Перейти к содержимому

Ҳама дар Вен мунтазири дуди сафед ҳастанд

Ёддоште дар Al-monitor

Абрҳои Вен шабеҳи вазъияти музокироти ҳастаӣ аст, ки дар зери осмони ин шаҳр баргузор мешавад. Барои лаҳазоте боронӣ аст, сипас офтобӣ мешавад. Танҳо чанд музокиракунанда дар беруни меҳмонхонаи Кобург — ҷое ки Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар охирин давр аз музокирот дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд — дида мешаванд.

Ҳама мунтазири дуди сафеде ба сабки Вотикон ҳастанд, то се даҳа таниш миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон поёне хуш дошта бошад. Бо ин ҳол, дар сурате ки ҳеч иродаи сиёсии воқеӣ вуҷуд надошта бошад, ин ҳам як руъёи тобистонӣ хоҳад буд. Бо таваҷҷӯҳ ба авзоъи атрофи музокирот, имрӯз муомила эҳтимоли зиёд дорад. Ва бо ин вуҷуд, шикасти музокирот мӯҷиби нобудии созукорҳое мешавад, ки то кунун ба вуҷуд омадааст ва дар он сурат, наздик шудани ду тараф дар ояндаи наздик маҳол хоҳад буд.

Дар утоқи музокирот намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва Эрон рӯ ба рӯи якдигар нишастаанд ва дар баъзе аз авқот намояндагони Фаронса, Бритониё, Олмон, Русия ва Чин ҳам ба онҳо мулҳақ мешаванд. Хеле кам пеш меояд, ки калимае аз чиниҳо шунида шавад, ба ҷуз дар мавоқеъе, ки хостори талоши бештар барои роҳкорҳои беҳтар мешаванд. Русҳо ҳам ғайрифаъол ва ҳамчун чиниҳо нозирони сокит ҳастанд.

Бритониё ҳам ба ҳамроҳи Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса, ағлаб ба унвони мушкилсоз ифои нақш мекунад. Бо ин ҳол, дар ин давр аз музокирот, Фаронса то ҳудуде сокит аст ва ба назар мерасад, ки Олмон ба дунболи расидан ба назароти вижаи худаш аст. Доштани чунин рӯйкардҳое мӯъзалоти ҷиддӣ ба вуҷуд меоварад.

Поёни мӯҳлати 30 июн барои тавофуқ ба маънои вуқӯъи иттифоқи баде нест. Яке аз мақомоти эронӣ ба Al-monitor мегӯяд: “То онҷо ки мо медонем, вазъият ҳушдордиҳанда нест. Мо ҳанӯз манофеъи муштараке дорем. Ҳиссе, ки дар берун вуҷуд дорад ин аст, ки ин ҷо шароит бӯҳронӣ аст, аммо ин тавр нест, мо иштирокоте дорем ва метавонем бо якдигар кор кунем.”

Ин мақом таъкид мекунад, ки ҳамеша суитаъбирҳое дар бораи иқдомот вуҷуд дорад ва расонаҳо нақши бузурге дар ин замина ифо мекунанд. Ба унвони мисол, вай ба ҳадсу гумонҳое, ки дар бораи сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба вуҷуд омад, ишора мекунад. Сафари Зариф ба Теҳрон суолоти бисёреро дар Вен матраҳ кард ва иддае онро тарси Эрон аз мавонеъи омрикоиҳо тафсир карданд. Аммо манобеи расмӣ ин масъаларо такзиб карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки тими Эрон бархе аз масоили калидӣ ва мавонеъеро, ки дар ҷаласаи музокирот вуҷуд дорад, эълом карда ва ин мисли як роз нест. Фарду яке аз масоил аст, дигаре таҳримҳост ва чанд масъалаи дигар ҳамчун абъоди эҳтимолии низомӣ ҳам вуҷуд доранд.

Ин мақоми эронӣ таъкид мекунад, ки лаҳзаи доштани садоқат фаро расида ва Иёлоти Муттаҳида набояд дар гузашта боқӣ бимонад ва бояд аз ин фурсат барои шурӯъи як даврони ҷадид истифода кунад. “Мо умедворем, ки Иёлоти Муттаҳида бояд ин мавзӯъро ҷиддӣ бигирад, чун мо мӯътақидем, ки ин масъала ба мо дар як фароянди баландмуддат кӯмак мекунад. Ҳалли парвандаи ҳастаӣ дарҳоро барои ҳалли дигар мавзӯъот боз мекунад.”

Вай дар идома мегӯяд: “Тавофуқи бурд-бурд ба ин маъност, ки ду тараф дар қисматҳое пирӯзӣ ба даст биёваранд. Мо гуфтаем, ки барои анҷоми ҳар коре, ки мумкин бошад, омодаем. Аммо дар ин фароянд набояд осебе ба донишмандон ва амнияти миллии мо ворид шавад. Онҳо хоҳони мулоқот бо донишмандони эронӣ ҳастанд, дар ҳоле ки мо таҷрибаи кушта шудани донишмандонамонро дорем. Бинобар ин, мо хоҳони тавофуқе, ки ҷони мардумамонро ба хатар биандозад, нестем.”

Ин музокиракунандаи эронӣ дар бораи таҳримҳо мегӯяд: “Мо чорчӯбе мушаххас барои ҳалли он дорем ва ин як бозии бепоён нахоҳад буд. Мо содда нестем, агар таҳримҳо ба сурати ҳамзамон бардошта нашавад, мо ҳам ҳар замон, ки онҳо хостори мавзӯи ҷадиде шаванд, мегӯем, қодир ба анҷоми он нестем.”

Al-monitor

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: