислому мусалмонҳо истифода мекунанд.

Вале хушбахтона барои ин суханони эшон асоси воқеие вуҷуд надорад. Воқеият дар тӯли 14 қарн акси сухани онҳоро нишон додааст. Аммо агар ба таърихи динии қабл аз исломии мардуми Эрон назар афканем, мебинем, ки пайравони дигар адён дар баробари пайравони ойини зардуштӣ, ки дини расмии кишвар ба шумор мерафт, чандон ҳоли мусоиде надоштанд ва аз зулму ситами дастгоҳи режими мӯбадон ҳамеша ранҷ мебурданд.

Професор Орнолд мегӯяд: «Мӯбадон на танҳо нисбат ба уламои соири адён, балки дар баробари куллияи фирақи мухолифи Эрон ва монавиёну маздакиён ва урафои масеҳӣ ва амсолуҳум таъассуб нишон медоданд, ва бад-ин сабаб ба шиддат мавриди бе меҳрӣ ва нафрати ҷамоъоти зиёде қарор гирифта буданд» (Таърихи адабиёти Эрон / ҷ 1. с 299)

Чунон ки таърихнигорон менависанд, ҳамин зардуштиён буданд, ки дар замони подшоҳии Қубод (яке аз шоҳони сосонӣ) ба дастёрии фарзандаш Хусрави Анӯшеравон (ки ба қавле, одилтарин шоҳи давраи сосонӣ мебошад) маздакиёнро қатли омм намуданд ва сарвату дороии онҳоро забт карда ва осору кутуби динияшонро сӯхтанд. Ва ин сабаб шуд, ки маздакиён пас аз он ба як фирқаи пинҳонӣ дароянд. (Эрон дар замони Сосониён/ с 384-386)

Инчунин, баъзе он афроде, ки ин тӯҳмати нораворо ба Ислом мезананд аз пайравони ойини масеҳият мебошанд. Вале чун ба таърихи сиёҳи гузаштаи ин муддаъиёни “башардӯст” назар мекунем, бароямон маълум мегардад, ки чӣ кадр инсонҳо хоҳ аз мусалмонон ё ғайри мусалмонон аз дами теғу ханҷари ваҳшиёнаи эшон гузаштааст.

Ваҳшигариҳои, ки масеҳиён дар Андалуси Испания кардаанд, камтар аз қатли омме, ки Искандару Чингиз анҷом дода буд, намебошад.

Пас аз он ҳама хадамоте, ки мусалмонон дар Андалус анҷом доданд, раҳбарони мазҳабии масеҳӣ фатво ба қатли пиру ҷавон, зану марди мусалмон дода буданд. Дар ин муддат қариб се миллион мусалмон аз дами шамшери таассуби масеҳиён гузаштанд. Имрӯз ҳастанд баъзе аз масеҳиёни мунсиф, ки аз рафтору кирдори масеҳиёни давраҳои гузашта худро шармандаву хиҷолатзада мешуморанд ва аз аъмоли ноҷавонмардонаи онҳо безорӣ мекунанд ва узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад (с) ва уммати Қуръон меоранд ва ба ҳамин унвон китобе ҳам тасниф кардаанд.

Яке аз ин масеҳиён нависандаи маъруф Ҷон Девин Пурт мебошад, ки дар китоби худ ба номи “Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммаду Қуръон” (с 133) мегӯяд: “Кист, ки бар фуқдони (нобудии) охирин бақоёи осори ҷавонмардӣ – яъне суқути имперотурии Ислом дар Испониё сугворӣ (азодорӣ) накарда бошад? Кист, ки фазои синааш нисбат ба он миллати шуҷоъ ва саховатманд мамлув (пур) аз тамҷиду такрим набошад? Ҳамон миллате, ки дар тули ҳаштсад сол ҳукумат бар Испониё, ҳатто тарихнависони мухолифашон натавонистанд кучактарин намунае аз ситамгарӣ роҷеъ ба онҳо бинависад. Кист, ки аз таҳрикоти дастгоҳи масеҳият хиҷолатзада нашуда бошад?… Он ҳам нисбат ба касоне ки дар бораи ин ҷамъият – яъне испониёиҳо – он ҳама инсоният ва ҳимоят иброз карда буданд

Муаррихи машҳури дигари масеҳӣ Ҷурҷи Зайдон менависад: «Пас аз пирӯзии масеҳиён бар Андалус, мусалмононро маҷбур намуданд, ки монанди яҳудиён ва зишткорон аломате бо худ ҳамроҳ дошта бошанд, то бад-ин васила шинохта шаванд ва саранҷом мусалмононро миёни марг ва қабули масеҳият мухайяр месохтанд» (Торихи тамаддуни Ислом/ ҷ 4, с 282)

Дар китоби “Азамати муслимин дар Ипониё” (с 243) меорад: «Масеҳиёни «башардӯст» пас аз он ки кишвари Испониёро тасоҳуб карданд, масоҷиди муслиминро табдил ба калисо намуданд. Озодӣ дар иқомаи шаъоири диниро аз мусалмонон салб карданд. Қабристони ононро хароб карданд. Ононро аз истиҳмом ва назофат ки як амри зурурӣ аст, манъ карданд ва ҳамомҳои ононро вайрон сохтанд.»

Инчунин тасарруфи Байтулмуқаддас ба дасти ҳамин масеҳиёни аврупоӣ дар ҷангҳои салибӣ бисёр ваҳшиёна анҷом гирифт ва дар он рӯз нангинтарин куштор ва бадтарин аъмол нисбат ба сокинони ин шаҳр ба дасти масеҳиён ба вуқӯъ пайваст. Дар майдонҳо ва кучаҳои Байтулмуқаддас аз дастҳо, поҳо, сарҳо таллаҳо ташкил ёфт. Даҳ ҳазор нафар мусалмон, ки ба масҷиди Умар паноҳанда шуда буданд, тӯъмаи шамшери салибиҳо қарор гирифтанд. Ҳатто мегуянд: ба қадре хун дар Маъбади Сулаймон ҷорӣ шуд, ки то зонуи аспҳоро мегирифт ва дар он хунҳо аҷсоди кушташудагон ғӯта мехӯрд.

Вил Дурон дар китоби худ «Таърихи тамаддун” (ҷ 13, с 15) аз касоне ки шоҳиди моҷарои асафангези ин ҷанг буданд нақл мекунад: «Дар кӯчаҳо тӯдаҳое аз калла ва дасту поҳои мақтулин дида мешуд. Ҳар тараф инсон маркабро меронд, дар миёни аҷсоди мақтулин ва лошаи аспон буд. Занонро бо зарби дашна (корди бузург) мекуштанд. Соқи пойи атфоли ширхорро гирифта ба ҷабр онҳоро аз пистони модаронашон ҷудо месохтанд ва ба болойи деворҳо партоб мекарданд ва ё ба кӯфтани онҳо бар сутунҳо гарданашонро мешикастанд. Ва дар натиҷа 70000 нафар мусалмонро ки дар шаҳр монда буданд, ба ҳалокат расониданд.
Яҳудиёнеро, ки ҷони солим ба дар бурда буданд, дар канисае ҷамъ карданд ва зинда – зинда сӯзониданд

Ин буд мафҳуми сулҳҷӯию тасомуҳу башардӯстии масеҳиён дар тӯли тарих. Баъд аз ҳукумати наваду як соли масеҳиён дар Фаластин, мусалмонон ба фикри баргардонидани Байтулмуқаддас афтоданд. Аммо вақте ки бо нусрати илоҳӣ масеҳиёни дар Байтулмуқаддас буда таслими артиши Ислом гардиданд ва дарвозаҳои шаҳр ба руйи сарбозони фидокори Ислом боз шуд, фармондеҳи салаҳшӯр ва хирадманд Салоҳиддини Аюбӣ дар муқобили бераҳмиҳо ва қатли омми анҷомдодаи масеҳиён, афви умумро эълом карданд. Ҳамон гузашту ҷавонмардие, ки маъшуқу маҳбуби ӯ – Паёмбари Акрам (с) дар фатҳи Макка, нисбати душманонашон карда буданд, анҷом дод. Ва аз қатлу ғорату шиканҷаи масеҳиён ҷилавгири кард, ва сафҳаи дигаре бар ифтихороти ҷаҳонгушоии Ислом афзуданд.

Ҷон Девин Пурт менависад: “Вақте ки Салоҳиддин – султони Сурия барои бори дуввум ин шаҳрро (Байтулмуқаддасро) пас гирифт, баъд аз таслим шудани шаҳр, ҳатто як нафар кушта нашуд. Ва ҳаддиаксари тараҳҳумро нисбат ба асирони масеҳӣ иброз кард.” (Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммаду Қуръон/ с 139)

Султон Салоҳиддин эълон кард, ки тамоми мардуми шаҳр дар амну амонанд, бар ин шарт ки мардҳо бо пардохти даҳ динор ва занҳо бо панҷ динор ва кудакон бо додани ду ё як динор бо тамоми дорои ва сарвати худ ба ҳар куҷо, ки моил бошанд бираванд. (Албидоя ванниҳоя/ ҷ 11, с 396)

Ҳатто мегуянд: дар ин миён попи бузург бо амволу дороии бе ҳисобе қасди баромадан аз шаҳрро дошт. Баъзеҳо ба Салоҳуиддин пешниҳод карданд, ки дороии ӯро мусодара кунанд ва миёни мусалмонон тақсим намоянд. Салоҳиддин гуфт: мумкин нест муртакиби чунин ҷинояте шавам ва беш аз даҳ динори муқаррар чизи дигаре аз у нахоҳам гирифт. (Симои тамаддуни Ғарб/ с 260)

Воқеъан чунин ҷавонмардӣ, ки таърих назирашро ёд надорад, ҳама ва ҳама реша дар тарбия ва таълимоти дурахшони Исломи азиз дорад. Ҳамон Исломе, ки имрӯз аз ҷониби душманони ситамгар ба як ғули роҳзану ваҳшатнок тасвир мешавад. Хунрезиҳое, ки ғайри исломиҳо дар тӯли тарих анҷом додаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҷангҳои исломӣ қобили муқоиса намебошад. Дар ҷанги якуми ҷаҳон чуноне ки менависанд, теъдоди кушташудагон зиёда аз даҳ милиён нафар буданд. Ва теъдоди афроде, ки ноқис ва аз кор афтода шуданд, ҳудуди бист милиён нафар буданд. Ҳоло ин талафот фақат марбут ба майдони ҷанг аст. Аммо талафоти мардум зиёд дар шаҳрҳо беш аз талафоту захмиҳои майдони ҷанг будааст, ки адади комили кушташудагон ба бист милиён мерасад. Маҷмуъи хароҷоти ин ҷангро чаҳор сад милиард долар баровард кардаанд. Дар ҷанги дуввуми ҷаҳон бошад, панҷоҳ милён инсон туъмаи танку тӯпу бомбҳои ҳар ду ҷониб шудааст, 20 миллион нафар аз доштани дасту по маҳрум гардиданд, 17 млн литр хун ба замин рехта шуд, 12 млн тифл дар шиками модаронашон сиқт шуданд. Дар ин ҷанг сездаҳ ҳазор мактабу дабиристон, шаш ҳазор донишгоҳ ва ҳашт ҳазор лоборотор вайрону хароб шуд. (Симои тамаддуни Ғарб/ с 84)

Магар дар ин ҳама фоҷеъаҳои хунбору куштори даҳҳо милиён инсонҳо Ислому мусалмонҳо даст доштанд? Магар Гитлерҳову Сталинҳо дар мактаби Қуръону Ислом тарбият ёфта буданд ё дар дигар мактабу маслакҳо? Он касоне, ки Исломро дар чангҳои имруза сабабгор медонанд, чаро мазҳабу маслаки тарроҳони ин ду ҷанги ҷаҳониро муқассиру гуноҳкор намедонанд? Ё ин ки эшон муваззафанд ҳамеша неш бар Ислому мусалмонон бизананд? Инчунин фаромӯш нашавад, ки як замон болшевикони сурх қадами манҳуси худро ба хоки кишвари мо ниҳоданд ва фарҳангсӯзию маънавиятситезӣ ва қатли умумро нисбати миллату гузаштагони мо анҷом доданд. Аммо ҳеҷ як аз муҳаққиқони мӯҳтарами мо мактабу маслаки коммунистиро мактаби ваҳшату терористию экстремистӣ муаррифи намекунанд, гарчанде доъиҳои марксистӣ аҷдоду гузаштагонашонро қатли омм ба тамоми маънояш карда буданд. Ё ин, ки чаро имруз як нафар аз рӯшанфикрони «дилсузи» мо оини Яҳудият ё Буддоиро дини куштору ваҳшат муаррифӣ намекунанд? Магар ҳамин саҳюнистони ғосиб нестанд, ки имруз замини дигаронро ғасб мекунанд ва зану кудакони фаластиниро аз хонау сарзаминашон берун меронанд? Боз, болойи ин иктифо накарда дар фурсати муносиб ҳамин кудакону занонро бо рокетаву танку тупҳо бомбборон мекунанду мекушанд. Магар амали инҳо ваҳшатангезу терористӣ нест? Дар Афғонистони ҳамсоя ё дар Ироқ бомаҳои Омрикову Ингилиси демократихоҳ ҳазорон инсонро куштау пора-пора кард, кудаконро ятиму занҳоро бе сарпаноҳ ва хонаҳоро вайрон кард. Оё дар ин сурат мешавад мактаби демократиро мактаби терористӣ ном гузошт? Ба ин суолҳо бояд касоне посух диҳанд, ки Исломро ба хотири амали як гурӯҳ мусаллаҳи ба ном исломӣ, дини ҷангу куштору терористӣ мегӯянд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама хунрезиҳову кушторҳое, ки аз зери пойи ғайри исломиҳо сар зад, имруз агар як нафар «доишӣ» ё ҳар мусаллаҳе, ки худро мансуб ба Ислом медонад, ҳамин ки як амали нангин ё куштореро анҷом диҳад, дар ҳол муҳаққиқони хундарҷуш қиёматро бапо мекунанд ва амали ӯро ба рухи Ислому Паёмбари Ислом (с) мекашанд ва мегӯянд, ки «иллати тамоми ин ҷангу кушторҳои ин терористон, дар дину оини эшон аст». Вале хушбахтона он матолиб ва намунаҳое, ки мо дар боло аз гуфтору рафтори Паёмбари Ислом (с) зикр кардем, мавқеъи ҳар гурӯҳу ҷамоати сиёсие, ки имруз мансуб ба Ислом аст, возеҳу рӯшан месозад. Ба ибораи дигар: имрӯз мо метавонем аъмолу кирдори гурӯҳҳое ба монанди «Доъиш», «Алқоида», «Толибон» ва амсоли – инҳо ҳар гурӯҳи дигареро дар тарозуи Қуръон ва суннати Паёмбари Ислом (с) баркашем ва хулосаи худро аз рафтори инҳо барорем.

Манбаъ: Шабакаи иҷтимоии Фейсбук

1 ответ »

  1. Бисёр матлаби муфассал ва андешамандона. Вале раванди ходисахои Хуношоми Ховари Миёна яктарафа бахогузори шудааст. Агар, вокеан тахлил илми бошад, бояд хама тарафхои масала барраси шавад.Инсофан, дар хусуси мавкифи тарафхои пуштибон аз низомхои худкома ва дарозумри минтака, бахусус Сурияву Ирок тавсифу баррраси нест, ки кадри чунин андешахорро коста мегардонад. Ба андешаи сохибназарон чунин пуштибонихо ба бухрони шудани вазъ ва ба фочеа анчом ёфтани бедории исломи дар минтака низ мусоадат намуданд. Валлоху аълам.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.