Усули фиқҳ

Шарҳи Усули Шошӣ (13)

Муштарак ва муаввал (1)

Таърифи муштарак

Пас аз баҳси мутлақ ва муқайяд, мусанниф ба баёни муштарак ва муаввал мепардозад ва мегӯяд:

والْمُشْتَرك مَا وضع لمعنيين مُخْتَلفين، أَو لمعان مُخْتَلفة الْحَقَائِق. مِثَاله قَوْلنَا: جَارِيَة، فَإِنَّهَا تتَنَاوَل الْأمة والسفينة، وَالْمُشْتَرِي، فَإِنَّهُ يتَنَاوَل قَابل عقد البيع وكوكب السَّمَاء، وَقَوْلنَا: بائن، فَأن يحْتَمل الْبَين وَالْبَيَان

Муштарак лафзе аст вазъшуда барои ду маънии мухталиф ё чанд маънии дар моҳият ва ҳақиқат мухталиф. Мисоли он: лафзи ҷория аст; зеро ин лафз дар бар мегирад (ва вазъ шудааст барои ду маънӣ) канизак ва киштӣ. Ва ё (мисли) лафзи муштарӣ; чаро ки ин лафз дар бар мегирад (ва вазъ шудааст барои ду маънӣ) қабулкунандаи ақди хариду фурӯш (яъне харидор) ва сайёраи осмон. Ва ҳамчунин (мисоли он:) лафзи боин аст; зеро ин лафз бармедорад (ва вазъ шудааст барои маънои) ҷудоӣ ва ошкор.”

Шарҳ: Муштарак лафзе аст, ки барои далолат бар ду маъно ё бештар вазъ шуда бошад, мисли вожаи боз дар порсӣ, ки ду маъно дорад: яке, парандае махсус ва дигарӣ ба маънои гушуда мисли ин ки бигӯем: дар боз аст. Ва ё лафзи айн дар арабӣ, ки барои чашма, ҷосус, тилло, чашм ва чанд маънои дигар вазъ шудааст.

Ҳукми муштарак

Мусанниф дар идома ба баёни ҳукми муштарак мепардозад ва мегӯяд:

وَحكم الْمُشْتَرك أَنه إِذا تعين الواحد مرَادا بِهِ، سقط اعْتِبَار إِرَادَة غَيره، وَلِهَذَا أجمع الْعلمَاء — رَحِمهم الله تَعَالَى — على أَن لفظ القروء الْمَذْكُور فِي كتاب الله تَعَالَى مَحْمُول إِمَّا على الْحيض كَمَا هُوَ مَذْهَبنَا، أَو على الطُّهْر كَمَا هُوَ مَذْهَب الشَّافِعِي

Ҳукми муштарак он аст, ки ҳар гоҳ як (маъно) ба унвони мурод аз он лафз муайян бишавад, эътибори иродаи ғайри он соқит хоҳад шуд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки уламо (Худой раҳматашон кунад!) бар ин матлаб иттифоқи назар ва иҷмоъ кардаанд, ки лафзи “қуруъ”, ки дар китоби Худованди Мутаъол (Қуръон) зикр шудааст, ё ҳамл мешавад бар маънои “ҳайз” чунон ки назари (мазҳаби) мо ҳамин аст, ва ё (ҳамл мешавад) бар маънои “туҳр” (покӣ) ҳамон тавр ки назари Шофеӣ ин аст.”

Шарҳ: Ҳар гоҳ дар Қуръон ва ё ҳадис лафзе муштарак ворид шуда бошад, агар далеле дошта бошем, ки мурод аз он лафзро мушаххас созад, дар ин сурат, маъонии дигар аз эътибор соқит хоҳанд шуд. Мисли лафзи қуруъ (ҷамъи қуръ), ки дар Қуръони Карим омада ва аз лафзҳое аст, ки барои ду маънои мутазодд вазъ шуда ва муштарак аст байни маънои ҳайз ва туҳр (покӣ). Имом Абӯҳанифа (р) ва ба пайравӣ аз ӯ фуқаҳои ҳанафӣ мӯътақиданд, ки қуръ ба маънои ҳайз аст, вале Имом Шофеӣ (р) ва ба табаъи ӯ фуқаҳои шофеӣ бар ин боваранд, ки ба маънои туҳр (покӣ) аст.

Далели Шофеӣ бар ин ки қуръ ба маънои туҳр (покӣ) аст ин мебошад, ки мегӯяд: дар забони арабӣ ҳар гоҳ ҷамъи музаккар бо адад зикр шавад (мисли се мардҳо, чаҳор мардҳо ва ғайра), ададро ба сиғаи муаннас меоваранд, мисли салосату риҷолин ё арбаъату риҷолин ва ғайра, бар хилофи ҷамъи муаннас, ки ҳар гоҳ бо адад зикр шавад, адад музаккар оварда мешавад. Ва чун дар ояти мавриди назар мебинем, ки адади се дар салосату қуруъин (се қуръ), муаннас оварда шудааст, мефаҳмем, ки қуруъ (ҷамъи қуръ) ҷамъи музаккар будааст, на ҷамъи муаннас. Пас ба маънои атҳор, ки ҷамъи туҳр, ки музаккар аст мебошад, на ҳайзҳо, ки ҷамъи муаннас аст. Зеро, агар қуруъ ба маънои ҳайзҳо мебуд, бояд салосу қуруъин (на салосату қуруъин) меовард, чунон ки адад бо ҷамъи муаннас музаккар оварда мешавад.

Аммо далели касоне ки мегӯянд, қуруъ ба маънои ҳайзҳо аст ин аст, ки мегӯянд: агар мо қуруъ-ро ба маънои атҳор бигирем, лозимааш ин мешавад, ки ба хосси Қуръон, ки мегӯяд: то се қуръ интизор бикашед, амал нашавад. Чаро? Чун ки се қуръ дар ин сурат, се тои комил намешавад, балки дуюним мешавад; бад-ин шарҳ, ки талоқ бояд дар ҳолати туҳр (покӣ) сурат бигирад. Фарз кунед, марде дар ҳолати туҳр, ки одатан наздик ба як моҳ аст, занашро талоқ дод; масалан дар васатҳои туҳр занашро талоқ дод. Ва барои ин ки иддаашро комилан бубинад, бояд ду туҳри дигар интизор бикашад. Ду туҳри дигар, албатта ду туҳри комил хоҳад буд. Аммо чун аввалӣ як туҳри комил нест (чун ки дар васатҳои туҳр занашро талоқ додааст), аз ин рӯ, дар маҷмӯъ ду туҳри комилу як туҳри ноқис дидааст, на се туҳри комил. Ва бо ин, хосси Қуръон, ки мегӯяд: се қуръ, раҳо мешавад, ҳол он ки ҳамон тавр ки гуфтем, хосси Қуръон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ тарк гардад.

Ин, ба хилофи он аст, ки агар қуруъ-ро ба маънои ҳайзҳо бигирем, зеро зане, ки иддаашро дидааст, яъне дуюним туҳр дидааст, ҳатман се ҳайзро пушти сар мегузаронад; як ҳайз баъди интиҳои туҳре, ки дар он талоқ дода шудааст, ҳайзи дуюм баъд аз туҳри дуюм ва ҳайзи сеюм баъд аз туҳри сеюм.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.