Перейти к содержимому

Саранҷоми “курсиҳои риёсати ҷумҳурӣ” дар Осиёи Миёна

Соҳибназарони сиёсӣ ва таҳлилгарони расонаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, бо таваҷҷӯҳ ба сохтори қудрат дар кишварҳои Осиёи Миёна, ояндаи ин кишварҳо баъд аз поён ёфтани даврони раисони ҷумҳури кунуниро мавриди баҳс қарор дода ва барои он се сенорию пешбинӣ кардаанд.

Аз раисони ҷумҳури панҷ кишвари Осиёи Миёна, се нафарашон беш аз 22 сол аст, ки як тана қудратро дар ихтиёр доранд, ду нафарро низ яке марг ва яке ҳам шӯришҳои мардумӣ аз арикаи қудрат ба зер овард ва қудрат ба афроди дигар супурда шуд.

Агарчӣ ба зоҳир ва бар асоси қонун, равиши мавҷуди ҳукуматдорӣ дар ин кишварҳо бар асоси меъёрҳои демукросӣ ва ҷумҳурият аст, аммо дар амал ба назар мерасад, ки бархе аз раҳбарон ҳамчунон дар талош барои ҳифзи қудрат ва идомаи давлатдорӣ барои худ ва вобастагонашон ҳастанд. Бархе соҳибназарон, бетафовутии сиёсии мардуми ин кишварҳо ва суннатӣ будан ва заъфи аҳзоби ин минтақаро аз омилҳои муҳимми бақои шеваи ҳукуматдории феълӣ дар бархе кишварҳои Осиёи Миёна унвон мекунанд.

Раҳбарони Қазоқистон ва Ӯзбакистон аз оғози даҳаи 1990 то кунун тағйир накарда ва зимоми қудратро дар тӯли ин муддат Нурсултон Назарбоеви 74-сола ва Ислом Каримови 77-сола дар даст доранд.

Назарбоев дар интихоботи ахири риёсати ҷумҳурии кишвараш бо беш аз 97 дар сад ва Каримов, қадимитарин раисиҷумҳури кишварҳои Осиёи Миёна, бо 91 дар сад орои ширкаткунандагон пирӯз эълом шуданд.

Дар Тоҷикистон низ Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 сол аст риёсати ҷумҳуриро дар ихтиёр дорад, бо ислоҳи қонуни асосии ин кишвар дар ноябри 2006, давраи риёсати ҷумҳуриаш аз 5 сол ба 7 сол афзоиш ёфт. Дар охирин интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар, вай баранда эълом шуд ва метавонад то соли 2020 бар маснади риёсати ҷумҳурии ин кишвар боқӣ бимонад.

Дар Туркманистон низ дар соли 1999 Сафармурод Ниёзов ба унвони раисиҷумҳури модомулумри ин кишвар эълом шуд, аммо дар 21 декабри соли 2006 ба далели бемории қалбӣ дучори марги ғайримунтазира шуд ва билофосила Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба унвони раисиҷумҳур интихоб шуд. Ҳамакнун ӯ ҳамчунон қудрати аввалро дар кишвар дар даст дорад.

Дар Қирғизистон, кучактарин кишвари Осиёи Миёна низ, Аскар Оқоев аз оғози истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 то соли 2005 қудратро дар даст дошт ва мехост то поёни умр дар мақоми риёсати ҷумҳурӣ бошад, аммо ба дунболи маҷмӯае аз шӯришҳо ба раҳбарии Қурбонбек Боқиев ҳукумати вай сарнагун шуд.

Боқиев пас аз ин шӯриш ба ҷойи Оқоев ба риёсати ҷумҳурӣ расид. 5 сол баъд дар соли 2010 мардуми Қирғизистон дар эътироз ба фасоди молӣ ва гаронии қимати барқ ба хиёбонҳо рехтанд ва давлати Қурбонбек Боқиевро низ сарнагун карданд ва акнун Олмосбек Отамбоев раисиҷумҳури ин кишвар аст, ки гӯё қасди мондан дар қудратро надорад.

Акнун Қирғизистон танҳо кишвари Осиё Миёна аст, ки дорои як низоми порлумонӣ аст, ба ҳамин хотир нақши раисиҷумҳур камранг шудааст.

Ағлаби ҳокимони Осиёи Миёна реша дар ҳизби кумунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ доранд. Онон дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ барои муддатҳои тӯлонӣ қудратро дар ихтиёри худ доштанд.

Ба гуфтаи соҳибназарон, қарор гирифтани ин афрод ба сурати пай дар пай дар мақоми риёсати ҷумҳурӣ, пояҳои ҳукумати демукротикро дар ин кишварҳо дигаргун сохта ва ин минтақаро дар оянда бо душвориҳое рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Дар мавриди вазъияти сиёсии ояндаи кишварҳои Осиёи Миёна сенориюҳои гуногуне матраҳ мешавад, аз сенориюи “интиқоли қудрат ба фарзандон” гирифта то “вазъияти мушобеҳи Укройн” ва ё табдил ба вазъияте монанди Афғонистон.

“Интиқоли қудрат аз падарон ба фарзандон ва хешовандон” дар Осиёи Миёна, фарзияе аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба сохторҳои қавмӣ ва фарҳангӣ, эҳтимоли таҳаққуқи он бештар вуҷуд дорад.

Таҷрибаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки ҳамвора ҷонишинони мақомҳои муҳимми сиёсӣ аз миёни хонаводаҳои раисони ҷумҳур бархостаанд. Мушобеҳи ин вазъият дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2003 рух дод ва Ҳайдар Алиев раисиҷумҳури собиқи Озарбойҷон калиди ҳукуматро ба дасти писараш Илҳом Алиев супурд.

Аммо Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҳеч як мисли Ҳайдар Алиев вориси ҳақиқӣ ва омода барои идомаи роҳашон надоранд. Вале барои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, чунин гузинае вуҷуд дорад ва он шахс, фарзанди аршадаш Рустам аст.

Бар асоси гумоназании расонаҳои маҳаллӣ, Эмомалӣ Раҳмон қасд дорад, баъд аз итмоми даврони риёсаташ, Рустам, писари бузургашро ҷонишини худ муаррифӣ кунад.

Интисоби Рустами Эмомалӣ аз сӯи падараш дар мақомҳои олирутбаи давлатӣ, ин тасаввурро дар зеҳнҳои сиёсатмадорон эҷод кардааст, ки Эмомалӣ вайро барои риёсати ҷумҳурии кишвар омода мекунад.

Раҳбари Қазоқистон, ки фарзанде барои маврусӣ кардани ҳукумат надорад, ду сол пеш бар сари баҳс дар ояндаи раҳбарии ин кишвар гуфта буд, ки танҳо дар шароите аз ҳукумат канор хоҳад рафт, ки қудрат ба яке аз наздиктарин вобастагонаш, ки як мансаби болои ҳукуматӣ дорад, супурда шавад.

Дар Туркманистон баъд аз марги Сафармурод Ниёзов маъруф ба “Туркманбошӣ” дар моҳи декабри 2006, бузургони сиёсии ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро, ки дар он замон барои мардуми оддӣ ношинохта буд, барои риёсати ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Акнун тақрибан 9 сол аст, ки вай қудратро дар даст дорад.

Вазъияте, ки дар Туркманистон барои тасоҳуби қудрат рух дод, ба эҳтимоли зиёд барои Ӯзбакистон низ рух хоҳад дод. Рустам Иноятов, раиси Идораи Амнияти Миллии Ӯзбакистон ва Рустам Азимов, Вазири молиёт, аз гузинаҳои ҷонишинии Ислом Каримов ном бурда мешавад.

Сенориюи эҷоди беназмӣ ва иғтишош назири рухдоди Укройн ва ё Афғонистон низ дар мавриди Осиёи Миёна вуҷуд дорад. Афзоиши ифротигарӣ дар Ӯзбакистон ва рушди гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар, ба таҳаққуқи ин фарзия доман задааст, ба тавре ки ин ҳарос вуҷуд дорад, ки Ӯзбакистон ба маҳалли ҷавалони ин гурӯҳҳо монанди Афғонистон табдил шавад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, мушкили умдаи ағлаби ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, набуди ҷомеаи маданӣ ва сохтори сиёсии дур аз шиъорзадагӣ аст.

Бархе мӯътақиданд, ки вазъияти феълии қудрат дар Осиёи Миёна нашъатгирифта аз даврони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст ва бо поёни ин давраи гузар, авзоъ ба тадриҷ ба самти демукросӣ шудан пеш хоҳад рафт.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари умури сиёсӣ гуфтааст: “Мушкили Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна, низоми идории онҳост ва бар ҳамин асос раисони ҷумҳур низ ба ин низоми худкома одат кардаанд, ба тавре ки дар мавриди муҳимтарин мавзӯоти кишвари худ тасмимгирӣ мекунанд, ки албатта ин мавзӯъ ҳошияи ноамне барои қудрати онҳо ба вуҷуд хоҳад овард.”

Ба гуфтаи таҳлилгарон, аксари кишварҳои минтақа имрӯз бо падидаҳои ғайриқобили қабуле монанди фақр, бекорӣ ва фасоди давлатӣ даст ба гиребон ҳастанд ва ниёзманди ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсии лозим барои рафъи ин мушкилот мебошанд.

Минтақаи Осиёи Миёна, ки ҳеч гуна роҳе ба обҳои озоди ҷаҳон надорад, бо ҳудуди 65 милюн нафар ҷамъият дарбардорандаи кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: