Сиёсат

Аввалин вокуниши Ардуғон пас аз эъломи натоиҷи интихоботи порлумон

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи душанбе (08.06.2015), бо эъломи ин ки дар интихоботи порлумонӣ ҳеч ҳизбе ин муҷаввизро дарёфт накарда, ки ба танҳоӣ ҳукумат кунад, аз ҳамаи аҳзоби сиёсӣ хост, барои ҳифзи фазои эътимод ва суботи ин кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс аз Онкоро, Ардуғон дар баёнияе, ки дафтари вай дар мавриди интихоботи рӯзи якшанбе содир кард ва нахустин изҳори назари расмии вай буд, эълом кард: “Раъй ва назари миллати мо бар ҳама чиз муқаддам аст.”

Дар ин баёния омадааст: “Мӯътақидам, натоиҷи интихобот, ки ба ҳеч ҳизбе фурсати ташкили давлати такҳизбиро намедиҳад, аз сӯйи ҳамаи аҳзоб ба дурустӣ ва бо воқеъгароӣ таҳлил хоҳад шуд.”

Барномаҳои Ардуғон барои дар ихтиёр гирифтани қудрати иҷроии кишвар боис шуд, вай дар интихобот зарбаи сахте мутаҳаммил шавад ва Ҳизби адолат ва тавсиъа, ки вай поягузори он аст, барои нахустин бор натавонист пирӯзии қотеъ ба даст оварад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.