Перейти к содержимому

Бинии Оли Сауд ба хок молида шуд

Фишорҳои рӯзафзуни нерӯҳои яманӣ дар марзҳои Арабистони Саудӣ, Оли Саудро ба даврагардӣ барои гадоии сулҳ бо Ансоруллоҳ водор кардааст. Тозатарин хабарҳо ҳикоят аз муҳосира шудани шаҳри Наҷрони Арабистон тавассути нерӯҳои мардумии Яман дорад. Бар асоси ин хабарҳо, низомиёни арабистонӣ аз пойгоҳи низомии Алмахруқ ба сурати дастаҷамъӣ фирор карданд ва ин пойгоҳ низ ба тасарруфи нерӯҳои мардумии Яман даромадааст.

Аз минтақаи Таъазз низ хабар мерасад, ки нерӯҳои мардумии таҳти амри Ансоруллоҳ тавонистаанд, мавозеъи гурӯҳи теруристии Алқоъида дар ин минтақаро ба тасарруф дароваранд ва теруристҳои Алқоъидаро халъи силоҳ кунанд. Ин пирӯзиҳои низомӣ дар ҳоле насиби нерӯҳои мардумии Яман мешавад, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Оли Сауд ҳамчунон дар ҳоли бомбборони шаҳрҳои мухталифи Яман ҳастанд ва ҷиноёти Арабистон ҳамчунон алайҳи мардуми Яман идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, манобеи огоҳ аз дохили Арабистон хабар медиҳанд, Муҳаммад ибни Салмон, вазири дифои ин кишвар дар сафар ба Маскав, аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия хостааст, ки аз Эрон бихоҳад Ансоруллоҳи Яманро ба пазириши оташбас бидуни он ки Арабистон аз Яман узрхоҳӣ кунад, розӣ намояд. Ҳамин манобеъ гуфтаанд, Путин чунин иқдомеро ба имзои қарордоди мутаваққифшудаи хариди таслиҳот аз Русия, афзоиши қимати нафт ва низ иҷрои тавофуқномаи фурӯши силоҳ ба Миср бо пули Арабистон, ки мутаваққиф шуда буд, машрут сохтааст. Ин манбаъ мегӯяд: “Қарордоди фурӯши нафти Арабистон ба Русия беш аз 10 милёрд дулор аст, ки дар замони Малик Абдуллоҳ ба мароҳили поёнии худ расида буд, аммо дар замони Малик Салмон бар асари фишори Омрико мутаваққиф шуд.”

Бар асоси иттилооти фошшуда тавассути манобеи дохилии Арабистон, қарордоди фурӯши силоҳи русӣ ба Миср, беш аз 7 милёрд дулор арзиш дорад. Ин манобеъ душвортарин бахши хостаҳои Русияро афзоиши қимати нафт ҳамроҳ бо коҳиши тавлиди нафт тавассути Арабистон медонанд, ки бо ҳадафи зери фишор қарори додани Эрон барои имзои тафоҳумномаи ҳастаӣ ва водор кардани Русия ба хуруҷ аз Укройн анҷом шуда буд. Ҳамин манобеъ меафзоянд: “Иқтисоди Арабистон таҳаммули коҳиши тавлиди нафт ба далели афзоиши ҳазинаҳоро надорад, зеро тайи 4 моҳи аввали соли ҷорӣ касрии будҷа ба як чаҳорум трилён дулор расидааст.”

Воқеиятҳое, ки имрӯз яке пас аз дигарӣ буруз мекунанд ва ҳамагӣ ҳикоят аз шикасти қатъии Оли Сауд дар таҳоҷуми низомӣ ба Яман доранд, аз рӯзи аввали ин таҳоҷум комилан мушаххас буд. Сарони режими Арабистон таҷрибаҳои равшане аз рӯёрӯии низомӣ бо мардуми Яман дар даҳаҳои гузашта доштанд, ки агар ҳамон таҷрибаҳоро мурур мекарданд, ба ин натиҷа мерасиданд, ки вуруд ба ҷанг бо Яман, ба зиёни онҳо хоҳад буд.

Оли Сауд бо вуруд ба ҷанги Яман, дучори зиёнҳои зиёде шуданд, ки гирифтории касрии будҷаи як чаҳорум трилён дулорӣ фақат бахши кучаке аз он аст. Зиёни бузургтар, суст шудани бунёни ҳокимияти хонадони Саудӣ дар Арабистон аст, ки акнун бо ҷанги пинҳони қудрат дар дохил ва нигоҳи манфӣ аз хориҷ мувоҷеҳ аст. Шоҳи ҷадиди Арабистон бар хилофи подшоҳони собиқ бидуни он ки ба оқибати тасмимоти худ фикр кунад, вориди ҷанге шуд, ки аввалан, хориҷ шудан аз он бисёр душвор аст ва сониян, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ба суқути Оли Сауд ва поён ёфтани ин хонадон дар Арабистон бианҷомад. Ҳамакнун мухолифатҳои шадиде дар дохили Арабистон тавассути қишрҳои мухталиф ба вижа равшанфикрон ва донишгоҳиён дар ҷараён аст, ки контроли онҳо аз ӯҳдаи Оли Сауд хориҷ аст ва бо истимдод аз қудрат ва ба коргирии силоҳ низ наметавонад аз паси он барояд.

Болотарин зиёне, ки Оли Сауд аз вуруд ба ҷанги Яман мутаҳаммил шуда, канор рафтани ниқоби дурӯғини “Ходими Ҳарамайни Шарифайн” будан аз чеҳраи ин хонадон аст. Чеҳраи Оли Сауд то қабл аз ҷанги Яман низ барои бисёре аз мусалмонон, чӣ дар дохили Арабистон ва чӣ дар соири кишварҳои исломӣ, комилан шинохта шуда буд, вале ҷиноятҳое, ки ин хонадон дар Яман муртакиб шуданд, чеҳраи ононро ҳатто назди он даста аз мусалмонон, ки бо диде мусбат ба Оли Сауд нигоҳ мекарданд низ ифшо кард. Акнун тамоми мусалмонон бо ин суоли бузург рӯ ба рӯ ҳастанд, ки аносури ҷинояткоре, ки ба хотири султа бар кишваре дигар, ҳозир мешаванд кӯдакон ва занонро ба хоку хун бикашанд, масоҷидро бо хок яксон кунанд, бемористонҳоро нобуд намоянд, зерсохтҳоро аз байн бибаранд ва ҳатто ба мардуми муҳосирашуда раҳм накунанд, чӣ гуна шоистагии идораи муқаддастарин амокини исломиро метавонанд дошта бошанд? Муҳимтар он ки Оли Сауд ин ҷиноётро дар моҳи Раҷаб, ки яке аз моҳҳои ҳаром аст муртакиб шуда ва дар моҳи Рамазон низ ба ҷиноёт идома дода ва мардуми рӯзадорро бо забони рӯза ва ҳангоми саҳар ва ифтор ба шаҳодат расондааст.

Муқовимати мардуми Яман дар баробари ин ҷиноёт ва пешравии нерӯҳои мардумии Яман дар ҷабҳаҳои заминӣ, ба Оли Сауд фаҳмондааст, ки дучори муҳосиботи комилан ғалате буда ва акнун чорае ғайр аз пазириши шикаст надорад. Тавассули Муҳаммад ибни Салмон, вазири дифоъ ва валиаҳди дуввуми шоҳи Арабистон, ки яке аз аслитарин омилҳои таҳоҷуми низомии Арабистон ба Яман мебошад, ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, нишон дод, ӯ ва падари тозашоҳшуда ва бетаҷрибааш дар ботлоқи Яман дасту по мезананд ва барои наҷот ёфтан аз ин ботлоқ ҳеч чорае ғайр аз зону задан дар баробари иродаи мардуми Яман надоранд.

Ин, сарнавишти ҳамаи золимон аст, ки дер ё зуд, ба кайфари аъмоли худ мерасанд ва Оли Сауд акнун дар аввалин марҳила аз дидани кайфари ҷиноятҳое аст, ки муртакиб шуда ва бояд дар интизори кайфарҳои шадидтар бошад.

Jomhourieslami

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: