Перейти к содержимому

Нахуствазири Ҳинд бо “ҳадияҳои форсӣ” ба Осиёи Миёна меояд

Нахуствазири Ҳинд 6 июли соли ҷорӣ бо кӯлаборе аз ҳадияҳои торихӣ ва фарҳангӣ аз ҷумла осори адабии Ҳинд ба забони форсӣ, ба Осиёи Миёна меояд, то равобити Деҳлиро бо панҷ кишвари ин минтақа тавсиъа диҳад.

Нориндро Мудӣ сафари худро ба Осиёи Миёна дар торихи 6 июл оғоз мекунад ва дар муддати ҳашт рӯз ба тартиб аз кишварҳои Ӯзбакистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дидан мекунад.

Чунин сафаре, дар торихи Ҳинд, пеш аз ин танҳо тавассути Ҷавоҳирлаъл Неҳру, аввалини нахуствазири Ҳинд, дар моҳи июни 1955 яъне 60 сол пеш сурат гирифта буд. Неҳру дар сафараш ба Шӯравии собиқ, кишварҳои Осиёи Миёнаро, ки дар он замон ҷумҳурҳои вобаста ба Иттиҳоди Чамоҳири Шӯравӣ буданд, бо қатор паймуд.

Мудӣ барои исботи ҳусни нияти худ, қарор аст дар ин сафар ашёи торихӣ ва фарҳангӣ ба мизбонон ҳадия кунад, ки дар миёни онҳо гузидае аз осори адабии Ҳинд, ки барои ин сафар ба форсӣ тарҷума шудааст низ вуҷуд дорад.

Нусхаи бахшҳое аз китоби “Ойинаи акбарӣ”, сиккаҳое аз давраи имперотурии кушонӣ ва муҷассамаҳои торихии он даврон, аз ҷумлаи ҳадияҳои нахуствазири Ҳинд ба сарони кишварҳои Осиёи Миёна хоҳад буд.

Ҷалолуддин Муҳаммад Акбар маъруф ба Акбаршоҳи Гурконӣ, ки тайи солҳои 1556 то 1605 бар Ҳинд ҳукумат кард, сеюмин подшоҳ аз силсилаи Гуркониён ё имперотурии муғулии Ҳинд аст, ки дар Ҳиндустон бо номи Муғули Аъзам ё Акбари Кабир номида мешавад. Ӯ яке аз маҳбубтарин ва таъсиргузортарин подшоҳони Ҳинд ба шумор меравад.

Забони расмии силсилаи Гуркониёни Ҳинд форсӣ буд ва дар давраи Акбаршоҳ, ки модаре эронӣ дошт, адабиёти форсӣ ва ҳунар дар Ҳиндустон ба авҷи шукуфоии худ расид. Яке аз муҳимтарин осори адабии давраи ӯ, китобе ба номи “Акбарнома” дар бораи зиндагии худи ӯст, ки тавассути Абулфазл ибни Муборак, вазираш навишта шудааст. Абулфазл, ки яке аз 9 ҷавоҳири дарбор хонда мешуд, китоби дигаре низ ба дастури Акбаршоҳ таълиф кард, ки ба “Айни акбарӣ” машҳур аст.

“Акбарнома” ба далели сабки нигориш ва сабти вақоеъи торихӣ, манбаи адабӣ ва торихии боарзише ба забони форсӣ маҳсуб мешавад.

Манобеи хабарии Ҳинд то кунун бахшҳое, ки дар бораи Фотеҳпур Сикрӣ, ки дар “Акбарнома” (Ойинаи акбарӣ) омада ва сиккаҳое кушониро ба таври қатъ ҷузъи ҳадияҳои нахуствазир унвон кардаанд.

Имперотурии кушонӣ ҳамсояи шарқии имперотурии Эрон дар давраи Ашкониён буд, ки аз соли 60 то 375 милодӣ тавассути қавми кушон бар Осиёи Миёна ва шимоли Ҳинд фармонравоӣ мекарданд. Қаламрави Кушониён дар садаи сеюми милодӣ ба дасти Сосониён афтод. Дар ин имперотурӣ, дини будоӣ ривоҷ дошт ва тандисҳои Будои Бомиёни Афғонистон ёдгори он давра аст. Сиккаҳо ва муҷассамаҳои давраи Кушон акнун дар музейи миллии Деҳлӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ангезаҳои Ҳинд барои густариши равобит бо Осиёи Миёна

Сафари нахуствазири Ҳинд ба Осиёи Миёна дар ҳоле сурат мегирад, ки Чин тамаркузи бештаре бар ин минтақа дорад ва ҳузури Омрико дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳоли камранг шудан аст.

Мудӣ дар миёнаи сафари худ барои ширкат дар Иҷлоси иқтисодҳои навзуҳури Брикс (шомили Бразил, Русия, Ҳинд, Чин ва Офриқои ҷанубӣ) ба Русия хоҳад рафт. Ин иҷлос рӯзҳои 9 ва 10 июл дар шаҳри Уфа баргузор мешавад.

Соҳибназарони ҳиндӣ мегӯянд, Деҳлӣ далоили мутаъаддиде барои тақвияти равобити худ бо Осиёи Миёна дорад. Илова бар далоили иқтисодӣ ва таъмини энержӣ, густариши падидаи ифротигарӣ ва нуфузи ДОЪИШ дар кишварҳои минтақа, мӯҷиби нигаронии Ҳинд шудааст.

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, дар ин сафар илова бар ҳамкории Ҳинд бо кишварҳои Осиёи Миёна дар заминаи энержӣ ва масоили амниятӣ, чорчӯби ҳамкориҳои минтақаӣ барои эҷоди субот дар Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Хатти интиқоли Пули хумрӣ, ки барои интиқоли энержӣ аз вилояти Бағлон ба Кобул тавассути Ҳинд сохта шуд, намоде аз густариши ҳамкории Ҳинд ва Ӯзбакистон дар заминаи Афғонистон аст.

Тоҷикистон низ бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъияти ҷуғрофиёияш барои сиёсати осиёи миёнаии Ҳинд бисёр ҳаётӣ аст, ба вижа он ки танҳо пойгоҳи низомии хориҷии Ҳинд дар Тоҷикистон қарор дорад.

Ба навиштаи расонаҳои ҳиндӣ, дар ҷараёни дидори Мудӣ аз Туркманистон ва Қазоқистон, мавзӯи ҳамкориҳои ҳавзаи энержӣ матраҳ хоҳад шуд. Ин энержиҳо шомили энержии атомӣ, нафт ва гоз аст.

Ҳамчунин, имкони анҷоми ҳамкориҳои фазоӣ дар ин дидорҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Тадовуми рақобат бо Чин

Муҳимтарин ҳадафи ин сафар таҳкими равобити роҳбурдӣ ва ҳамкорӣ дар ҳавзаи энержӣ, содирот ва рақобат бо Чин дар минтақа унвон шудааст.

Ши Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин низ дар соли 2013 аз ҳамаи ин кишварҳо дидан карда буд. Дар он сафар эътои милёрд дулор вом ба ин кишварҳо барои эҷоди зерсохтҳои интиқоли энержӣ эълом шуд. Як сол пас аз он, Русия ва Чин аз сохти хатти лӯлаи гози 400 милёрд дулорӣ парда бардоштанд, ки миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна кашида мешавад.

Мудӣ, ки ба тозагӣ аз Чин дидор карда, акнун метавонад имкони эҳёи ҷодаи абрешим ва кор дар минтақаи Осиёи Миёна бо ҳамкории Чинро баррасӣ кунад. С.Ҷ.Шонкор қоиммақоми Вазорати умури хориҷаи Ҳинд, дар Пекин дар бораи камарбанди иқтисодии ҷодаи абрешим ё “як камарбанд, як роҳ”, ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин мавзӯъ бояд ба таври густарда миёни Ҳинд ва Чин мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирад.

Сафари Мудӣ ба минтақаи Осиёи Миёна аз ин назар муҳим талаққӣ мешавад, ки вай аз бештари кишварҳое, ки дар барномаи ҷодаи абрешими Чин ҳастанд, дидан мекунад.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: