Салафият

Таҳдиди ДОЪИШ ба Ҳамос ва посухи Ҳамос ба ин таҳдид

Гурӯҳи такфирии ДОЪИШ бо интишори наворе, таҳдид кард, ки борикаи Ғаззаро ба яке аз манотиқи таҳти нуфузи худ табдил хоҳад кард. Сухангӯи ҷунбиши Ҳамос дар вокуниш ба таҳдиди ДОЪИШ гуфт, иқдомоте аз ин навъ ба суди режими саҳюнистӣ тамом мешавад ва дар воқеъ онҳо ба сурати ройгон ба ин режим хидмат мекунанд.

Гурӯҳи такфирии ДОЪИШ рӯзи сешанбе таҳдид кард, ки навори Ғаззаро ба яке аз манотиқи таҳти нуфузи худ дар Ховари Миёна табдил хоҳад кард ва Ҳамосро канор хоҳад зад. Бар асоси гузориши хабаргузории Ройтерс, ДОЪИШ дар идома Ҳамосро ба он чӣ “адами иҷроии кофии шариат” номид, муттаҳам кард.

Дар паёми ДОЪИШ омадааст: “Ба хости Худо давлати яҳуд ва шумо (Ҳамос) ва Фатҳ ва тамоми бединҳоро решакан мекунем ва шариатро дар Ғазза иҷроӣ мекунем.”

Вокуниши Ҳамос

Сухангӯи ҷунбиши Ҳамос дар вокуниш ба баёния ДОЪИШ гуфт, ҳадаф тахриби чеҳраи Ҳамос дар афкори умумӣ аст, аммо ин ҷунбиши таваҷҷӯҳе нахоҳад кард. Мушир ал-Мисрӣ, сухангӯи ҷунбиши Ҳамос гуфт: “Ҷунбиши Ҳамос, як ҷунбиши муқовимат ва хатти муқаддами ҷабҳаи муқовимат ва мубориза бо режими саҳюнистӣ аст ва то абад ба роҳи худ яъне мубориза бо режими ишғолгар идома медиҳад.”

Бино ба гузориши Қудсуно, Мушир ал-Мисрӣ афзуд: “Ҳамос дар муборизаҳои худ бо режими саҳюнистӣ, тавонист навори Ғаззаро аз чанголи режими саҳюнистӣ озод кунад ва садҳо зиндонии фаластиниро аз банди асорати режими саҳюнистӣ бираҳонад.”

Вай гуфт: “Ҳамос ҷунбише аст, ки ба масъалаи Фаластин имон дорад ва барои озодии ин сарзамин аз наҳр то баҳр талош мекунад.”

Ал-Мисрӣ тасреҳ кард: “Ҳадаф аз интишори ин навор, тахриби чеҳраи ҷунбиши Ҳамос дар афкори умумӣ аст, аммо ин ҷунбиш бидуни таваҷҷӯҳ ба ин иқдомот ва то замоне ки битавонад ба ҳадафи ниҳоии худ яъне озодии сарзамини Фаластин бирасад, ба роҳи худ идома медиҳад.”

Сухангӯи Ҳамос дар идомаи изҳорати худ хотирнишон кард: “Режими саҳюнистӣ бештарин судро аз ин иқдомот, ки барои тахриби чеҳраи Ҳамос анҷом мешавад, мебарад, чаро ки ин режим ҳамеша барои аз байн бурдани ин ҷунбиши талош мекунад.”

Ал-Мисрӣ дар идома хитоб ба касоне ки барои тахриби чеҳраи Ҳамос талош мекунанд гуфт: “Касоне ки иддаъо мекунанд тарафдори ислом ҳастанд, бидонанд, ки иқдомоте аз ин навъ ба суди режими саҳюнистӣ тамом мешавад ва дар воқеъ онҳо ба сурати ройгон ба ин режим хидмат мекунанд.”

Ал-Мисрӣ афзуд: “Режими саҳюнистӣ душмани аслии тамоми мусалмонон аст ва ҳар кас иддаъои дифоъ аз исломро дорад ва бихоҳад бо душманони он биҷангад, набояд фарзандони уммати худро мавриди ҳадаф қарор диҳад ва режими ишғолгари Қудсро ба ҳоли худ раҳо кунад.”

Вай дар поёни изҳороти худ таъкид кард: “Ҳар кас барои тахриби чеҳраи Ҳамос талош мекунад ва хоҳони мубориза бо ин ҷунбиш аст, арзишҳоро фаромӯш карда ва ба роҳи каҷ мунҳариф шудааст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.