Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (12)

Мутлақ ва муқайяд (5)

Баҳси мо дар мутлақ ва муқайяд буд ва мусанниф чанд мисол зад. Инак, мисоли шашум:

Мисоли шашум:

Мусанниф мегӯяд:

وكذلك قلنا الرقبة في كفارة الظهار واليمين مطلقة فلا يزاد عليه شلاط الإيمان بالقياس على كفارة القتل

Ва ҳамчунин гуфтаем: рақаба (барда) дар каффораи зиҳор ва ямин (қасам) мутлақ оварда шуда, пас шарти имон бар он афзуда намешавад бо қиёс бар қаффораи қатл.”

Шарҳ: Дар бораи каффораи қатли мӯъмин дар Қуръони Карим омадааст:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَن يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلاَّ خَطَئًا وَمَن قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَئًا فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ

Ва ҳеч мӯъминеро насазад, ки мӯъминеро бикушад магар ба иштибоҳ. Ва ҳар кас мӯъминеро ба иштибоҳ кушт, бояд “бардаи мӯъмине”-ро озод кунад…” (Нисо, 92)

Ва аммо дар мавриди каффораи зиҳор фармудааст:

وَالَّذِينَ يُظَاهِرُونَ مِنْ نِسَائِهِمْ ثُمَّ يَعُودُونَ لِمَا قَالُوا فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ

Ва касоне ки занонашонро зиҳор мекунанд, сипас аз он чӣ гуфтаанд пушаймон мешаванд, бар эшон (фарз) аст, ки “бардае”-ро озод кунанд…”

Ва ҳамчунин дар хусуси каффораи қасам фармуда:

لاَ يُؤَاخِذُكُمُ اللّهُ بِاللَّغْوِ فِي أَيْمَانِكُمْ وَلَكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا عَقَّدتُّمُ الأَيْمَانَ فَكَفَّارَتُهُ إِطْعَامُ عَشَرَةِ مَسَاكِينَ مِنْ أَوْسَطِ مَا تُطْعِمُونَ أَهْلِيكُمْ أَوْ كِسْوَتُهُمْ أَوْ تَحْرِيرُ رَقَبَةٍ

Худо шуморо ба савгандҳои беҳудаатон муъохиза намекунад, вале ба савгандҳое, ки (аз рӯи ирода) мехӯред (ва мешиканед), шуморо муъохиза мекунад ва каффорааш хӯрок додан ба даҳ мискин аз таъомҳои мутавассите, ки ба касони худ мехӯронед ё пӯшондани онон ё озод кардани “бардае” аст…” (Моида, 89)

Чунон ки мулоҳиза мефармоед, Қуръон дар мавриди каффораи зиҳор ва ямин (савганд) – ки озод кардани барда аст — “барда”-ро ба сурати мутлақ оварда, ки ҳар бардаеро шомил мешавад, чӣ мӯъмин бошад ё ғайри мӯъмин, вале дар хусуси каффораи қатли мӯъмин, бардаро муқайяд ба мӯъмин будани он кардааст. Аммо Имом Шофеӣ (р) дар каффораи зиҳор ва ямин низ мӯътақид аст, ки барда бояд мӯъмин бошад бо қиёс ба каффораи қатл. Зеро каффораҳо бояд ҳама аз як ҷинс бошанд. Аммо мусанниф ба пайравӣ аз фуқаҳои ҳанафӣ мегӯяд: ҷоиз нест мутлақи Қуръон (ки қатъист) бо як далели заннӣ (хабари воҳид ё қиёс) муқайяд карда шавад.

Посухи як ишкол ва эрод:

Мусанниф дар идома як ишкол ва эродро матраҳ ва ба посухи он мепардозад. Мегӯяд:

إن قيل: أن الكتاب في مسح الرأس يوجب مسح مطلق البعض، وقد قيدتموه بمقدار الناصية بالخبر. والكتاب مطلق في انتهاء الحرمة الغليظة بالنكاح، وقد قيّدتموه بالدخول بحديث امرأة رفاعة. قلنا: إن الكتاب ليس بمطلق في باب المسح، فإن حكم المطلق أن يكون الآتي بأي فرد كان، آتيا بالمأمور به، والآتي بأي بعض كان ههنا، ليس بآت بالمأمور به، فإنه لو مسح على النصف أو على الثلثين، لا يكون الكل فرضا، وبه فارق المطلق المجمل. وأما قيد الدخول فقد قال البعض أن النكاح في النص حمل على الوطء، إذ العقد مستفاد من لفظ الزوج، وبهذا يزول السؤال. وقال البعض قيد الدخول ثبت بالخبر، وجعلوه من المشاهير فلا يلزمهم تقييد الكتاب بخبر الواحد

Агар (ба мо ин эрод гирифта ва) гуфта шавад, ки: китоб (Қуръони Карим) дар мавриди масҳи сар (дар вузӯъ), масҳи мутлақи баъз (яъне ҳар миқдоре аз сар)-ро эҷоб мекунад, вале шумо он (баъз)-ро муқайяд ба миқдори носия (ҷилави сар ва чаҳоряки он) кардаед ба воситаи хабари воҳид. (Ҳамчунин) китоб дар мавриди поёни замони ҳурмати ғализа мутлақ аст ба никоҳ, вале шумо онро муқайяд ба духул кардаед ба воситаи ҳадиси зани Руфоъа.

(Дар посухи ин эрод) гӯем: китоб дар хусуси масҳ мутлақ нест. Зеро ҳукми мутлақ ин аст, ки бо анҷоми ҳар фарде (аз афроди мутлақ), он чӣ ба он амр шудааст анҷом ёфта бошад. (Вале) дар ин ҷо, бо анҷоми ҳар баъз (ҳар миқдоре аз сар), он чӣ (аз баъз, ки тибқи ояти қуръонӣ) ба он маъмурем, анҷом наёфтааст. Зеро бар фарз агар бар нисф (нисфе аз сар) ва ё бар сеяк (сеяки сар) масҳ кунад, кулли инҳо фарз намебошад. Ва ба ҳамин аст, ки мутлақ аз муҷмал ҷудо шуда.

Ва аммо қайди духул (дар мавриди поёни замони ҳурмати ғализа), бархе гуфтаанд: (вожаи) никоҳ дар ин насс ба маънои “ватъ” аст; зеро ақд аз лафзи “завҷ” истифода шуда (на аз лафзи никоҳ). Ва ба ин, дигар ишкол аз байн меравад.

Бархе ҳам гуфтаанд: бале, қайди духул ба воситаи хабар собит шуда, вале ин хабарро (хабари воҳид надонистаанд, балки онро) аз машҳурот донистаанд, бинобар ин, тақйиди китоб ба воситаи хабари воҳид лозим намеояд (балки ба хабари машҳур муқайяд аст).”

Шарҳ: Аз он ҷо, ки мусанниф (ба пайравӣ аз фуқаҳои ҳанафӣ) аз аввал бар ин ақида аст, ки наметавон далели қуръониро (ки қатъӣ аст) ба воситаи хабари воҳид ва ё қиёс (ки ин ду далел заннӣ ҳастанд) қайд зад, вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки фуқаҳои ҳанафӣ дар масъалаи масҳи сар дар вузӯъ ва низ дар хусуси поёни замони ҳурмати ғализа, далели қуръониро ба воситаи хабари воҳид қайд задаанд, аз ин рӯ, ин ишкол бар онҳо мутаваҷҷеҳ мешавад, ки шумо чаро дар ин ду маврид истисно қоил шудаед?

Инак, аввал ин ду мавридро тавзеҳ бидиҳам, сипас ҷавоби мусаннифро тавзеҳ хоҳам дод:

1. Дар Қуръони Карим дар бораи кайфияти вузӯъ мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلاةِ فاغْسِلُواْ وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُواْ بِرُؤُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَينِ

Эй касоне ки имон овардаед, чун ба (азми) намоз бархезед, сурат ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва ба (баъзе аз) сар ва пойҳои худатон то буҷулак (-и ҳар ду по) масҳ кашед…” (Моида, 6)

Аммо ин ки ин “баъзе аз сар” чӣ миқдор аз сар аст, ки ба он масҳ бояд кашид, Қуръони Карим баён накардааст. Ин ҷо фуқаҳои ҳанафӣ бо истинод ба хабари воҳид ин миқдорро табйин кардаанд. Дар Саҳеҳ Муслим дар бораи кайфияти вузӯи ҳазрати Паёмбар (с) омада:

أَن النَّبِي صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم َ تَوَضَّأ فَمسح بناصيته، وَعَلَى الْعِمَامَة، وَعَلَى الْخُفَّيْنِ

Паёмбар (с) вузӯъ гирифтанд; ба ин тартиб, ки ба носияи хеш (ҷилави сар ва чаҳоряки он) ва бар аммома ва бар ду мӯза масҳ кашиданд…”

Бо истинод ба ҳамин ривоят, фуқаҳои ҳанафӣ он миқдор аз сарро, ки дар вузӯъ бояд бар он масҳ кашид, носия (ҷилави сар ва чаҳоряки он) донистаанд.

2. Ва аммо мавриди дуввум: Дар Қуръони Карим дар бораи поёни муддати замони ҳурмати ғализа (ки дар пойин тавзеҳ дода хоҳад шуд, ки ҳурмати ғализа чист) омада:

فَإِن طَلَّقَهَا فَلاَ تَحِلُّ لَهُ مِن بَعْدُ حَتَّىَ تَنكِحَ زَوْجًا غَيْرَهُ

Ва (агар шавҳар се бор) ӯро талоқ гуфт, пас аз он дигар (он зан) барои ӯ ҳалол нест то ин ки бо шавҳаре ғайр аз ӯ никоҳ кунад…” (Бақара, 229)

Ба ин маъно, ки агар шавҳар занашро се талоқ бидиҳад, ин зан дигар барои ӯ ҳаром ба ҳурмати ғализа хоҳад шуд ва танҳо замоне метавонад аз нав бо ӯ издивоҷ кунад, ки ин зан ба никоҳи марди дигаре даромада, аз ӯ ҷудо бишавад. Манзур аз ҳурмати ғализа он аст, ки мо ду гуна ҳурмат (ҳаром будан) дорем: яке хафифа (сабук) ва дигаре ғализа (ё сангин). Ҳурмати хафифа он ҷост, ки ҳамсарашро як талоқ бидиҳад, ки дар ин сурат метавонад ба ӯ баргардад. Ва аммо ғализа, бо се талоқ додан ҳосил мешавад, ки дигар наметавонад ба ӯ баргардад, магар он ки бо марде дигар издивоҷ ва аз ӯ талоқ бишавад.

Ҳол, Қуръон мегӯяд: “то ин ки бо шавҳаре ғайр аз ӯ никоҳ кунад”. Дар ин ҷо ин суол худнамоӣ мекунад, ки манзур аз никоҳ дар ин оят оё ин аст, ки фақат кофист бо ӯ ақд бикунад ва шарт нест бо ӯ ҳамхоба бишавад, ё ин ки на, ҳатман бояд ҳамхоба ҳам бишавад. Фуқаҳои ҳанафӣ дар ин ҷо бо истинод ба ривояти зани Руфоъа гуфтаанд: ҳатман бояд бо ӯ ҳамхоба бишавад. Ин ривоят ба шарҳи зерин аст:

جَاءَتِ امْرَأَةُ رِفَاعَةَ الْقُرَظِىِّ النَّبِىَّ صلى الله عليه وسلم فَقَالَتْ كُنْتُ عِنْدَ رِفَاعَةَ فَطَلَّقَنِى فَأَبَتَّ طَلاَقِى، فَتَزَوَّجْتُ عَبْدَ الرَّحْمَنِ بْنَ الزَّبِيرِ، إِنَّمَا مَعَهُ مِثْلُ هُدْبَةِ الثَّوْبِ. فَقَالَ: أَتُرِيدِينَ أَنْ تَرْجِعِى إِلَى رِفَاعَةَ لاَ حَتَّى تَذُوقِى عُسَيْلَتَهُ وَيَذُوقَ عُسَيْلَتَكِ

Зани Руфоъаи Қуразӣ хидмати Паёмбар (с) расид ва гуфт: ман назди Руфоъа будам (яъне зани ӯ будам) ва ӯ маро талоқ дод ва талоқи қатъӣ ҳам дод (яъне се талоқ дод). Сипас бо Абдурраҳмон ибни Зубайр издивоҷ кардам, аммо ӯ (Абдурраҳмон) чизе монанди канораи либос дорад (киноя аз ин ки олати таносулии вай хеле ночиз буд). Паёмбар (с) фармуданд: ба назарам мехоҳӣ дубора назди Руфоъа баргардӣ? (На, мумкин нест) магар баъд аз он ки ту асилаи ӯро бичашӣ ва ӯ асилаи туро бичашад.“ (Ривояти Бухорӣ) Чашидани асила киноя аст аз лаззати ҷимоъ ва ҳамхоба шудан.

Ҳол, чунон ки мебинем, фуқаҳои ҳанафӣ дар ин ду маврид Қуръонро ба хабар муқайяд кардаанд.

Аммо ҷавоби мусанниф ба ин ду ишкол:

1. Мусанниф дар ҷавоби ишколи аввал мегӯяд: асосан далели қуръонӣ дар мавриди масҳи сар, мутлақ нест. Яъне чунин нест, ки манзур аз “баъзе аз сар” дар ин оят, ҳар “баъзе аз сар” бошад мисли нисфи сар ё сеяки сар ва ғайра. Дар ҷои худаш баён гардид, ки ҳукми мутлақ он аст, ки агар ҳар фарде аз афроди мутлақ анҷом дода шавад, амал ба ҳукми ин мутлақ анҷомшуда маҳсуб мешавад. Вале дар ин маврид, агар фаразан бар нисфи сар ё сеяки сар масҳ бикашад, ҳукми Қуръон анҷомшуда маҳсуб намешавад.

Пас, “баъзе аз сар” дар ин ҷо муҷмал аст, на мутлақ. Дар оянда дар баҳси “Муҷмал ва муташобеҳ” хоҳад омад, ки муҷмал ин аст, ки дар бораи маънои он чанд эҳтимол меравад ва мурод мубҳам аст ва ниёз ба баён ва тавзеҳ аз сӯйи гӯянда дорад. Дар ин ҷо ҳам “баъзе аз сар” муҷмал аст ва ниёз ба баён дорад, ки баёнаш ҳамон ривоят аст.

2. Ва аммо дар ҷавоби ишколи дуввум мегӯяд: аммо ин ки никоҳро дар ин оят ба духул муқайяд кардаем, ба ин ҷиҳат аст, ки баъзе луғатдонон аслан маънои никоҳро “ватъ” (ҷимоъ) донистаанд. Бинобар ин, маънои “то ин ки бо шавҳаре ғайр аз ӯ никоҳ кунад” ин аст, ки “то ин ки бо шавҳаре ғайр аз ӯ ҷимоъ кунад.” Ва аммо ақд бошад, аз лафзи “завҷ” истифода мешавад, на аз лафзи никоҳ. Ва бо ҳамин, дигар ишкол аз байн меравад.

Ва сониян, бархе ҳам гуфтаанд: бале, қайди духул ба воситаи хабар собит шуда, вале на хабари воҳид, то ба мо ишкол шавад, балки ин хабар аз ахбори машҳур аст. Бо ин ҳисоб, агар ҳам бипазирем, ки ояти Қуръон дар ин ҷо ба хабар тақйид хӯрда, ба хабари машҳур тақйид хӯрда на хабари воҳид.

Бо ҳамин, баҳси мутлақ ва муқайяд поён ёфт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.