Перейти к содержимому

“Ба ҷойи рафтан ба домони исроилиҳо, аз Фаластин ва масҷиди Ақсо ҳимоят кунед”

Ёддоште аз Абдулборӣ Атвон дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Раъюл-явм

Тасовири даст додани Анвар Моҷид Ишқӣ, мақоми баландпояи саудӣ бо Дур Гулд (Dore Gold), мақоми исроилӣ дар ҷараёни ҳамоише, ки Шӯрои равобити хориҷӣ дар Вошингтун баргузор карда буд, унвони аслии бисёре аз рӯзномаҳои исроилӣ буд, ки онро “пешрафти муҳимме дар равобит байни Исроил ва Арабистон” донистанд, дар ҳоле ки ҳеч як аз рӯзномаҳои саудӣ ва ё соири кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс онро мунташир накарданд.

Ишқӣ ин дидорро тасодуфӣ тавсиф карда ва гуфта, ки бо Гулд ба унвони раиси Маркази мутолеоти Байтулмуқаддас дидор кардааст, на ба унвони як мақоми исроилӣ. Аммо Ишқӣ ин мавзӯъро фаромӯш кардааст, ки дар ҳоле ки таҳрими асотид ва донишгоҳҳои исроилӣ дар Урупо ва Омрико рӯ ба афзоиш аст, набояд аслан чунин дидоре сурат бигирад.

Дидори ахири Ишқӣ бо Гулд, ки аз ростгароҳои тундрав аст, барои аввалин бор сурат намегирад, балки ба гуфтаи Гулд, ҳаддиақал барои панҷумин бор аст. Ин амр гуфтаҳои Ишқиро мавриди шакку тардид қарор медиҳад, ба хусус ки вай худро як мутахассиси донишгоҳии мӯътақид ба воқеъгароӣ ва ҳирфаӣ будан медонад.

Вақте яке аз хабарнигорон дар хусуси мусоҳибаи Ишқӣ бо як рӯзномаи исроилӣ дар ҷараёни ширкат дар конфронси демукросӣ дар моҳи мегузашта дар Қатар суол кард, Ишқӣ гуфт, ки ин мусоҳиба бо як рӯзномаи ҳуландӣ сурат гирифта ва ин рӯзнома бидуни иттилоъ ва иҷозаи вай онро дар ихтиёри рӯзномаи Едиот Аҳронот қарор додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳақиқат чизи дигаре аст, зеро Семидор Перӣ, рӯзноманигори исроилӣ, ки дар ҳамон конфронс ҳузур дошт, гуфта, ки вақте аз Ишқӣ дархости мусоҳиба кардам, тардиде дар сӯҳбат бо як рӯзноманигори исроилӣ надошт ва аз он истиқбол кард ва гуфт, ки аз ин тариқ мехоҳад паёмеро ба Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил” мунтақил кунад, бо ин мазмун, ки замони он фаро расида, ки Телавив ибтикори амали сулҳи Арабистонро ба расмият бишносад.

Ва дар ин мусоҳиба фош карда, ки Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон аз ин тарҳи сулҳ ҳимоят мекунад.

Ишқӣ ба рӯзноманигори исроилӣ гуфтааст, ки агар Телавив ҳамаи манотиқи ишғолшударо ба мо пасбидиҳад, дар муқобил сулҳу созиши комил бо 22 кишвари арабиро ба даст хоҳад овард.

Хатари чунин дидорҳое байни Арабистон ва мақомоти режими “Исроил” ҳатто дар сатҳи окодемик аз он ҷиҳат аст, ки бо иҷоза ва чароғи сабзи мақомоти Арабистон ва шояд бо ташвиқи онон сурат мегирад.

Маҳол аст дидорҳое аз ин навъ, мисли дидори Анвар Ишқӣ бо масъули исроилӣ ва ё дидорҳои маҳрамона ва аланӣ бо масъулони исроилӣ ва ё мақомоти дигар кишварҳо, бидуни машварат ва ҳамоҳангӣ бо тасмимгирони ин кишвар ва подшоҳи Арабистон сурат гирад.

Чунин ҷаласоте бо исроилиҳо ва афзоиши он дар ҳоле ки Арабистон дар чандин ҷабҳа дар Яман, Сурия, Ироқ ва ҳамчунин дар дохили кишвар даргири иқдомоти теруристӣ ва инфиҷор аст, бардоште иштибоҳ ва кӯтаҳбинона аз авлавиятҳои Арабистон ва кулли минтақа аст ба хусус ки метавонад дастовезе барои касоне бошад, ки қасди ноамн ва бесубот кардани ин кишварро доранд.

Исроилиҳо аз ин ҷумлаи Ишқӣ, ки гуфта буд, “Исроил душмане оқил ва Эрон дӯсте нодон аст” ва дар воқеъ ситоиши аввалӣ ва кӯбидани дуввумӣ ва нишон додани тамоюл ба ҳамкорӣ бо “Исроил” алайҳи Эрон ба шумор мерафт, истиқбол карданд ва онро ҷашн гирифтанд.

Мо намедонем таърифи Ишқӣ аз ақл ва ҷаҳл чист, аммо оё ба назари вай режиме, ки масҷиди Алақсоро ишғол карда, ба яҳудисозии Байтулмуқаддас ва аз байн бурдани ҳувияти арабӣ-исломии он ва сокин кардани 800 ҳазор шаҳракнишин дар каронаи Бохтарӣ машғул аст, ҳазорон нафарро дар Ғазза шаҳид карда ва 80 ҳазор манзилро вайрон намуда, ба ҷануби Лубнон таҷовуз намуда ва бахшҳое аз Сурия ва Лубнон ва кишварҳои арабиро ба ишғоли худ дароварда, оё ин душман оқил аст? Агар ин тавр аст, пас девона ба назари Ишқӣ чӣ касе аст? Касе, ки баръакси ин корҳоро анҷом диҳад?

Арабистони Саудӣ ҳамакнун дар марҳилаи сарнавиштсозе ба сар мебарад ва мо гумон намекунем, ки наздикӣ бо режими “Исроил”, дар ҳар сатҳе, Риёзро ба соҳили амният суқ диҳад, балки мӯҷиби афзоиши таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ хоҳад шуд, ки ин кишварро иҳота кардааст.

Ба назари мо, Эрон ва муттаҳидони он дар минтақа, ки бо режими “Исроил” мубориза мекунанд ва дар қавлу амал аз гурӯҳҳои муқовимат дар баробари ишғолгарон ҳимоят менамоянд, он тавр ки Ишқӣ иддаъо кард, “душмани нодон” ба шумор намераванд, балки баръакс, онҳо аз ҳуш ва ақли саршоре бархӯрдоранд ва дар ҷиҳати саҳеҳ ҳаракат мекунанд.

Бад нест ба бародарони арабистонии худ, ки барои барқарории иртибот бо режими саҳюнистӣ ва тарвиҷи аҳаммияти ҳамкорӣ бо он алайҳи Эрон талош мекунанд, ёдоварӣ кунем, ки “Исроил” дар тамоми ҷангҳои ахири худ шикаст хӯрда ва нерӯи ҳавоии он натавонист ҳеч гоҳ ҷангро ба нафъи худ тамом кунад, ҳамон тавр ки нерӯи ҳавоии Омрико пас аз чаҳор ҳазор бор бомбборони мавозеъи ДОЪИШ натавонист онро нобуд кунад ва худи Арабистон пас аз се ҳазор бор бомбборон ва 73 рӯз ҳамлаи ҳавоии мустамир ба Яман, муваффақ нашуд Ҳусиҳоро ба зону дароварад.

Ба Арабистон тавсия мекунем, ба ҷойи рафтан ба домони исроилиҳо қулуби аъроб ва мусалмононро бо ҳимоят аз Фаластин ва масҷиди Алақсо ба даст оварад, зеро ин кӯтоҳтарин роҳ барои ҳифзи амният, субот ва тамомияти арзии Арабистон аст, ки сарзамини ваҳй ва ҷойгоҳи хонаи Каъба ва масҷиди Набӣ (с) ба шумор меравад ва мақомоти Арабистон бояд дар ҳадду андозаҳои масъулияти ҳифз ва сиёнат аз ин амокини муқаддаса бошанд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: