Перейти к содержимому

Оромиши мо дар чист?

Дар хонаи мо равнақ агар нест, сафо ҳаст,

Ҳар ҷо, ки сафо ҳаст, дар он нури Худо ҳаст.

Намоз хондан оромиши равонӣ падид меоварад ва дилро амният мебахшад. Онҳое, ки тавфиқи бештаре дар баргузории намоз доштаанд, ба оромиши бештаре даст ёфтаанд. Ҳатто баррасиҳои равонковона нишон додааст, онҳое, ки илова бар анҷоми фароиз, ба хондани нофилаҳо низ мепардозанд, оромиши бештаре доштаанд. Сухани чунин касоне ин аст, ки:

Бархез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд,

Гирди дару боми дӯст парвоз кунанд.

Ҳар ҷо, ки даре бувад, ба шаб дар банданд,

Илло дари ошиқон, ки шаб боз кунанд.

(Абулфазли Кошонӣ)

Онон ҳаловати ибодати холис дар шаб ва розгӯӣ бо Худованди оламиёнро дарёфтаанд, чаро ки шаб фурсате муносибтар барои ибодати бериёст. Қуръон мефармояд:

إِنَّ نَاشِئَةَ اللَّيْلِ هِيَ أَشَدُّ وَطْءًا وَأَقْوَمُ قِيلًا

Қатъан бархостани шаб ранҷиши бештар ва гуфтор (дар он ҳангом) ростинтар аст.” (Музаммил, 6)

Фақат соҳибони хулус ва ошиқони ибодати Худо ширинии розу ниёз бо Ӯро дармеёбанд ва метавон гуфт:

Шарҳи ин воқеаро мурғи саҳар донаду бас

Ту чӣ донӣ, ки шаби сӯхтагон чун гузарад?

Пас, баргузории намоз ба таври мудовим ва муҳофизат бар он, рамзи даст ёфтан ба оромиши равонӣ аст.

Нақши асосии намоз ва эҳтимом ба намоз

Ҳазрати Алӣ (а)‌ зимни таъкид бар амри намоз, авомили суқути дӯзахиёнро нахондани намоз бармешумурад ва мефармояд:

تَعَاهَدُوا أَمْرَ الصَّلَاةِ وَحَافِظُوا عَلَيْهَا وَاسْتَكْثِرُوا مِنْهَا وَتَقَرَّبُوا بِهَا فَإِنَّهَا كانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتاباً مَوْقُوتاً أَ لَا تَسْمَعُونَ إِلَى جَوَابِ أَهْلِ النَّارِ حِينَ سُئِلُوا ما سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ قالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ وَإِنَّهَا لَتَحُتُّ الذُّنُوبَ حَتَّ الْوَرَقِ وَتُطْلِقُهَا إِطْلَاقَ الرِّبَقِ وَشَبَّهَهَا رَسُولُ اللَّهِ (صلى الله عليه وآله) بِالْحَمَّةِ تَكُونُ عَلَى بَابِ الرَّجُلِ فَهُوَ يَغْتَسِلُ مِنْهَا فِي الْيَوْمِ وَاللَّيْلَةِ خَمْسَ مَرَّاتٍ فَمَا عَسَى أَنْ يَبْقَى عَلَيْهِ مِنَ الدَّرَنِ

Мардум! Намозро бар ӯҳда гиред ва онро ҳифз кунед, зиёд намоз бихонед ва бо намоз худро ба Худо наздик кунед. Намоз фаризаи воҷибест, ки дар вақтҳои хосс бар мӯъмин воҷиб гардидааст. Оё ба посухи дӯзахиён гӯш фаро намедиҳед он ҳангом ки аз онҳо пурисданд: чӣ чиз шуморо ба дӯзах кашондааст? Гуфтанд: мо аз намозгузорон набудем. Ҳамоно намоз гуноҳонро чунон баргҳои поизӣ фурӯ мерезад ва ғиллу занҷири гуноҳонро аз гарданҳо мегушояд. Паёмбари Ислом (с) намозро ба чашмаи оби гарме, ки бар дари саройи марде ҷараён дошта бошад, ташбеҳ кард. Агар рӯзе панҷ бор худро дар он шустушӯ диҳад, ҳаргиз чирк ва олудагӣ дар бадани ӯ намонад.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 199)

Бар эҳтимом ба намози навҷавонон низ таъкиди фаровоне шудааст:

علموا صبيانكم الصلاة وخذوهم بها إذا بلغوا الحلم

Ба кӯдакон намоз биёмӯзед ва онро ба ҳангоми булуғ бар тарки намоз муъохиза кунед.”

اذا عـقل الغلام و قرا شیئاً من القران علم الصلوة‌

Ҳар гоҳ писарбачча ба ҳадди рушд бирасад ва миқдоре аз Қуръонро бихонад, бояд ба ӯ намоз омӯхта шавад.”

Намоз василаи тақарруб

Беҳтарин ва наздиктарин роҳҳое, ки инсон метавонад ба холиқи хеш бирасад, дар хутбаи 110 ҳазрати Алӣ (а) баён шудааст:

إِنَّ أَفْضَلَ مَا تَوَسَّلَ بِهِ الْمُتَوَسِّلُونَ إِلَى اللَّهِ سُبْحَانَهُ… إِقَامُ الصَّلَاةِ فَإِنَّهَا الْمِلَّةُ

Бе гумон, бартарин василаи пайвастагии пайвастагон ба Худои Субҳон иборат аст аз: барпо намудани намоз, зеро (намоз) унвони ойини уммат.”

Ва дар ривояте дигар аст, ки:

الصلاة قربان کل تقی‌

Намоз мӯҷиби наздикии ҳар порсое ба Худост.”

Баракоти намоз

Намоз дарбаргирандаи осор ва баракоте аст, ки иборатанд аз:

  1. Намози аломати имон аст: Расули Худо (с) фармуданд:

عـلم الایمان الصلوة فـمن فـرغ لها قلبه و قام حدودها‌ فهو‌ مومن‌

Намоз парчам ва аломати имон аст. Пас, ҳар кас қалбашро омодаи намоз кунад ва ҳадду ҳудуди онро риоят кунад, мӯъмин аст.”

  1. Намоз ҷудосозандаи аз кибр:

فرض الله‌… والصلوة تنزیها عن الکبر و الزکوة تسبیباً‌ للرزق‌‌

Худованд барои ворастан аз кибр, намозро ва барои рӯйиши рӯзӣ, закотро муқарар кардааст.”

  1. Арзиши намоз ва таъсир бар корҳои дигар:

واعلم ان کل شی‌ء من علمک تبع لصلوتک‌

Бидон, ки ҳар кори дигарат дар арзиш, тобеъи намозат хоҳад буд.”

  1. Намоз, нузули раҳмат:

لو یـعلم المصلی ما یغشا من الرحمة لما رفع راسه فی السجود

Агар намозгузор бидонад, ки чӣ ҳолае аз ҷалоли Худо ӯро фурӯ мепӯшонад, ҳаргиз дӯсти надорад, ки сари худро аз саҷда бардорад.”

Ва хулоса, ба қавли Ҳофиз:

Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд, 

В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд. 

Бехуд аз шаъшааи партави зотам карданд, 

Бода аз ҷоми таҷаллӣ ба сифотам доданд. 

Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе 

Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд. 

Баъд аз ин рӯи ману оинаи васфи ҷамол, 

Ки дар он ҷо хабар аз ҷилваи зотам доданд. 

Ман агар комраво гаштаму хушдил, чӣ аҷаб? 

Мустаҳиқ, будаму инҳо ба закотам доданд. 

Ҳотиф он рӯз ба ман муждаи ин давлат дод, 

Ки бад-он чавру ҷафо сабру суботам доданд. 

Ин ҳама шаҳду шакар, к-аз суханам мерезад, 

Аҷри сабрест, к-аз он шохи наботам доданд. 

Ҳиммати Ҳофизу анфоси саҳархезон буд, 

Ки зи банди ғами айём наҷотам доданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: