Перейти к содержимому

Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ҳукуматро дар нопадид шудани Сарафарози Оламафрӯз айбдор кард

Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон дар баёнияе, ки дирӯз (01.06.2015) мунташир кард, бо ишора ба ин ки Эҳсон Одинаев машҳур ба Сарафрози Оламафруз, аз мухолифон ва фаъол дар фазои маҷозӣ, бегоҳии рӯзи 19/05/2015 дар ҳудуди соатҳои 22-23 ба сурати мармузе нопадид шуд, изҳор доштааст, ки Анҷуман “баъид намешуморад, ки муздурони режими Раҳмон ба сурати ғайри қонунӣ Эҳсонро рабуда бошанд.”

Дар ин баёния, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз сӯи ин анҷуман мунташир шуда, ҳамчунин ёдоварӣ шудааст: “Эҳсон Одинаев чанде пеш бо супориши ҳукумати Тоҷикистон таҳти таъқиби пулиси байналмилал (ИНТЕРПОЛ) қарор гирифтааст.”

Баёнияи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки раҳбари он Додоҷон Атовуллоев ба шумор меравад, афзудааст: “Дӯстон ва наздикони Эҳсон бо муроҷиат ба хонаи истиқомати ӯ, дарёфтанд, ки Эҳсон ҳеч кадом аз лавозими шахсии худро монанди компютер, зарядник ва либосҳояш ҳамроҳи худ набурдааст, ҳатто бар рӯи дастурхонаш истакони чояш нанӯшида боқӣ мондааст.”

Дар идомаи ин баёния таъкид шудааст: “Он чӣ ки ҷойи нигаронӣ дорад, то кунун дар ҳеч кадом аз шӯъбаҳои пулиси он минтақа, хабаре аз ӯ сабт нашудааст.”

Баёния меафзояд: “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон баъид намешуморад, ки муздурони режими Раҳмон ба сурати ғайри қонунӣ Эҳсонро рабуда бошанд. Зеро дар корномаи сиёҳи ин режим, чунин рафторҳои ноҷавонмардона зиёд ба чашм мехӯрад. Аз ин рӯ, мо аз ҳамаи ватандӯстон ва адолатхоҳон, аз ҳамаи журналистон ва ҳуқуқдонон хоҳиш ба амал меоварем, ин дар баробари ин ҳодисаи дилхарош бетафовут намонанд ва аз ҳар тариқи мумкин барои ёфтани ин ҷавонмарди мубориз моро ёрӣ расонанд, то нагузоранд, ин режими хунхор бо хотири ҷамъ ба шикори ваҳшиёнаи худ идома диҳад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: