Сиёсат

Ардуғон: “Ҳимоят аз Фаластин ифтихор аст”

Раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар пуштибонӣ ва ҳимоят аз Фаластин, хотирнишон кард: “Сиёсатҳои хориҷии мо ҳаргиз тағйир намекунад ва мо ҳамвора ҳомӣ ва пуштибони мазлумони ҷаҳон хоҳем буд. Ёрии мазлумони ҷаҳон ба вижа дар Фаластин ва Ироқ, барои мо як ифтихори бузург аст.”

Раҷаб Тайиб Ардуғон дар аввалин ҳузури умумии худ пас аз интихоботи порлумонии ин кишвар, ки дар он Ҳизби адолат ва тавсиъа ба раҳбарии вай аксариятро пас аз 13 сол аз даст дод, дар суханоне дар ҳузури донишҷӯёни хориҷӣ, низоми кунунии ҷаҳониро “ғайри одилона” тавсиф кард ва гуфт: “Муттаассифона сарватҳои кишварҳои фақир истихроҷ ва дар ихтиёри кишварҳои қудратманди дунё қарор мегирад.”

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Deutsche Welle, Ардуғон дар ин суханронӣ, бо интиқод аз кишварҳои ғарбӣ, гуфт: “Онҳо туркманҳо ва арабҳои Сурияро бомбборон мекунанд ва дар айни ҳол теруристҳои курдро тақвият мекунанд, ки ҷои туркманҳо ва арабҳоро мегиранд.”

Ардуғон гуфт: “Ҳеч масъалаи сиёсие набояд дастовардҳои Туркияро ба хатар биандозад ва торих дар бораи касоне ки Туркияро дар барзах раҳо кунанд, қазоват хоҳад кард.”

Вай ваъда дод, ки ба унвони раисиҷумҳур аз тамоми ихтиёроти қонунӣ барои ёфтани роҳе барои ташкили давлат истифода кунад. Ардуғон гуфт: “Тамомии аҳзоби сиёсӣ бояд ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе ба унвони хостаи мардум эҳтиром бигузоранд. Афроде, ки орзуи ошӯб дар Туркияро доштанд, ноумед шуданд ва ин ба ин маъност, ки мо дар масири дуруст қарор дорем. Масъулияти ман ба унвони раисиҷумҳури мунтахаби Туркия, дар ҳоли ҳозир бисёр бузургтар аст ва ман ин масъаларо медонам. Тавтиъаҳои душманон алайҳи Туркия ба шикаст кашида шуд. Ҳаҷма ва таблиғоти манфии расонаҳои ғарбӣ собит мекунад, ки мо роҳи саҳеҳро интихоб кардаем.”

Раҷаб Тайиб Ардуғон дар нахустин суханронии худ пас аз интихоботи порлумонӣ, хостори ташкили ҳар чӣ сареътари давлат шуд ва бо баргузории як интихоботи ҷадид мухолифат кард. Вай гуфт, ки бояд “худхоҳиро канор гузошт” ва ҳар чӣ сареътар давлати ҷадидро ташкил дод.

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин бо таъкид бар пуштибонӣ ва ҳимоят аз Фаластин, хотирнишон кард: “Сиёсатҳои хориҷии мо ҳаргиз тағйир намекунад ва мо ҳамвора ҳомӣ ва пуштибони мазлумони ҷаҳон хоҳем буд. Ёрии мазлумони ҷаҳон ба вижа дар Фаластин ва Ироқ, барои мо як ифтихори бузург аст.”

Раҷаб Тайиб Ардуғон низоми кунунии ҷаҳониро “ғайри одилона” тавсиф кард ва гуфт: “Муттаассифона сарватҳои кишварҳои фақир истихроҷ ва дар ихтиёри кишварҳои қудратманди дунё қарор мегирад.” Раисиҷумҳури Туркия изҳор дошт: “Омӯзиши ятимҳо ва фуқаро дар Туркия ва бозгардондани онҳо ба кишварҳо барои мо як ифтихор аст.”

Гуфтанист, Ҳизби адолат ва тавсиъа бо вуҷуди ин ки бештарин курсиҳоро ба даст оварда, барои ташкили кобина ба эътилоф бо дигар аҳзоб ниёз дорад, ҳарчанд то кунун ҳеч як аз се ҳизби дигар барои эътилоф бо ҳизби Ардуғон эъломи омодагӣ накардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.