Салафият

“Ҳанҷарае, ки дар ҷиҳати ихтилофафканӣ кор кунад, баландгӯи душман аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бо ишора ба ин ки “эҷоди ихтилоф ва дудастагӣ дар миёни уммати исломӣ, имрӯз яке аз барномаҳои аслии душманон аст” гуфт: “Ҳама бояд муроқиб бошанд, то мабодо фарёди ихтилоф сар диҳанд ва баландгӯи душманони Ислом ва Қуръон шаванд.” Вай афзуд: “Ҳанҷарае, ки дар ҷиҳати ихтилофафканӣ кор кунад, баландгӯи душман аст. Эҷоди ихтилоф таҳти ановини шиъа ва суннӣ, араб ва аҷам ва қавмиятҳо ва миллиятҳо ва таъассубҳои носиюнолистӣ, дар дастури кори бадхоҳони уммати исломӣ қарор дорад, ки бояд бо “басират” ва “азм” дар муқобили он истод.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ, дирӯз (23.05.2015) дар суханоне дар ҷамъи қориён ва ҳофизони Қуръони ширкаткунанда дар 32-умин Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон, бо таъкид бар лузуми ҳузури Қуръон дар тамоми абъоди зиндагии фардӣ ва иҷтимоии мусалмонон, лозимаи расидан ба ин ҳадафи волоро ду унсури “басират” ва “азм” донист ва гуфт: “Нусхаи илоҷи мушкилоти кунунии дунёи Ислом, таслим будан дар баробари дастуроти Қуръон ва таслим нашудан дар баробари таҳмилҳои ҷоҳилияти мудерн ва муқовимат дар баробари зӯргӯиҳои ин ҷоҳилият аст.”

Вай, тиловат ва ҳифзи Қуръонро муқаддимаи тахаллуқ ба ахлоқи қуръонӣ ва шаклгирии ҷомеае бар асоси дастуроти қуръонӣ баршумурд ва афзуд: “Имрӯз мутаассифона дунёи Ислом аз заъф ва фақр ва ихтилоф ва ҷангҳои дохилии ношӣ аз фишори низомҳои ҷоҳилӣ, ба шиддат ранҷ мебарад, ки танҳо роҳи муқобила бо ин фишорҳои таҳмилӣ, таслим шудан дар баробари Қуръон ва азми ҷиддӣ барои ҳаракат ба самти аҳдофи волои он аст.”

Раҳбари Эрон хотирнишон кард: “Агар як қадам ба самти аҳдофи қуръонӣ бардошта шавад, Худованд нерӯи музоъафе хоҳад бахшид ва ин, мавзӯе аст, ки миллати Эрон таҷриба карда ва бо муқовимат дар баробари зӯргӯиҳо, ба тавоноиҳо ва умеди бештаре даст пайдо кардааст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Эҷоди ихтилоф ва дудастагӣ дар миёни уммати исломӣ, имрӯз яке аз барномаҳои аслии душманон аст, бинобар ин ҳама бояд муроқиб бошанд, то мабодо фарёди ихтилоф сар диҳанд ва баландгӯи душманони Ислом ва Қуръон шаванд.”

Вай, бо таъкид бар ин ки ҳар ҳанҷарае, ки дар ҷиҳати ихтилофафканӣ кор кунад, баландгӯи душман аст, хотирнишон кард: “Эҷоди ихтилоф таҳти ановини шиъа ва суннӣ, араб ва аҷам ва қавмиятҳо ва миллиятҳо ва таъассубҳои носиюнолистӣ, дар дастури кори бадхоҳони уммати исломӣ қарор дорад, ки бояд бо “басират” ва “азм” дар муқобили он истод.”

Раҳбари Эрон, басират ва ташхиси саҳеҳи “дӯст” ва “душман”-ро бисёр зарурӣ донист ва таъкид кард: “Ҳангоме ки азм ва ирода дар канори басират қарор гирад, паймудани масир ва истодагӣ дар баробари фишорҳо ва таҳмилҳо ва тавтиъаҳо осон хоҳад шуд ва ин, ҳамон нусрати илоҳӣ аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.