Перейти к содержимому

Кисинҷер: “Бигузоред, мусалмонон ҳар чӣ метавонанд, ҳамдигарро бикушанд”

Ҳамзамон бо шиддат гирифтани таҳаррукоти теруристӣ дар минтақа, Ҳенри Кисинҷер (Henry Kissinger), вазири хориҷаи асбақи Омрико ва сиёсатмадори яҳудтабор ва кӯҳанкоре, ки бархе вайро “меъмори сиёсати хориҷӣ”-и чанд даҳаи гузаштаи Омрико медонанд, ба матлабе эътироф мекунад, ки бояд онро рамзи таҳаввулоти ахири минтақа ва посух ба муаммоҳои рӯйдодҳои чанд соли гузашта дар Ховари Миёна донист.

Ин сиёсатмадори маъруф мегӯяд: “Ғарб бояд аз шароити мавҷуд бештарин баҳрабардориро бинамояд ва бигузорад, мусалмонон ва аъроб ҳар чӣ метавонанд, ҳамдигарро бикушанд, то ин ки шароит барои “Исроил” фароҳам шавад ва “Исроил” ҳафт кишвари муҳимми нафтиро ишғол кунад, дар он ҳангом як гом боқӣ мемонад, ва он, тасаллут бар Эрон аст.”

Кисинҷер, ки то чанде қабл “аз хатари заволи Исроил” сухан мегуфт, акнун дар як мавзеъгирии комилан мутазодд мегӯяд: “Агар ҳама чиз тибқи барнома пеш биравад, ниме аз Ховари Миёна аз они “Исроил” хоҳад буд.” Вай меафзояд: “Ман борҳо хоби ин лаҳзаи торихиро дидаам.”

Изҳороти ин сиёсатмадори кӯҳнакор нишон медиҳад, ки Ғарб ва саҳюнизми байналмилалӣ хобҳои хатарноке барои минтақа дидаанд. Ин эътироф тардиде боқӣ намегузорад, ки маншаъи гурӯҳои такфирӣ ва теруристҳое, ки дар зери ном ва парчами Ислом падид омада ва рушду нумӯ мекунанд, саҳюнизми байналмилал аст. Аз замони густариши таҳаррукоти гурӯҳҳои такфирӣ-теруристӣ, ба вижа гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар Сурия ва Ироқ, ки авҷи он ишғоли шаҳри Мусили Ироқ дар соли гузашта буд, комилан мушаххас шуд, ки ҳомиёни ин гурӯҳҳо барномаҳои дарозмуддат ва хатарноке барои ин кишварҳо ва кулли минтақа тадорук дидаанд.

Бо гузашти замон, ин гумон акнун ба яқин табдил шудааст, ки пушти гурӯҳҳои такфирӣ, ба вижа гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, саҳюнистҳо қарор доранд, чаро ки иқдомот ва аъмоли ин гурӯҳҳо, тамоман дар ростои аҳдоф ва манофеъи режими саҳюнистӣ пеш меравад.

Ин воқеияти хатарноке аст, ки манобеи саҳюнистӣ ба он ишора кардаанд. Рӯзномаи саҳюнистии Едиот Аҳронот чанде пеш навишт, мақомоти амниятии ин режим таъкид кардаанд, ДОЪИШ барои “Исроил” таҳдид нест. Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ низ таъкид кард, ДОЪИШ на танҳо хатаре барои мо маҳсуб намешавад, балки аз марзҳои мо муҳофизат мекунад. Шабакаи Алманор ба нақл аз Муше Яълун афзуд: “ДОЪИШ дар нуқоти марзии Сурия ва Исроил, бо Ҳизбуллоҳи Лубнон даргир аст ва ин даргирӣ ба нафъи мост, зеро онҳо аз мо муҳофизат мекунанд.”

Ин маворид, танҳо бахши маъдуде аз кулли моҷарост, ки ба расонаҳо кашида шудааст ва ба таври қатъ, иртиботот ва муносиботи такфириҳо бо режими саҳюнистӣ, як иттиҳоди истротежик ва бисёр васеътар аз он аст, ки аланӣ шавад.

Бо рӯшан шудани моҳияти гурӯҳҳои теруристӣ, акнун ду масъалаи муҳим дар пеши рӯйи мусалмонон ва давлатҳои исломӣ қарор дорад:

1. Нахуст ин ки ҳар гуна бетафовутӣ нисбат ба хатари гурӯҳҳои такфирӣ, як хатои истротежик аст, ки чӣ басо дар оянда метавонад ҷуброннопазир бошад. Давлатҳои араб ва ғайри араби мусалмони минтақа бояд мутаваҷҷеҳи ин тавтиъаи шум ва барномарезишуда бошанд ва бетафовут мондан ва аз дур наззора кардан, наметавонад барои он давлатҳо ҳошияи амн эҷод кунад ва суботи онҳоро тазмин намояд. Ташкили як ҷабҳаи муштарак аз он даста кишварҳо, ки воқеияти мавҷудро дарк кардаанд, зарурӣ аст.

Давлатҳо ва миллатҳои мусалмон мутаваҷҷеҳи ин нукта бошанд, ки ДОЪИШ ва соири гурӯҳҳои теруристӣ, агарчӣ барои ҳамаи дунё хатар маҳсуб мешаванд, вале ҳадафи аслӣ аз ба вуҷуд овардан ва парварондани ин гурӯҳҳо, кишварҳои исломӣ ҳастанд ва ҳамон гуна ки Кисинҷер низ ишора кард, ҳадаф барҳам рехтани субот ва амнияти кулли минтақа аст, то дар сояи он, режими саҳюнистӣ битавонад аҳдофи палиди худро таҳаққуқ бахшад;

2. Нуктаи дуввум, хитоб ба он даста аз давлатҳои минтақа аст, ки дар ин тавтиъаи шум бо саҳюнистҳо ҳамроҳӣ мекунанд ва ба унвони омилони режими саҳюнистӣ алайҳи масолеҳи кишварҳои исломӣ ва мусалмонон иқдом менамоянд ва ҳезуми оташи фитнаеро, ки саҳюнистҳо рӯшан кардаанд, тадорук мебинанд. Ин давлатҳо бояд бидонанд, ки шӯълаҳои ин оташ агар густариш ёбад, домани худи онҳоро низ хоҳад гирифт.

Рӯйдодҳои ҷорӣ, ба хусус таҳаввулоти ахир, собит кард, ки барои гурӯҳҳои такфирӣ тафовуте намекунад, ки тарафи муқобили онҳо, шиъа бошад ё суннӣ, масеҳӣ бошад ё курд…

Ин гурӯҳҳои ваҳшӣ танҳо ба ҳадафи худ, ки тасаллути гом ба гом бар минтақа ва хидмат ба саҳюнизми байналмилал аст, меандешанд.

Давлатҳои муртаҷеъи минтақа агар фикр мекунанд, ин гурӯҳҳои терурист хостаҳои онҳоро мадди назар доранд, сахт дар иштибоҳ ҳастанд ва ба салоҳи онҳост, ки то дер нашуда, дар сиёсатҳои худ таҷдиди назар намоянд ва беш аз ин дигар ба ҷаҳони Ислом ва манофеъи миллатҳои худ хиёнат накунанд.

Тардиде нест, ки саҳюнистҳо ва ҳомиёни ғарбии онҳо ба муттаҳидони минтақаии худ бисёр дилбаста ҳастанд, чаро ки бидуни ҳамкорӣ ва ҳамсӯйии ин давлатҳои муздур, таҳаққуқи аҳдофи онҳо муяссар нахоҳад буд.

Ин, доме аст, ки саҳюнистҳо барои давлатҳои муздури минтақа, ки муттаҳиди теруристҳо шудаанд, паҳн кардаанд, ва агар ин давлатҳо фикр мекунанд, ки гурӯҳҳои теруристӣ ба онҳо вафодор хоҳанд монд ва хостаҳои сиёсӣ ва ҷоҳталабонаи онҳоро муҳаққақ хоҳанд сохт, бисёр содалавҳ ҳастанд.

Нуктае, ки ин давлатҳои муздур ва арбобони байналмилалии онҳо аз он ғофиланд, ин аст, ки миллатҳои мусалмон мутаваҷҷеҳи абъоди ин тавтиъаи саҳюнистӣ ҳастанд ва имкони таъбир шудани хоби шуми онҳоро нахоҳанд дод. Иродаи миллатҳои мусалмон ин аст, ки теруризми такфириро саркӯб кунанд ва ин ғуддаи саратониро аз пайкари ҷаҳони Ислом хориҷ намоянд. Ин ҳадаф, комилан дастёфтанӣ аст агар давлатҳои исломӣ бо дарки мавқеъияти ҳассоси кунунӣ, ба вазифаи худ амал кунанд.

Jomhourieslami

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: